НАВМЕД МАШАВ ҶОНО‼️

❗Навмед машав, ҷоно, к-ӯмед падид омад,
Умеди ҳама ҷонҳо аз ғайб расид, омад.
Навмед машав, гарчи Марям бишуд аз дастат,
К-он нур, ки Исоро бар чарх кашид, омад.
Навмед машав, ай ҷон, дар зулмати ин зиндон,
К-он шоҳ, ки Юсуфро аз ҳабс харид, омад.
Яъқуб бурун омад аз пардаи мастурӣ,
Юсуф, ки Зулайхоро парда бидарид, омад.
Ай шаб ба саҳар бурда, дар ё рабу ё раб ту,
Он ё рабу ё рабро раҳмат бишунид, омад.
Ай дарди куҳангашта, бах-бах, ки шифо омад,
В-ай қуфли фурӯбаста, бигшо, ки калид омад.
Ай рӯзагирифта, ту аз моидаи боло
Рӯза бигушо хуш-хуш, к-он ғурраи ид омад.
Хомуш куну хомуш кун, зеро ки зи амри кун
Он сактаи ҳайронӣ бар гуфт мазид омад!
✍️Ҷалолуддини Балхӣ-Румӣ.

Бознашр аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Яндекс.Метрика