Мушкилоти олами исломро ёфтанд, аммо роҳи ҳалашро не!

Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ихвон-ул-муслимин», ки аз тарафи Ҳасани Бано таъсис ёфтааст, дар тамоми ҷаҳон бо аъмоли террористӣ ва ташкили бетартибиҳои оммавию роҳандозии сӯиқасдҳо бар ҷони сарварон маъруф гардидааст. Ногуфта намонад, ки ТЭТ ҲНИ низ, ки бо аъмоли ҳам харобкорона ва ҳам хиёнаткоронааш дар Тоҷикистон мавриди нафрати аҳли ҷомеа гардидааст, дастпарвари бевоситаи  ташкилоти экстремистӣ-терористии «Ихвону-л-муслимин» маҳсуб меёбад. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба сабаби сиёсисозии ислом, ки роҳбарони ду ташкилоти зикршуда роҳандозӣ намудаанд, миллионҳо мардуми мусулмон бадбахт гаштанд. Роҳбарони ташкилотҳои террористии номбурда гӯё мехостанд мушкилоти  мусулмононро ёфта, ба онҳо кӯмак намоянд. Аммо ҳар бор ба василаи сиёсисозии ислом дунболагирӣ  намудани аҳдофи муғризона ба мушкилоти мусулмонон мушкилоти нав зам менамуданд. Аз ҷумла, зимни огоҳӣ бо афкору ақоиди Ҳасани Бано – муассиси ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ихвону-л-муслимин»  шахс дарҳол пай мебарад, ки Ҳасани Бано мушкилотеро, ки олами исломро дар замони зиндагии ӯ, яъне нимаи якуми қарни XX фаро гирифта буданд, дуруст ёфтааст, аммо роҳи ҳалашро не. Қобили зикр аст, ки он мушкилотро на танҳо Ҳасани Бано, балки ҳар як фарди аз равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ огоҳ қодир аст ошкор намояд. Мушкилоти аз тарафи Ҳасани Бано зикршуда имрӯз низ, яъне тахминан баъд аз 100 сол вуҷуд доранд. Он мушкилот иборатанд аз истисмори мардуми мусулмон аз тарафи абарқудратҳо, саврватҳои табиии кишварҳои мусулмоннишинро аз худ кардани онҳо, ба мафкураи насли нави мардуми мусулмон ворид гардидани арзишҳои фарҳангии ғайр. 

Савол пайдо мешавад, ки мушкилоте, ки Ҳасани Бано зикр сохтааст, магар имрӯз вуҷуд надорад?  Мутаассифона имрӯз низ вуҷуд доранд. Пас, саволи навбатӣ ин хоҳад буд, ки чаро Ҳасани Бано ва дигар ислоҳотчиёни олами ислом ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз баҳри дарёфти роҳи ҳалли мушкилот талош намуданд, аммо наёфтанд? 

  - Наёфтанд, зеро хиради онҳоро таассуби динӣ хира сохта буд.

  - Наёфтанд, зеро онҳо сарчашмаи мушкилотро наёфта буданд.

  - Наёфтанд, зеро онҳо дар бораи сабабҳои асосии пешрафти иқтисодии абарқудратҳоро таваҷҷуҳе зоҳир нанамуданд.

  - Наёфтанд, зеро нафаҳмиданд, ки ислом дар моҳияти худ танҳо дин аст ва асли дин бошад танҳо эътиқод. 

  - Наёфтанд, зеро нафаҳмиданд, ки пешрафти ҷомеа раванди ногузир ва ҳатмӣ буда, тибқи  қонунҳои хеш сурат мегирад. Арзишҳои кӯҳна суръати пешрафти онро каме бозмедоранду халос.

  - Наёфтанд, зеро нафаҳмиданд, ки салтанати қавиҳо аз болои заифҳо қонуниятест, ки аз қадимулайём дар ҳамаи самтҳо, қишрҳо, субъектҳои фаъолияти сиёсӣ вуҷуд дорад, ва ислом низ тибқи зуҳури қонунияти мазкур интишор ёфтааст. 

  - Наёфтанд, зеро нафаҳмиданд, ки ба муқобили иқтисодиёти рушд кардаистода ва илму маърифати нумуъкунанда танҳо бо имон муқовимат кардан хатост.

Баръакс, ба ҷои тааммулу тааққул дар ҷустуҷӯи роҳи дурусти ҳалли мушкилот пайравону ҳаммаслакони Ҳасани Бано ба таҳрифи ислом пардохта, онро исломи шомил, яъне ҳама чизро фарогиранда номиданд. Инҷо мехостем чанд сухан дар хусуси сифати шомил нисбат ба дини ислом баён намоем. Чӣ хеле ки бо чашми оддӣ дидан мумкин аст, дар чанд самти ҳаёти мардуми мусулмони имрӯза ҳолатҳоеро мо мушоҳида менамоем, ки шомил(ҳамаро фарогир) будани дини исломро зери шубҳа мегузоранд: 

  - сару либоси аксаран мардон ва қисман занони мардуми мусулмон;

  -тарз ва низоми таълим қариб дар ҳамаи макотиби кишварҳои мусулмоннишин;

  - низоми ҳифзи тандурустӣ (ҷинбарорию тавассути тумору таштоб табобат намудан хеле коста аст);

  - роҳу усулҳои нави ташкили ҳаёти маишӣ;

  - роҳу усулҳои дифои кишвар (тибқи ақидаи Ҳасани Бано «ислом ин… мусҳаф асту шамшер» гуфта буд);

  - муҳити фарҳанги моддию маънавии аксари кишварҳои мусулмоннишинро фарогирифта.

           Таваҷҷуҳ бояд намуд, ки дар самтҳои зикршуда дини ислом чизеро муқобил гузошта натавонист, аз ин рӯ маҷбур буд, ки бо навгониҳои суратгирифта созиш намояд. Бинобар ин, дини исломро шомил гуфтан на он қадар инъикоси дурусти воқеият аст.

    Дар баробари ҳамаи ин бояд таъкид намуд, ки ҳам мушкилот ва ҳам роҳи ҳалли мушкилотро мутафаккири бузург Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дуруст нишон дод: 

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб,

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу на аз қатъи мӯст.

Маҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст.

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Аммо, афсӯс, ки  афсӯс! Мусулмононро чашми хирад во нашуд, ки нашуд! 

 

Абдухалилзода КАРОМАТУЛЛО

Яндекс.Метрика