Назари иҷмолие ба таълимимоти ахлоқии Имом Абуҳанифа

Мавҷудияти ахлоқ, ки пояи устуворӣ пешравии ҷомеа аст, дар тамоми қарну ҷомеъаи башарӣ барои халқу миллатҳо амри зарури ва муҳим буда, пайвасти ногусастани наслҳоро таъмин менамояд.  Ахлоқи ҳамидаи инсон дар ҷомеа  сабаби иззат ва обрумандии инсон, мояи оромии рӯҳ, каромати нафс, адами озори инсонҳо, беҳбудии зиндагӣ ороми ҷомеа, насли солим ва дигар арзшҳое мебошанд, ки ҳасти инсонро дар ҷомеа нишон медиҳад. 
 
Ҷаҳони муосир бо ҳама ҷолишҳо ва паёмадҳояш ба арзишҳои ахлоқии аҳли башар таъсири маънфӣ расонида, ба косташавии ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад. Танҳо мероси фалсафӣ ва арзишҳои фарҳанги метавонад бо ин ҷолишҳо муқовимат кунад. Таълимоти ахлоқии Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит яке таълимотҳои калидие ҳаст, ки барои дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия кардани гароиши ҷавонону наврасон, пешгирии зуҳур ва густариши таассубу хурофот, ифротгароӣ ва падидаҳои дигари манфию хатарнок дар ҷомеа   аҳмияти бориз дорад.  
 
Вобаста ба ҳамин масъала Имоми Аъзам дар васиятномаи худ ба шогирдаш Юсуф ибни Халиди Самтӣ, ки ҳангоми таъсил ба зодгоҳаш Басра бармегашт, чунин ишора намудааст: “... Ҳангоме, ки ту ба шаҳри Басра дохил мешавӣ ва бо мухолифини мо дар он шаҳр рӯ ба рӯ мегардӣ ва бо истифода аз ғурури  илмиат худро аз онон беҳтар медонӣ ва гӯё мехоҳӣ илматро рӯи онон бикашӣ, ин кашмакаш чунон шиддат мегирад,ки рафта-рафта аз нишаст ва бархост бо онон сарбозӣ мезанӣ (саркашӣ мекунӣ). Онҳо бо ту мухолифат мекунанд ва ту бо онҳо, онҳо бо ту қатъи робита мекунанд ва ту бо онҳо. Онҳо туро дашном медиҳанд ва ту онҳоро. Онҳо туро гумроҳ ва мубтадиъ мехонанд ва ту онҳоро ва саранҷом шахсияти ҳардуямон зери суол меравад. Обрӯямон мерезад. Онгоҳ ту маҷбур мешавӣ, ононро тарк гӯӣ ва ба ҷои дигаре фирор кунӣ, аммо бидон ва огоҳ бош, ки ин тарзи тафаккур дуруст нест, ки инсон бо мардум мадоро накунад ва бо дасти худаш шароитеро ба вуҷуд орад, ки дар он бо мардум муросо карда натавонад... Ҳаргоҳ дохили Басра мегардӣ... қадри ҳар як касро бишинос, мардуми шарифу бошахсияро азиз бидор, уламро таъзим кун, ба бузургсолон эҳтиром бигузор, бо кӯчактарон лутф ва нармӣ кун, бо мардуми авом наздик шав.., ҳокими вақтро кам машмор.., ҳеҷ касро таҳқир макун.., аз пазириши даъват ва ҳадя худдорӣ намо”.  
 
Аз муҳтавои суханони Имом Абуҳанифа бармеояд, ки ҳар гуна тазодҳои ақидавӣ метавонад сабаби барангехтани низоъ гардад. Назари Имом дар ин масъала ин аст, ки бояд пули устувор байни ҷаҳонбини динӣ ва илмӣ бошад, зеро шароити кунуни ҷаҳони Ислом ба чунин дидгоҳҳо ниёз дорад.  
 
Имом Аъзам дар Васиятнома ба писараш Ҳаммод насиҳат карда мегӯяд: “Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост иршод ва таъйид кунад, мехоҳам туро ва чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд супорӣ ва дар амал пиёда кунӣ, умедворам ки иншооллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ...” .
 
Дар таълимоти ахлоқии Имом Аъзам ахлоқ ба воситаи ақли инсон ба вуҷуд омада, ба андеша ва ҷаҳони ботинӣ ӯ робитаи мутақобила дорад. Андешаи инсон дар ҳар марҳила ё барои фаъолияти амалии ӯ ё барои офаридани чизе равона гаштааст, ки тавассути мафкураи хеш роҳи дурусти онро интихоб мекунад. Вобаста ба ҳамин масъала Имом Аъзам натанҳо фазилати донанда, балки фазилатҳои ахлоқиро нерўҳое меҳисобад, ки ба разилатҳои нафсонӣ мубориза мебаранд. «Одами тамаъҷӯ, дуруғгӯ ва муғолатаандоз набош, балки мурувват ва ҷавонмардиро дар тамоми корҳо ҳифз намо».  Ё ин ки «Ё ин ки «ҳамеша ғинои қалб дошта бош ва аз худ ҳирсу рағбати камтаре ба дунё нишон бидеҳ  Бо вуҷуди он ки номдор ҳастӣ, худро барои касе зоҳир насоз». 
 
Фалсафаи амали Имом Аъзам дар заминаи донишҳои амалӣ вобаста ба кирдору рафтор ва гуфтори  инсон матраҳ мегардад. Дар ҷаҳонибини ахлоқии вай фард ва ахлоқ ба ҳам тавъам буда, аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Осори фалсафаи ниёгони мо ва мероси фалсафии мутафаккирони юнонӣ, мабдаи ҳаракат ва андешаи инсонро «нафс» - ҷон номидаанд.  Таърихи фалсфа ҳеҷ ҳикматеро ёд надорад, ки аз нафс баҳс накарда бошад ва нафс аз давраҳои қадим то имрӯз мавзӯи ҳамешагии осори фалсафии ба инсон бахшидашуда аст». 
 
Масъалаи нафс (ҷон) дар осори мутафаккирони асримиёнагии тоҷик яке аз масъалаҳои баҳсбарангезу доманадор буд, ки на ҳар донишманде метавонист дар атрофи он андешаронӣ кунад. Нобиғагоне аз намояндагони ин миллат ба монанди Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино тавонистанд, ки дастовардҳои илмӣ-назариявии мактабҳои гуногун ва намояндагони машҳури ҷаҳони илму маърифати тоасримиёнагиро ба риштаи таҳқиқ бикашанд ва андешаҳои бикр ва созандае аз худ ба мерос бигузоранд. Дар таълимоти Имом Аъзам ин масъала чунин шарҳ ёфтааст. «Касе каромати инсонӣ ва қадри нафси худро бидонад, дунё дар назараш беарзиш бошад ва сахтиҳояш бар вай осон гарданд».  
 
Пас худи нафс чист? Абубакри Розӣ нафсро чунин менигорад. Нафс – мавҷуди олами дигар аст. Лекин ба сабаби мафтун ва «ошиқ» гаштан ба модда (материя) ва омехтан бо ў аз олами худ фаромўш кардааст. Барои роҳат ва лаззати хеш нафс мехоҳад, ки аз моддаи азалӣ оламе бисозад, лекин тавони онро надорад ва сахт азият мекашад. Офаридгор ба вай раҳм карда барои сохтани олам ба ў ёрӣ мекунад».  Исботи мавҷудияти нафс барои инсон ин возеҳтарин ва зоҳиртарин чиз андар зоту ҳақиқати вай мансуб меёбад. Сабаби асосии ҳастии инсон, ва мавҷудияти биологии вай, нафси ӯ ба ҳисоб меравад.  
 
Нафс қобилияти таъсир дар табиати инсон ва сифатҳои ўро дорад. Ва ин таъсир гоҳо чунон бузург мешавад, ки метавонад ба одатҳои барқароргашта ғалаба кунад ва бар он ҳолате мерасад, ки ба он муқобилият кардан номумкин мегардад. Барои ҳамин одамони ба хоҳишоти нафсонӣ гирифтор гашта, дар натиҷа ба ҳолате мерасанд, ки дигар лаззат аз онҳоро ҳис намекунанд, вале тавони аз онҳо рўўгардонданро надоранд. Ба қавли Имоми Аъзам «ҳамеша бар нафси худ муроқибат ва назоратгар бош ва илмро ҳис ва посдорӣ намо, то дар дунё ва охиратат аз он баҳравар гардӣ».  
 
Хулоса, Имом Аъзам дар масъалаҳои ахлоқӣ ва инсоншиносию равоншиносӣ  андешаҳои мубрамро барои ҷомеаи инсонӣ пешниҳод намудааст, кпи имрўз низ аҳамияти баланди тарбиявию маърифатии худро ҳифз кардаанд.
 
Илҳом Қурбоншоев - мутахасисси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ 
Яндекс.Метрика