Наврӯзи Аҷам дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ

Наврӯзи Аҷам - густурдатарину мардумитарин ҷашни миллии мардуми ориёнажод, хусусан тоҷикон ба ҳисоб рафта, он яке аз гаронбаҳотарин иди суннатии аҷдодӣ ва ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ ҳисобида шуда, асосгузори он сарлашкарону подшоҳон дониста мешаванд. Зеро, дар гузашта аслан сипоҳиён идоракунандаи давлат буданд ва имрӯз низ он ба гунаи дигар шакл гирифтааст. Яъне, роҳбарони давлатҳои имрӯза сипаҳсолоранд ва идора намудани артиш дар ихтиёри онҳост.

Ҳамзамон, таҷлил намудани иду ҷашнҳои милливу байналмилалӣ аз онҳо вобастагии амиқ дорад.
Албатта, роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории Наврӯзи Аҷам дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд гирд оварда шудааст.

Маълумотҳои пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки бунёдгузори ҷашни Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед рабт додаанд.

Тавре ишора шуд, бунёдгузор ва идомадиҳандаи ҷашни Наврӯзи сипаҳсолорону подшоҳони замон ба ҳисоб мерафтанд, далели ин гуфтаҳоро таҳқиқи муаррихону фарҳангшиносон тақвият медиҳад, зеро ба навиштаи таърихнигорон, дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯйи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.

Санадҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Дорои як, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар соли 414-и пеш аз мелод, сиккае аз тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Яъне, нақши сарбоз ва тирандозии он бозгӯкунандаи он аст, ки низомиён дар бунёди ин ҷашни аҷдодӣ саҳми арзандае гузоштаанд.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай муборак!

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика