МУХТАСАР ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИЮ ИҶТИМОИИ ЗАНОН ДАР ЗАМОНҲОИ ГУЗАШТА ВА ИМРӮЗ

Қисми 2.

Дар Ҳинди Қадим ба духтарон ҳанӯз аз айёми ноболиғӣ санъати камасутра ё фоҳишагарӣ таълим дода мешуд ва баъди ба балоғат расидан онҳо ҳамчун фоҳишаҳои касбӣ ба маъбади Вишну қабул карда шуда дар ихтиёри  ҳар марде аз ҳар дилхоҳ табақаи иҷтимоӣ-каставии Ҳинди Қадим қарор мегирифтанд. Гап дар сари он аст, ки дар дини ҳиндуия  амали фоҳишагарӣ бо номи «анъанаи девадаси» маъмул буд ва ҳамчун навъе аз ибодат маҳсуб мешуд.

Бинобар ҳамин фоҳишагарӣ дар Ҳинди Қадим хеле ривоҷ дошт ва на танҳо табақаҳои камбағал, балки оилаҳои ашрофу сарватмандро низ фаро гирифта буд. Соли 1988 анъанаи девадаси қонунан манъ карда шуд, аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин анъана ҳанӯз ҳам дар қисмати ҷанубии Ҳиндустон, алахусус, дар штати Карнатак мисли пештара ривоҷ дорад. Масалан, рӯзноманигори амрикоӣ Сара Херрис филми мустанадеро бо номи «Фоҳишаҳо аз ҷониби Худо» (Проститутки от Бога) ба навор гирифтааст, ки он аз 4 қисм иборат мебошад. Филми мазкур дар бораи духтароне нақл мекунад, ки онҳоро волидонашон ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ ба олиҳа Девадаси бахшидаанд ва минбаъд ин духтарон маҷбур шудаанд, ки тамоми умр ба танфурӯшӣ ва фоҳишагарӣ машғул шаванд. 

Муаллифи ин филми мустанад зимни мусоҳибаи худ бо мухбири рӯзномаи «The Independent» чунин нақл мекунад, ки  дар моҳи феврали соли 2008 ба таҳқиқи анъанаи девадаси  шурӯъ карда, дар аввал бо чанде аз ҷавонзанони фоҳиша ҳамсӯҳбат шудааст ва минбаъд ин анъанаро бевосита таҳқиқ карда, дар бораи он филми мустанади худро ба навор гирифтааст. Тибқи иттилои ин муаллиф, ҳамаи ин духтарони бадбахтро волидонашон ба маъбадҳо барои омӯхтану  аз худ кардани анъанаи девадаси супоридаанд. Аксарияти онҳо ба таври  маҷбурӣ, ё аз ноилоҷӣ фоҳишагариро касб кардаанд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти Сара Херрис, «дар ибтидо, дар оғози зуҳури анъанаи девадаси, духтарону заноне, ки ба ин анъана бахшида мешуданд, ба табақаи ашроф ва ҳатто хонадони шоҳон тааллуқ доштанд. Онҳо дар фарҳанги ҳиндӣ мақоми махсус доштанд: баъзеи онҳо ҳамчун раққосаҳои моҳир, гурӯҳи дигари онҳо ҳамчун шоираву адиб, ё санъаткору ҳунармандони чирадаст машҳур шудаанд. Онҳо дар мабъад зимни баргузории маросими дини ҳиндуӣ вазифаҳои махсусро иҷро мекарданд, ҳаёти зоҳидона ва порсоёна ба сар мебурданд ва ба фоҳишагарӣ машғул намешуданд. Аз ин рӯ, дар таърихи дини ҳиндуия онҳо ҳамчун занони ботақво ва покдоман машҳур шудаанд. Аммо, дар замони муосир анъанаи девадаси – анъанаи табақаҳои поёнӣ ва камбизоати ҷомеаи ҳиндӣ, асосан, табақаи мадига (муртадҳо, ради маъракашудаҳо)  ба шумор меравад.

