МУҚОВИМАТ БО ТАҲДИДҲОИ ИФРОТИ ДИНӢ БЕДОРИИ МИЛЛАТРО ТАҚОЗО ДОРАД (Дар партави «Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024)

9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохўрӣ барпо намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти маънавӣ ва мафкуравии кишвар изҳори назар намуданд. Масъалаи марказие, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро атрофи худ муттаҳид сохт, масъалаи муқовимати ақлонӣ бо ифроти динӣ дар шароити муосири давлатдории миллии тоҷикон буд.  
Пешво даҳшатро эҳсос карданд, вале на ҳама онро дарк намуданд 
Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи хеҷ омўзгор.
Рўдакӣ
Афсўс ки миллати мо аз таҷрибаи талхи худ, аз насиҳатҳои бузургонаш кам истифода мекунад. Роҳбари давлат рўзи 9 март чор соат рост истода ба мардуми Точикистон дар бораи таҳдиду хатари ифроти динӣ ба ҳар яки мо, бар падару модару бародару хоҳарони тоҷикистонӣ насиҳат карданд, ки эҳтиёт кунем, фарзандонро назорат кунем, аз ҳолашон пурсон шавем ва нагузорем, ки душманон онҳоро ба мақсадҳои нопокашон истифода баранд.
Пешвои миллат ба тамоми падарону модарони Тоҷикистон мушаххас муроҷиат карда бо забони сода ва оммафаҳм гуфтанд: «Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад» [Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, Кохи Ваҳдат, 09.03.2024. – Душанбе: «Шарқи озод», 2024. – С. 60-61].
Дар асл ифроту террори динӣ мисли бемориҳои иҷтимоию паразитиеанд, ки фазои мусоиду мувофиқи рушду сабзишро вобаста ба замону макон дар сутуни фарҳанг ва ҷаҳонбинии исломӣ пайдо кардаанд (тундравии хосияти экзогенӣ доштаанд) [Игнатенко А.А. Эндогенный радикализм в исламе // Центральная Азия и Кавказ, 2000. – № 2 (8)]. Аз дидгоҳи дигар, ифроту террори динӣ ҳолати аксуламали рафтори номутаносибест, ки зери фишори неруҳои замонию маконии беруна, дар ҷаҳонбинии динӣ  пайдо шудааст (тундравии сирф экзогенӣ).
Илми муосири диншиносӣ одами диндорро аломати асосии ҷудошавии инсон аз олами ҳайвонӣ [Васильев Л.С. История религий. Учебное пособие. Рекомендуется преподавателями МГУ. – М.: КДУ, 2008. – С.18], динро ҳамчун зуҳуроти нахустини пайдоиши ҷомеаҳои инсонӣ шинохтааст. Маҳз ҳамин ҳолати бовар кардан ба қудрате, эътиқод доштан ва офаридан фикр кардани шаклу намоҳои боварӣ ҳамчун зинаи муайяни рушди тафаккур ва такмили ақл омили асли ҷудошавии инсон аз олами ҳайвонот эътироф шудааст. Функсияҳои асосии динро илми муосири диншиносӣ (1) дар қабул ва фаҳми арзишии олами атроф (шартан назари экзистенсионалӣ), (2) компенсатсионӣ- ҷавоб ба саволҳои ҳалнокардаи хирад, (3) коммуникативию интегратсионӣ бо усули муттаҳидсозии одамон дар иҷтимои муайян, (4) ахлоқию меъёрӣ бо танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят (5) танзимию назоратӣ муайян кардааст [Васильев Л.С. История религий. Учебное пособие. Рекомендуется преподавателями МГУ. – М.: КДУ, 2008. – С. 18-24], ки ҳамагӣ ба муттаҳидӣ, ваҳдату оромии башар нигаронида шуда, ҳадафаш ҷорӣ намудани тартиботу низом ва назорат дар муносибати байни одамон аст.
