Мушкилоти ба расмият шинохтани ҳаракати Толибон

Чанд муддат аст, ки ҳаракати Толибон Афғонистонро зери тасарруфи худ гирифтаанд. Бо вуҷуди оне, ки дар замони ҳокимияти пешини Афғонистон ин ҳаракатро Покистон ва баъзе кишварҳои арабӣ ба расмият мешинохтанд, баъди ба сари қудрат омаданашон, ҳатто Покистон, ки аксарияти сиёсатмадорон Толибонро ячейкаи он меҳисобанд, онро ба расмият нашинохт. Кишварҳои арабӣ, ки бештар бо идеологияи толибон шабоҳат доранд, на танҳо ба расмият нашинохтанд, балки бар зидди онҳо эътироз карданд. Россия, ки таи бист соли охир муттаҳам ба ҳамкорӣ бо толибон бар зидди нерӯҳои амрикоӣ буд, зоҳиран аз таҳаввули нав дар Афғонистон розӣ аст, аммо шарти ба расмият шинохтани ҳаракати толибонро ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баён кардааст. Ин андеша сарравал аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намояндагӣ аз Тоҷикистон садо дода буд. То он замоне ки Пешвои миллат зарурати ҳукумати фарогир дар Афғонистонро ба ҷаҳониён ва созмонҳои байналмалӣ баён накарданд, ҷаҳониён ҳама хомӯш буданд. Зоҳиран мавқеи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар мавриди Толибон монанди Тоҷикистон ва Россия аст, зеро мақомҳои расмии Эрон дар нишастҳо хоҳони ташкили ҳукумати фарогир шуданд, ҳатто Эрон эълон намуд, ки ҳукумат бояд дар натиҷаи интихоби мардум ташкил шавад.

Аммо мавқеи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди таҳаввулоти нав дар Афғонистон ва ба расмият шинохтани Толибон мутафовит аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва минтақа аст. Масъалаи Ғарб танҳо ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он бояд тамоми қавму миллатҳо бошанд, нест. Италия, Канада, Фаронса ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир кам таваҷҷӯҳ кардаанд. Дар баробари он бар зарурати риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳифзи озодии баён, баробарии ҳуқуқи занон ва дигар арзишҳои демократӣ таъкид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз замони рӯи кор омадани Толибон, аксарияти сафоратхонаҳо ва созмонҳои ғарбӣ ба гунае таътил ва ҳатто ронда шуданд. Инчунин дар ҳоле, ки баъзе созмонҳои хайриявии ғарбӣ ба хотири расонидани кумакҳои башардӯстогна барои мардуми Афғонистон бо Толибон кор мекунанд,  борҳо эълом карданд, ки кабинаи сарпарасти ҳукумати Толибон аз террористони машҳур ташкил ёфтааст, илова бар ин гурӯҳи толибон дар амал зидди он чӣ баён доштаанд, анҷом медиҳанд.

Яке аз мавридҳое, ки барои Ғарб нигаронкунанда аст, ҳукми ба дор овехтан дар байни мардум ва чанд рӯз  нигоҳ доштани ҷасади овехта аст, ки ҳаракати толибон чанд маротиба ин амалро иҷро карда, ҷасадро ба намоиш гузоштааст. Ин нишон медиҳад, ки шаллоқ, ба дор овехтан ва дар умум тамоми рафторҳои асримиёнагӣ аз нав барқарор  ва ҷузъе аз усули ҳукуматдории толибон шудаанд.

Фишор ва ҳатто шиканҷаи баъзе аз хабарнигорон барои мардуми Афғонистон ва ҷаҳон такондиҳанда буд. Мисол, чун ду хабарнигори рӯзномаи “Иттилооти рӯз” барои тайёр намудани хабар ба тазоҳуроти Кобул рафта буданд, сарбозони толибон онҳоро бераҳмона лату куб карданд. Тибқи баёноти сардори рӯзномаи мазкур, яке аз рӯзноманигорон ними биноияшро аз даст додааст. Ва он аксе, ки аз он ду хабарнигори шиканҷашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, тамоми бадани ҳар ду хабарнигорро хунолуд нишон медод. Ин кори сарбозони толиб, ҳамла бар озодии баён ва таҳдид ба арзишҳо ва дастовардҳои бист соли охир дар мавриди озодии баён фаҳмида мешавад.

 Масъалаи муҳими дигар барои ҷаҳон ва инчунин яке аз шартҳои ба расмият шинохтани Толибон ва ё ҳукумати дигаре дар Афғонистон, ҳуқуқ ва озодиҳои занон аст. Баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон, муассисаҳои таълимӣ ба рӯи донишҷудухтарон баста шуд, аксарияти занон бидуни ҳеҷ далеле хонанишин шуданд. Баъзе занони дигар ба сабаби ваҳшат ва нооромӣ дар шаҳрҳои бузург, эҳсоси амният намекунанд ва дар натиҷа наметавонанд ба берун бароянд ё ба кор раванд. Ҳарчанд толибон баён намуданд, ки дар ҳоли баррасии чигунагии танзими синфҳо ва маконҳо барои омӯзиши духтарон ҳастанд, аммо ба далели шарт ва шурути Толибон барои иштироки занон дар ҷомеа, душвор ба назар мерасад, ки занон ҳуқуқи баробарии худро дар Афғонистон ба даст оранд, зеро баҳс сари чигунагии пояфзол, атр ва либосу садои занон аст, ки мутобиқи баёноти ғайрирасмии баъзе аз наздикони Толибон занон озод нестанд, то аз ин чизҳо мутобиқи майлу хоҳиши худ истифода кунанд.

Тайи чанд моҳи ҳокимияти Толибон мардуми зиёди Афғонистон фирор карданд. Дар баробари ин Толибон баъзе мардуми дигарро иҷборан аз хонаҳояшон берун кардаистодаанд.  Чанд вақт пеш дар яке аз деҳаҳои ҳазоранишини Балх ин амал ба вуқӯъ омад. Ба мардуми ин минтақа дастур ва ҳушдор дода шуд, ки минтақаро холӣ кунанд. Ин нишонаи асосӣ ва воқеии табъизи қавмӣ аз тарафи Толибон аст. Ин дар ҳоле аст, ки дар кабинаи сарпарасти Толибон ягон ҳазорагӣ дида намешавад.

Аз ин рӯ, шарти ҷаҳон барои ба расмият шинохтани толибон, ин ташкили ҳукумати фарогир (ҳукумате, ки аз тамоми қавмҳо ва миллатҳои Афғонистон ташкил шуда бошад), риояи ҳуқуқи башар, тазмини озодии баён, таъмини ҳуқуқи баробарии занон ва ҳифзи озодии онон барои фарогирии дониш ва иштирокашон монанди мардон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа мебошад.   

Рамазониён Аҳтам  Бобосафар

Яндекс.Метрика