НАЗАРИ ДОНИШМАНДОН ВА ҲУҚУҚШИНОСОНИ МУСУЛМОН ДАР БОРАИ ШАХСИЯТИ ИЛМИИ АЛӢ ҚОРӢ

Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Алӣ Қорӣ Ҳанафӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи илмӣ дар мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Агарчи соли таваллуди эшон дақиқан барои тазкиранависон маълум набудааст вале қадри мусаллам он аст, ки эшон дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳироти Хуросон (Афғонистони кунунӣ) ба дунё омада ва ба таърихи 1014 ҳиҷрӣ дар Маккаи Мукаррама аз дори фонӣ риҳлат намудаанд. Ихтилофот ва даргириҳои шадид байни шиъа ва суннӣ боиси ҳиҷрат кардани Алӣ Қорӣ аз ватан ва сабаби иқомат гузидани эшон дар Ҳарами Шариф гардидааст. Дар назди уламои машҳури замонаш таълим гирифт аз ҷумла Абуҳасани Бакрӣ, Саид Закариё Ҳусайнӣ, Шаҳоб Аҳмад ибни Ҳаҷари Ҳайтами, Шайх Аҳмади Мисрӣ шогирди Қози Закариё, Шайх Абдуллоҳи Синдӣ, Алома Қутбуддини Маккӣ ва ғайраҳо. Шахсияти илмии Алӣ Қорӣ то ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз уламо ӯро муҷаддиди қарни 11 ҳиҷрӣ эълон кардаанд. Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ дар фатовои худ навиштааст: «Ҳар шахсе китоби «Хулосат-ул-асар фӣ аъён-ил-қарн-ал-ҳодӣ ъашар»-ро мутолаъа кунад, ба хубӣ барояш равшан мешавад, ки шайх Шиҳобуддини Рамлӣ ва Мулло Алӣ Қорӣ аз ҷумлаи муҷаддидони замони худ будаанд». Ва низ мавлоно Абдулҳай дар китоби «Аттаълиқот-ус-санийя» менависад: «Мусаннафоти ӯро аз назар гузаронидам. Навиштаҳояш хеле арзишманд ва дар мавзӯи худ беназир аст. Барои ишон ғайр аз муаллафоте, ки банда мутолиа фармудааст, рисолаҳои муфид ва бешуморе ҳаст, ки мақоми эшонро ба дараҷаи муҷаддиди алфи сонӣ (ҳазораи дуввум) расонидаанд». Аломмаи Шомӣ ибни Обидин – муаллифи «Радд-ул-муҳтор» дар рисолаи 15-ум аз маҷмӯаи Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора рисола ҳои хеш суханони зайлро аз Алӣ Қорӣ нақл мекунад: « Бо ривояти саҳеҳ аз Паёмбари акрам (с) собит Шудааст, ки Худованд барои пок сохтани диниислом аз хурофот вабидъатҳо дар сари ҳар сад сол олими муҷаддиде мефиристад». Сипас Алӣ Қорӣ изофа мекунад: «Қасам ба Худои бузург, агар касеро дар илми Қуръон ва Ҳадис – чӣ аз назари лафз ва чӣ аз назари маъно – аз худ олимтар медонистам, албатта ба ҳар василае худро ба ҳузури ӯ мерасонидам, агарчи хазида бошад ҳам. Банда ин ҳарфҳоро аз рӯи ноз ва ифтихор намегӯяд, балки ба мақсади зикр кардан ва шукр гуфтан аз неъмати илоҳи мегӯяд». Ибни Обидин дар дунболи суханони Алӣ Қорӣ менависад: «Дар ин суханони Алӣ Қорӣ ишорат аст ба ин, ки ишон муҷаддиди асри худ будаанд ва чӣ қадар ин мақом ба ишон лоиқу арзанда аст, ҳеҷ касе, ҷуз мутаассиби ҳалокшуда, ин дараҷаи муҷаддидиро бар ӯ айб ва инкор намекунад». 

ОСОРИ ИЛМИИ АЛӢ ҚОРӢ

Алӣ Қорӣ (раҳ) дар ҳар риштае аз улуми шаръӣ таснифоте дорад. Маҷмӯаи муаллафоти эшон бинобар маълумоти шайх Муҳаммад Абдулҳалим ибни Абдурраҳими Чиштӣ дар китоби «Албизоат-ул-музҷот» ба 134 адад мерасад, ки номи баъзе аз онҳоро ёдовар мешавем:

1.Асмор-ул-ҷания фи асмои ҳанафия.

2.Асрор-ул-марфуат фи ахбори мавзуат.

3.Шарҳи шифо – аз Қози Аёоз.

4.Ҳизб-ул-Аъзам ва вард-ул-афҳам

5.Шарҳи муснади Абуҳанифа.

6.Салот-ул- ҷавоиз фи салот-ул- ҷаноиз.

7.Мирқот-ул- мафотиҳ шарҳи мушкот-ул-масобиҳ.

8.Ал-адаб фи раҷаб.

9.Таҷрид фи эъробу калимату тавҳид.

10.Шарҳи арбаина Навави. 

11.Фатҳ-ул- муъин шарҳи Канз-ул-Дақоиқ

12.Фатҳ -ул-боби иноя шарҳи ниқоя.

13.Номус фи талхис-ул-қомус. 

14.Эъроб-ул-Қорӣ ало аввали абвоб-ул- Бухори. 

15.Ҷоми-ул-арбаин фи фазои-ул Қуръони мубин.

16.Мусталаҳоти аҳли асар фи нухбат-ул-фикар .

17.Анвор-ул-ҳуҷаҷ фи асрор-ул ҳаҷ. 

18.Шарҳи мушкот-ул-мувата.

19.Фароид-ул-ақоид ало аҳодис шарҳи ақоид.

20.Муниҳ-ул-равзи азҳар фи шарҳи Фиқҳи Акбар.

21.Тазйин-ул-ибора -ли таҳсин-ил-ишора.

 

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                        Наботов  М   

 

Яндекс.Метрика