Тарзе мо мебинем, ҷаҳонбинии динӣ ҳамон тавре, ки баъзеҳо андеша доранд, ин танҳо назар нисбат ба шинохти Офаридгор ва итоат ба амрҳои он нест, балки бештар фикр нисбат ба ояндаи рўҳ, тақдири вай, боварӣ ба адлу инсоф, ғалабаи некӣ бар бадист. Ин ҳолат дар ҷустуҷўи ҳолати адли умум функсияи танзимнамоии динро неру мебахшад. Дар зинаи аввали зуҳур, ҳар дин ин симати адлгустариро дар худ ҷойгир кардааст, дар акси ҳол ғалабаи онҳо ва эътирофашон дар қолаби тафаккури мардум, ки ба манфиат лабрез буда, аз маҷмуи талаботҳои мухталиф иборат аст, номумкин мегардад. Ҳатто Ф. Энгелс дар вақташ дар таҳлили дини ислом ва омили дастгирии он аз ҷониби камбағалон гуфта буд: «дин дар баробари дигар сифатҳояш ҳифзкунандаи ормони камбағалону меҳнаткашон низ баромад намудааст». Дар ин бора, дуруст аст, ки дар тамоми масири афкори ҳуқуқӣ ва фалсафӣ мутафаккирони зиёд ҳарфҳо гуфтаанд. Муҳим он аст, ки ҳангоми муроҷиат ва коркарди муносибати нисбатан муваффақи сиёсат дар соҳаи дин ин симати дин ва таъсири он ба ҷойгиршавии он дар мафкураи мардуми эътиқодманд ба инобат гирифта шавад. 
Дин, тарзе мебинем адлу инсоф ва ғалабаи некиро бар бадӣ дар ҳама давру замон рафиқи стратегии худ эълон кардааст. Дуруст аст, ки дар масири таърих намояндагони дин ва амалкардҳои пайравонаш на ҳамеша онро риоят кардаанд. Имрўз ин рисолати адлу баробарӣ ва таъмини инсофро давлати демократӣ ва дунявӣ расман, қонунан, назаран ва амалан бар дўш гирифтааст. Бинобар он, давлати миллиро, ки теъдоди зиёди пайравони динҳоро дорост, зарур аст, ки масъалаи тантанаи адлу инсоф ва баробарию бародариро ҳамчун рукн ва таъиноти марказии давлати халқӣ бар дўш гирифта, нагузорад, ки ҳеҷ неруе ва ҳеҷ навъе аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аз он бо мақсадҳои ғаразноки худ сўиистифода намоянд. Консепсияи озодии иродаи илоҳии аксари динҳо, ки дар хилъати офариниши инсон эҳсос мегардад, маҳз дар фазои озодии виҷдони давлати дунявӣ намои нисбатан комилу одилонаи татбиқ ва заминаи рушди муназзами худро пайдо менамоянд.
Дигар ин ки аз назари динӣ низ рисолати асли дин шинохтани қудрати Ҳақ, Худованди бахшояндаву меҳрубон аст. Ва Худованди бахшояндаю меҳрубон низ ҳадафаш тарбияи инсони солеҳ, ислоҳи фарзандони Одами гуноҳкарда ва ҳидояти онҳо ба саодати ҷовидонӣ аст. Ин аст, ки қиссаи гуноҳи Одаму ронда шудан аз Биҳишт ва оташи Дўзаху зиндагии ин дунёӣ ҳама пайи ҳам ҷиҳати ислоҳи фарзандони инсон нозил шуданд. Ва ин асрорро парвози фикрии сўфиёни нозукфаҳм берун аз қонуну қавоиди зоҳирӣ барои хеш ҳазм карданд:
Халқро аз бими дўзах дар намоз овардаанд,
Мо биҳишту дўзахашро як замон барҳам занем.
Хўрд Одам гандуму моро бурун кард аз биҳишт,
Баъд аз ин мо даст андар домани Одам занем.
Таҳлил, омўзиш ва қиёси ҳодисоти таърихӣ дар саргаҳи зуҳури динҳо, фаҳми рисолати таълимоти ақидавӣ, таъйиноту вазифаҳои марказию ҳадафҳои аслиашон аз назари илмӣ нияту андешаи фарзандони донишманду нуктасанҷи равияю фирқаҳои дину оинҳо куллан ифодагари он аст, ки ҳеҷ як дини ҷаҳонӣ дар таркибаш унсури табииеро (зотиеро) ба сони куштан, таркондан, тарсондани мардуми бегуноҳу маҳв кардани оммаро доро нест. Дин таркибан ҳамчун воситаи татбиқи ғаразноки гурўҳи ҷинояткори мутташаккиле бар муқобили гурўҳи одамон ва низому тартиб баромад нанамудааст. Аз ҷумла, ислом низ. 
