НАВИДИ РЎЙДОДҲОИ ХОТИРМОН ВА НИЯТҲОИ НАҶИБ. Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба парлумони мамлакат

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат аз нигоҳи банду баст ва сохтори мантиқии худ дорои зарфияти барозандаи иҷтимоию иқтисодӣ буд, ки аз оғози воқеӣ ва амалии марҳилаи рушди устувори кишвари мо муждаҳои фараҳбахш медод», — навиштааст дар мақолаи худ директори Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд. Дар давоми мақола чунин омадааст:
 
Муҳимтарин дастовардҳои дар ин сол ба даст омада дар ифодаи баёни Роҳбари давлат ҳамчун «рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон» баҳогузорӣ гардид.
 
Рўйдоди нахустин оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки амалан кишвари пешсафи масоили нигаҳдории сарчашма ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ боқӣ мондани Тоҷикистон ва Сарвари онро собит намуд ва муаррифгари сазовори эътирофи ҷаҳонии мо дар ин самт гардид. Ва моро зарур аст, ки дар пайравии некў ба ташаббусҳои бардавоми Пешвои миллат ин сиёсати арзанда ва созандаи тоҷикиасл гаштаро чун зари холис ҳифз намоем.
 
Аз ҷониби дигар, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” дар мафкураву ҷаҳонбинии миллати тоҷик ҷиҳати эътимод кардан ба тавоноии худ ва ба ваҷҳи некў тағйир додани андешаи кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар бораи ин «иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» таҳаввулоти ҷиддие ба вуҷуд овард. Ин «орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик», ки дар даврони шўравӣ шурўъ гардидаву ҳатто империяи бузурги шашяки рўи Замин барои пурра ба анҷом доданаш дар воҳима афтода буд, хушбахтона, ба таҳаққуқи амалӣ пазируфтан биоғозид. Ҳикмати илоҳӣ дар он буд, ки як мавзеи дар гузашта номаълуми Тоҷикистон бо номи Роғун таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва як идда созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба ҷониби худ ҷалб кард. Мавқеи ватандўстона ва таҳаммулгароёнаи Пешвои миллат дар муносибати эҳтиёткорона зоҳир намудан ба ин лоиҳаи ормонии таърихи навини тоҷикон дар ниҳояти кор моро ба пирўзӣ расонид. Оламиён огоҳ гардиданд, ки кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ҷойгоҳи устувори обистони ҷаҳонӣ асту ҳар иқдоми созандаву ободоние, ки Сарвару мардуми тоҷик карданист, нахуст, ба манфиати дигарон бошаду пасон барои худ. Дар натиҷа ҳама гуна баррасию масъалагузориҳо дар атрофи стратегияи энергетикии равшанибахши Пешвои миллат содатарин суннати мардумсолории тоҷиконро бори дигар собит намуд. Ин суннат дар андешаи обу ободию ободонии чандинҳазорсолаи тоҷикон андаруни таъбири ҳикматбори «ғунд ва пароканда» маҳфуз мондаааст, ки маънояш «ба ҳам овардан ва ғундоштани об дар ҷое аст, то ки ҳангоми зарурат аз он хуб истифода баранду боз бипарокандандаш барои дигарон». Ҳамин маънӣ дар номи рўди Ғунд таҷассум ёфтааст, ки аз байни шаҳри Хоруғ ба таври ҳамешагӣ равон асту равон хоҳад буд. Ва бо пахш кардани тугмаи чархаи шашум Пешвои миллат муждагонӣ доданд, ки нерўгоҳи Роғун ба тавлиди қувваи барқу рўшноӣ ҳам барои худ ва ҳам кишварҳои ҳамсоя оғоз кард, ки «як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».
 
Рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум баҳогузорӣ гардидани ҳалли маҷмўи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро аз ҷониби Пешвои миллат воқеан як падидаи нотакрор дар дипломатияи муосир бояд донист ва эътироф кард. Таъкид гардид, ки барои ноил шудан «ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд».
 
Бояд тазаккур дод, ки ин дастоварди муҳим дуруст будани сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии моро дар муддати 27 сол тасдиқ кард. Аз ҷониби дигар, ин тағйироти куллии муносибатҳо тамоми мушкилотеро, ки дар суитафоҳуми фарҳангӣ ва миллии тоҷикон ва ўзбекҳо вуҷуд дошт, тақрибан ба эътидол овард. Ҷанбаи сеюм дар он ифода меёбад, ки Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳамаи чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳаммарз аст. Ин чунин маъно дорад, ки рафтуомади бемамониат дар ҳудуди Ўзбекистон ҳамгироии ҳамаи ҷумҳуриҳоро осон мегардонад. Ҷанбаи чаҳоруми муҳим бар он далолат мекунад, ки Ўзбекистон ба паймони худ содиқ буда, рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳоро таъмин намуданӣ аст ва ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ, саноатӣ ва тавлидотӣ дар байни ҳар ду кишвар бартарӣ медиҳад. Ва ниҳоят, қарордодҳои имзошуда, фазои болидарўҳии муносибатҳо ва рафтуомади бесобиқаи шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар самимӣ будани ин ниятҳоро комилан тасдиқ менамоянд. Умед бастан мумкин аст, ки татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда актуалӣ ва манфиатбор будани худро барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ собит месозад ва барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллии мо – саноатикунони босуръати кишвар мусоидат менамояд.
 
Ҳамин се рўйдоди муҳим ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, ки дар маҷмўъ имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бурда, ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки дар меҳвари ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди кишвари мо баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тариқи ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, таҳкими сармояи инсонӣ, таъмини идоракунии уфуқӣ ва амудии инфрасохтори давлатӣ, тақвияти қудрати содиротӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, рушди бемайлони бахши хусусӣ ва ташаккули бозори солими меҳнат қарор доранд. Ҳамин омилҳои ба ҳам алоқаманди се рўйдоди муҳим имконият фароҳам оварданд, ки дар «соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд».
 
Дар заминаи ин ду нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон дастовардҳои якояки соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии кишварро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд ва барои ниҳодҳои дахлдор вазифаҳои ояндаро ба таври мушаххас муайян намуданд, ки он дар консепсияи «нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ» амалӣ карда мешавад.
 
Дар баробари ин таъкид гардид, ки барои таъмин намудани раванди устувори дастовардҳои дар соли 2018 ба даст омада тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии кишварро сафарбар намудан мувофиқи мақсад менамояд. Зеро шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ зарурати таҳкиму густариши муносибатҳои созандаро ҳам дар шароити дохилӣ ва ҳам минтақавию байналмилалӣ тақозо менамояд. Пешвои миллат дар атрофи ноорому бесубот боқӣ мондани авзои сиёсии сайёра таваққуф намуда, аз шиддат гирифтани як идда равандҳои номатлуб, ба мисли кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ ёдовар шуданд, ки «ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд».
 
Хуллас, Паёми Сарвари давлат – ин  навиди  рӯйдодҳои хотирмон ва ниятҳои наҷиб аст.  Мо чунин мешуморем, ки таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастуру супоришҳои қатъии Пешвои миллат дар Паёми имсола далолат бар он доранд, ки акнун марҳалае фаро расидааст, ки саъю талошҳои нерўҳои созандаи воқеан ватандўст ва хайрхоҳ бояд дар байни ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ дастгирию ҷонибдории ҳамаҷониба пайдо кунанд, то ки рушди устувору бебозгашти иқтисодиёт ва ҳамгироии фарогири ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ва миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  таъмин гардад.
 
Файзулло БАРОТЗОДА – директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика