НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ МУВОФИҚИ САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

Наврӯз, ки чанд сол аст тибқи муқарароти СММ дар тамоми дунё 21-уми март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию озодӣ аз муқаддасоти муҳим ва арзишманди таърихии фарҳангу тамаддуни тоҷики маҳсуб ёфта, барои масъулияти ҳамзистию ҳамгироии миллату халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар душ дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонро ба сӯи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некӯиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, хештаншиносию худогоҳӣ ва ҳувиятпарастӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарнҳо суннату оинҳои Наврӯз имрӯз ҳам натанҳо дархӯри ҷомеа балкӣ дар таҳрики худогоҳию худшиносии Миллӣ нақши калиди дорад. Маҳз ҳамин нуқта боис гардид, ки СММ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни чаҳонӣ  шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддидаи сайёра тавсия дод.

 

Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсонро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсони ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти, фазилат, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва бо ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро васеъ мегардонад.

 

Нарӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама баёнгари ҳувияти миллӣ дар марҳилаҳои таърихӣ мебошад. Раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад шартан ба чанд марҳила метавон тақсимбандӣ кард.

 

1.Марҳилаи аввали худшиносии миллӣ, ба зуҳури Наврӯз оғоз меёбад ба шахсияти  устуравии Ҷамшеди пешдодӣ вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ бедалел нест, ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри ҳушманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шуруъ намудааст. Ба сухани дигар Чамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати ориётаборон оғоз бахшида, таҷлили онҳо ҳамчун тантанаи хирад ва адолат саросарӣ намудааст. Маҳз Ҷамшед тавонист, ки бо меҳр, хирад, фарҳанг мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутамоил кунад. Ба қавли донишмандон дар даврони Ҷамшед  ва айёми Наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва фарҳангӣ мерасанд.

 

2.Марҳилаи дуввуми худшиносӣ, ки ба Наврӯз иртибот дорад, ба давраҳои салтанати ду сулолаи бузурги миллӣ Ҳахоманишиён ва Сосониён рост меояд. Навиштаҷотҳои катибаҳои даврони ҳахоманишӣ маълуми онанд, ки ҷашни Наврӯз дар аҳди салтанати Ҳахоманишиён марсум будааст. Бархе муҳақиқон бар ин назаранд, ки Куруши Кабир Наврӯзро дар соли 538 п.а.м. ҷашни миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз барномаҳои муҳиме барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва бахшиши маҳкумон ба иҷро расонид. Куруши Кабир маросимоти Наврӯзро ба Бобул интиқол медиҳад. Баъд аз Куруш дигар намояндагони ҳахоманишӣ ба монанди Дориюши аввал маросими Наврӯзро чашн мегирифтанд.

 

Муҳаққиқон ва сиккашиносон дар асоси сангнавиштҳо ва тасвирҳо ҳадс задаанд, ки Дориюши аввал сиккае аз ҷинси тилло зарб намудааст, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳолати тирандозӣ тасвир гардидааст ва ин навъ тадорукоти ҷашни ғолибан ба муносибати Наврӯз мебошад. бархе аз пажуҳишгарон бар он назаранд, ки тахти Чамшед барои баргузор намудани ҷашни Наврӯз сохта шудааст.

 

3.Марҳилаи сеюми худшиносӣ, ки реша дар Наврӯзи бостонӣ дорад, ба давраи хукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён марбут аст. Бояд тазаккур дод, ки дилбастагии мардуми тоҷик ба суннатҳои ниёгон муҷиб шудааст, ки Наврӯз ба ҳайси рамзи шукуҳ ва азамати фарҳанги миллӣ дар саросари даврони исломӣ ҳатто дар давраи хулафое, ки эътиқое ба ин русумот надоштанд, барпо медоштанд ва ошноию огоҳии фармонравоёни Уммавӣ ва Аббосӣ аз ойини ҳадя додан ба ҳокимон далеле барои гироиши фармонравоёни араб ва баргузории Наврӯз гардидааст.

 

Бо коҳиш ёфтани қудрату нуфузи хилофати исломӣ дар давлатҳои миллӣ, ҳамчунин эҷоди давлатҳои мустақиле назири Саффориён ва Сомониён суннати таҷлили ҷашнҳои миллию мардумӣ эҳё шуда, иҷрои русумоти миллӣ сабаби шукуҳу ҷалоли ҷашни Наврӯз дар қаламрави давлатҳои миллӣ гардид. Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳрварӣ мавриди таҷлил қарор  гирифтааст. Амирони хирадпарвари сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки на танҳо ҷашни кишоварзӣ балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтанати амирони сомонӣ қатъи назар аз он ки нерӯҳои зидди милли фаол буданд. Раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгрии Наврӯз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму тавсият меёфт. Маҳз дар замони салтанати Сомониён дар арафаи Наврӯз, бо такя ба суннатҳои даврони сосонӣ оташ меафрухтанд, мутрибон оҳангҳои ҷашнӣ навохта, ҳофизон суруду таронаҳои Наврӯзӣ месароиданд. Сайругашти идонаи мардум ҳаду канор надошт.

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин дар замони давлатдории Сомониён худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифати нави таърихи расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати миллӣ таҳкиму тавсия ёфт. Давлати Сомониёнро метавон ба унвони қаламрави фарҳанги Наврӯз муарифи кард. Донишманди маъруфи форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ андар иду ҷашнҳои форсиён ҷойгоҳи Наврӯзро васф карда, аз қавли яке аз саҳобаи бузурги пайғамбари ислом (с) Салмони Форсӣ менависад, ки «Мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз берун овард» берунӣ дар ҷои дигар овардааст, ки Наврӯз дорои эътидоли кайҳонист ва андозаи шабу рӯз дар ин моҳ баробар мешавад. Инчунин дар бораи ҷашнгирии наврӯз дар аҳди Сомониён ва хонадонҳои баъд аз онҳо Ғазнавиёну Саффориён низ ки бо шукуҳу шаҳомоти вижа мегузашт, бузургони илму хирад чун А.Берунӣ маълумотҳои фаровон овардаанд. Дабиру муаррихи номдори дарбори Ғазнавиён Хоҷа Абулфазли Байҳақӣ дар асари худ «Таърихи Масъудӣ» ё ҳамон «Таърихи Байҳақӣ» машҳур аст пурра ба замони салтанати Ғазнавиён ва хусусан даврони ҳукумати Масъуди ғазнавӣ бахшида шудааст овардааст, ки амирони ғазнавӣ ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу ҷалоли махсус мегузаронданд. Худи муаллиф, ки шоҳиди воқеии дарбор мебошад, зикр менамояд, ки дар Наврӯз дарвозаҳои зиндонҳо боз мешуданд ва ба рӯи бенавоён дари хайр мекушоданду инъому ҳадяҳо нисор мекарданд. Инчунин базмҳои шодӣ ва шоҳона меоростан. 

 

4.Марҳилаи дигари наврӯзпарастӣ ва арҷгузорӣ аз ин ҷашни хирадмаоб ба охирҳои солҳои 70-уми асри ХХ рост меояд, ки замони салтанати давлати Шӯравӣ буда, аз охири солҳои 70-уми асри гузашта як зумра равшанфикрони миллӣ ҷиҳати дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ анҷом додаанд. Ин давра сифати тозаро дар китоби худшиносии миллӣ боз кард, ки бо таҷлили Наврӯзи бостонӣ дар марҳилаи навини таърихи шуруъ меёбад. Дар он замон заминаҳои рушди маросими миллӣ дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд. Дар ин марҳилаи таърихӣ нисбат ба солҳои пешина мақолаҳо, асарҳои илмӣ ва ашъори шоирон бештар нашр шуд. Ба монанди китоби Эраы Мирзо «Навӯзи кӯдакон», маҷмӯи шеърҳои «Наврӯзӣ», асари таҳқиқии Рӯзӣ Аҳмад «Наврӯзи оламафрӯз» ва ғайра. Дар матбуоти даврӣ бошад роҷеъ ба Наврӯз мақолаҳои зиёде чоп шуданд. Дар солҳои 80 ва 90-ум бошад ҷашнгири шукуҳи бештар гирифт.

 

5.Марҳилаи охир замони истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки уфуқҳои тозаро барои таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ мавриди таҷлили ҳамагонӣ қарор гирифт. Дар даврони истиқлолият масоили шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва саросарии Наврӯз матраҳ гардид ва дар рушди он хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург гузоштааст ва ин иқдом имрӯз ҳам идома дорад.

 

Мусаллам аст, кидар марҳилаи истиқлолияти давлатӣ тавассути пофишорию ташаббусҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯзӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони маориф ва фарҳангии ЮНЕСКО Наврӯзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф карданд. Марҳилаи истиқлолияти давлатӣ бо худогоҳӣ ва хештаншиносӣ пайванд мехӯрад ва аз фарҳанги Наврӯз реша мегирад. Фарҳанги Наврӯз фарҳанги меҳрпарастӣ, эътидол, тандурустӣ, хирадварзӣ, огоҳӣ, дониш, муҳаббату самимият, таҳаммулу тафаккур ва шарофату адолат аст. Дар доираи фарҳангӣ Наврӯз тамоми муқаддасоти инсонӣ, ки тул асрҳо озмоиши таърихиро гузаштаанд ғунҷоиш ёфтаанд. Наврӯз фарҳанги гуфтугӯи инсонҳо буда, мардумро новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, идеологӣ ба ҳам фаро мехонад ва сари як суфра хони нарӯзӣ мешинонад. Донишманди номдору шинохта тоҷик Умари хайём дар асари машҳури худ «Наврӯзнома» ларҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи наврӯз ҷашн кунад ва бо хуррами пайвандад, то Навӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад». 

 

Ҳамин тариқ Наврӯз дар силсилаи ойину маросимҳои миллӣ қадимтарину фарҳангитарин ба шумор меравад ва дигар маросимҳо дар домани ин ҷашни инсонпарвару ҳуввиятсоз парварда шудаанд. Ин  аст, ки Наврӯз ба худогоҳию худшиносии миллӣ ба арсаи фарҳангу тамаддуни башарӣ ворид гардидааст. Ин ҷашни бостонӣ дар дарозои таърих аслу ҷавҳари худро, ки бар пояи ҳувиятсозию хештаншиносӣ устувор аст, на танҳо аз даст надодааст, балки онро бо тобишу ҷилоҳои тоза давра ба давра , сол ба сол инкишоф дода то ба замони мо беосеб оварда расонидааст.  

 

Санавбар Шарифова – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

       

Яндекс.Метрика