Баръакс динҳо бо мақсади тарбияи маънавии инсон меъёрҳо муқарар кардаанд ва бо нияти ислоҳ ҳидоятҳо намудаанд. Ин ҳолат моро ба хулосаи аввал ва асосие, ки Пешвои миллат ироа карданд, меорад, ки ифроту террор аз сифатҳои зотӣ ва таркибии таълимоти динӣ, аз ҷумла таълимоти исломӣ, нестанд ва буда ҳам наметавонанд. Террорист-миллат, мазҳаб ва дину оин надорад, вай як ҷинояткор назди қонун аст.
Сислсилаи ҳодисаҳои террористӣ, ки тоҷиконро дар нуктаҳои гуногуни олам беинсофона ва музлимона ба хотири манфиати чоплусонаю разилонаи манфиатхоҳони мухталиф, қурбон намуда истодааст, магар ин мардуми фиребхўрдаро, ки дар ҳалқаи дуюм ва сеюми баландтари ин амалҳои фаҳш истодаанду номи тоҷикро доранд, бедор намекунад. Магар онҳо намефаҳманд, ки хуни ин фарзандони миллат фардо дар гардани онҳост. Онҳо дарк намекунанд, ки фарзандони миллатро ба хотири кадом як мақсаду ҳадафҳои нопоки душманони ислому миллат қурбон намуда истодаанд. Воқеан даҳшату нигаронӣ аст, ки чунин фарзандони чоплусу бехирад, ки барои хоҷагони беномуси аҷнабии худ камари ҳиммат бастаанд, худро бо номи тоҷик муаррифӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол воқеият ҳамон аст, ки мо дар даст дорем. Имрўз фарзандони миллатро душманон васеъ истифода мекунанд. Пешвои миллат маҳз ҷиҳати бедории мардуми тоҷик, соҳибӣ кардани фарзандони миллат ва ҷудо намудани онҳо аз дасти душманони миллату дин рў ба фаъолон ва ходимони динӣ намуда, таваҷҷуҳи мафкураи миллатро ба самтҳои асосии ислоҳи вазъ ҳидоят намуданд.
Роҳбари давлат се сарчашмаи маънавии ислоҳи вазъият: (1) ойини таҳаммулгарои мазҳаби ҳанафӣ, (2) панду андарзҳо ва мактаби илмию амалии бузургони миллат ва (3) дастгирии мактабу маорифро бо ислоҳи вазъи муосири таълим калиди асли муқовимат бо ифротгароию ҷаҳолати муосир муайян карданд. Пешво дар баробари муайян кардани манбаъҳои маънавию ахлоқии муқовимат бо даҳшати мафкуравӣ иллатҳои эътиқодиро равшан намуда, роҳҳои истодагарӣ ва муқовимат бо онро дар доираи вазифаҳои хизматии сохторҳои муайяни мафкуравию илмӣ масъалагузорӣ намуданд. Роҳбар на танҳо асл ва ҷавҳари бўҳрони маънавӣ, шакл ва намоҳои таҳдидҳои мафкуравиро муайян ва мушаххас намуданд, инчунин ғизои мафкураи инқилоби маънавиро бо равишҳо ва усулҳои муқовимат пешниҳоди аҳли толор ва фаъолони ҷомеа гардонданд. Мақсад ва ҳадафи марказӣ бедории фикри мардум ҷиҳати ҳазм ва дарки таҳдиди воқеии ифроти динӣ ва муқовимати ақлонӣ бо он буд. Зеро ифроти динӣ дар ҳама шаклҳояш таҳдиди бевосита ба давлат ва миллати мо дорад. 
 
Холиқзода А.Ғ.,
Шосаидзода Ш.Ш.
Яндекс.Метрика