Вазъу шароити иҷтимоии занону духтарони чунин табақаҳои иҷтимоӣ хеле маҳдуд мебошад. Онҳо танҳо метавонанд ё ба корҳои сахти арзонмузди ҷисмонӣ, ё фоҳишагарӣ машғул шаванд. Азбаски, фоҳишагарӣ нисбат ба касбу корҳои дигар даромади бештар дорад, аз ин рӯ, аксарияти духтарони табақаҳои поёнӣ касби фоҳишагарӣ ё, ба ибораи дигар, «тиҷорати шаҳвонӣ»-ро интихоб мекунанд. Ҳатто, баъзе духтарон ҳанӯз аз сини 2 ё 3 солагӣ ба девадаси бахшида мешаванд, аммо баъди расидан ба сини балоғат (12 солагӣ) ба танфурӯшӣ шурӯъ мекунанд. Дар айни замон дар штати Карнатаки ҷамоатҳои матриалхалии девадаси, ки дар онҳо ягон мард нест, хеле зиёд шуда истодаанд. Духтарони хурдсолу навраси чунин ҷамоатҳо нағз дарк мекунанд, ки дар оянда шавҳар карда наметавонанд ва ягона чизе, ки онҳоро интизор аст – фоҳишагарӣ ва танфурӯшӣ мебошад. Фаъолияти касбии фоҳишаҳо, тибқи анъанаи девадаси, маъмулан, пас аз ба балоғат расидани онҳо, ҳамзамон бо фурӯши бакораташон ба довталабе аз миёни мардҳои маҳаллӣ (тоҷирон, деҳқонон, ё фермерҳо),  ки аз ҳама бештар пул медиҳад,  шурӯъ мешавад. Хулоса, дар дини ҳиндуӣ шаҳватпарастӣ навъе аз унсури улуҳият ва ибодат маҳсуб мешавад. Аммо дар замони муосир дар анъанаи девадаси моҳият ва хусусияти динии худро гум карда, аксарияти занону духтароне, ки ин анъанаро пайравӣ мекунанд, аслан, ягон маросимеро ба хотири олиҳа Девадаси иҷро намекунанд, балки фоҳишагарӣ ва танфурӯширо як навъ касб ё шуғли даромаднок мешуморанд. Яке аз пайомадҳои манфии анъанаи девадаси – густариши касалиҳои сирояткунандаи узви таносул мебошад.

Дар Ҳинди Қадим пас аз вафоти шавҳар завҷаи ӯро ҳамроҳаш месӯзониданд. Ин анъана бо номи сати машҳур аст ва дар бораи он ҳанӯз дар «Маҳабҳарата» - яке аз сарчашмаҳои қадимаи хаттии дини ҳиндуӣ маълумот дода шудааст. Худсӯзии зани бевамонда, тибқи анъанаи мазкур, бояд ихтиёрӣ сурат мегирифт. Аммо, дар аксарияти мавридҳо, занонро барои анҷоми ин анъана зӯран маҷбур мекарданд. Фишороварии равонӣ ва иҷтимоӣ ба зани бевамонда ба мақсади моил кардани ӯ ба худсӯзӣ бо қудсият ва волоияти суннатҳои динӣ асоснок карда мешуд. Агар бевазан аз худсӯзӣ саркашӣ мекард, муртад шуморида мешуд, ӯро ради маърака мекарданд ва аз ҷамоа меронданд.  Дар баъзе мавридҳо бевазани аз худсӯзӣ сарпечидаро хешовандонаш мекуштанд, ё дасту пояшро баста ба оташ меандохтанд ё ба ҷасади шавҳараш мебастанд. Тасвирҳо ва маълумоти сарчашмаҳои қадимаи хаттӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки чунин кушторҳои ваҳшиёна дар Ҳинди қадим ва асримиёнагӣ  ба таври васеъ густариш ёфта буд.

Дар асри XX анъанаи сати (худсӯзии бевазан) маъмулияти худро аз даст дода бошад ҳам, аммо дар баъзе навоҳии шимолу ҷанубии Ҳиндустон, маслан дар штати Раҷастон,  то имрӯз низ боқӣ мондааст. Аз соли   1943 то соли 1987 дар Ҳиндустон 30 ҳодисаи худсӯзии бевазанҳо ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар соли 1987 Руп Канвар – як бевазани 18-солаи бефарзанд дар Раҷастон худсӯзӣ кард. Ин ҳодиса дар ҷомеа эътирози оммавиро ба муқобили анъанаи сати ба амал овард ва ҳукумати Ҳиндустон ин анъанаро қонунан манъ кард. Аз соли 1987 то имрӯз чор ҳодисаи худсӯзии бевазанҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки охирини онҳо дар соли 2008 рӯй додааст.

 

Давом дорад...

 

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яндекс.Метрика