НАВРӮЗ - ҶАШНИ ЭҲЁИ ТАБИАТ

Наврӯз аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳаққиқони бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ густариш ёфтааст.

 

Калимаи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, баробарии рӯз ва бедории табиат мебошад. Дар кишварҳои минтақа ин ид бо расму русуми гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз – ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз мелод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чи хеле ки дар “Наврӯзномаи”-и Умари Хайём дар давраҳои шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён дар “Шоҳнома” гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Дар “Наврӯзнома” гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида, онро ба расму оинҳои мардумӣ табдил дод. Ҳамагон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин маросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешавад. Ҳамчун қоида дар ин ид хӯрокҳо бо ду намуд оро дода мешавад, яъне “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”.

 

Ҳафт син - аз анъанаҳои наврӯзӣ буда, ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи “син” сар мешаванд.

Ҳафт шин - ин номгӯӣ хӯрокҳои рӯи дастархонест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо “шин” оғоз меёбанд. 

 

Ин ид ба дилҳо сурур, ба рӯҳҳо осоиш ва ба табъҳо фараҳ мебахшад. Чунин хусусиятҳои инсонпарварӣ доштаи Наврӯз аст, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди аҷдодӣ ба ҷашнҳои байналмилалӣ табдил ёфт.

 

Cадуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика