НАЗАРИ МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ ДАР БОРАИ ШАХСИЯТИ ИМОМ АБӮҲАНИФА

Дар бораи Имом Абӯҳанифа бисёр мутафаккирону олимон чӣ дар тӯли таърих ва чӣ дар даврони муосир назари худро баён доштаанд ва нисбаташ тадқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонида, ҷавҳари таълимоти ин шахсияти маъруфро, ки дар ҷаҳони ислом корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, пешкаши хонандагон кардаанд [5, 6]. Яке аз мутафаккирони барҷастаи асримиёнагии Шарқ Муҳаммади Ғаззолӣ [1, 11] низ назари хешро нисбати шахсият ва таълимоти асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафия [8, 9, 10] ва олими шинохтаи илми фиқҳ Имом Абӯҳанифа баён доштаанд [2]. Аз нигоҳи Муҳаммади Ғаззолӣ Имом Абӯҳанифа бисёр шахси ботақво, зоҳид, ориф ва худотарс буд, ки мақсади бо донишҳои худ дар роҳи Аллоҳ хизмат карданро дошт [2].

Муҳаммади Ғаззолӣ оид ба омезиш надодани масъулияти динӣ бо вазифаҳои сиёсӣ аз ҷониби Имом Абӯҳанифа ёдовар шуда, аз Робеъ ибни Осим чунин ҳикояте меорад: «Язид ибни Умар ибни Ҳубайра маро бо супорише назди Имом Абӯҳанифа фиристод ва ман бо Имом Абӯҳанифа ҳамроҳ ба назди ӯ омадем. Язид мехост, ки Имом Абӯҳанифа мудири хазина (байт-ул-мол) шавад, вале ӯ ин мансаби давлатиро рад намуд ва ба ҷазои зарбаи бист тозиёна гирифтор шуд» [2]. Оиди ин воқеа инчунин Ҳакам ибни Ҳишшоми Сақафӣ мегӯяд, ки дар Шом (Сурия) ба ман ҳикоят намуданд, ки Имом Абӯҳанифа яке аз шахсони бисёр росткор буда, султон ба ӯ фармуд, ки ӯ ё мудири хазинаи вай мешавад ё ҷазои тозиёнаро қабул менамояд ва Имом Абӯҳанифа ба худ масъулияти эътиқодиро аз ҷазои рӯизаминӣ дороии индунёӣ болотар дониста, онро қабул накард [2]. Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд, ки бинед Имом Абӯҳанифа чи хел аз соҳиб шудан ба мансаби давлатӣ ва дар даст гирифтани ҳокимияти давлатӣ худдорӣ менамояд [2].

Мутафаккир дар ҷои дигар оид ба рад кардани мансаби қозигӣ аз ҷониби Имом Абӯҳанифа маълумотҳо овардааст. Ривоят мекунанд, ки ба Имом Абӯҳанифа мансаби қози калони Бағдодро пешниҳод карданд ва ӯ гуфт, ки ман ба ин мансаб муносиб нестам. Ӯро пурсиданд, ки барои чӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки агар ман дар муносиб наомаданам ҳақ бошам, пас ба ин мансаб муносиб нестам ва агар муносиб наомаданам дуруғ бошад, пас дуруғгӯй ҳуқуқ надорад адолати қазоиро ба амал барорад [2].

Мутафаккир мегӯяд, ки аз суханҳои Муҳаммад ибни Шуҷоъ яке аз ҳамсафони Имом Абӯҳанифа ривояте аст, ки мувофиқи он ба Имом Абӯҳанифа гуфтанд, ки ҳокими муъминон Халиф Абуҷаъфари Мансур фармуд, ки ба шумо ба сифати мукофот даҳ ҳазор дирҳам диҳем. Имом Абӯҳанифа ба гирифтани он розӣ нашуд. Дар рӯзи овардани инъом Имом Абӯҳанифа саҳар намоз хонда ба сараш ҷома кашида суҳбаткуниро қатъ кард. Ҳасан ибни Каҳтаба намояндаи Халиф бо пулҳо ба назди Имом Абӯҳанифа омад, вале ӯ бо вай гап назад. Яке аз ҳозирбудагон ба Ҳасан ибни Каҳтаба гуфт, ки ӯ бо мо низ бо калимаҳои алоҳида гап мезанад, яъне одати ӯ чинин аст. Ҳасан ибни Каҳтаба супориш дод, ки пулҳоро дар халтачае гузошта дар  кунҷи хона гузоранд. Баъди ин воқеа Имом Абӯҳанифа моликияти худро ба мерос гузошта, ба писари худ гуфт, вақте ки ман аз дунё мегузарам баъди дафн карданам ин ҳамёнро гирифта ба назди Ҳасан ибни Каҳтаба рав ва ба ӯ гӯй, ки пулҳои дар нигоҳдории Имом Абӯҳанифа гузоштаашро гирад. Писараш гуфт, сипас ман ҳамон тавр рафтор кардам. Ҳасан ибни Каҳтаба гуфт, ки Худо дар раҳматаш падари туро нигоҳ дорад, ки ӯ дар дини худ бисёр аниқ буданд [2].

Мувофиқи ривояти дигар дар бораи Имом Абӯҳанифа дар назди Ибни Муборак суханҳои на он қадар хуб гуфтанд ва ӯ ба эшон гуфт, ки шумо шахсе, ки ба ӯ тамоми нозу неъмати дунёро пешниҳод карданд ва ӯ онҳоро қабул накард, боло бардоред [2]. Мақсад аз рад кардани мансабҳои давлатӣ ва хизматчии давлатӣ шудан эҳтимол он буд, ки Имом Абӯҳанифа ҳаёт ва фаъолияти худро пурра ба инкишоф додани илм ва ташаккули инсони порсо бахшидан буд [4] ва ин ҳамон тавр ҳам шуд.

Муҳаммади Ғаззолӣ назари худро дар бораи саҳми Имом Абӯҳанифа дар инкишоф додани ҳуқуқи мусулмонӣ низ баён намудааст [2]. Бояд қайд кард, ки аз чор се ҳиссаи илми муосири фиқҳ аз ҷониби Имом Абуҳанифа таълиф гардида, як ҳиссаи боқимондаи он низ дар асоси асарҳои ӯ коркард шудааст [3, 7]. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда таълимоти ақлиро дар ҳалли масоили фиқҳӣ инкишоф додаст [10]. Аз назари Муҳаммади Ғаззолӣ Имом Абӯҳанифа шахсе буд, ки ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ машғул гардида, дар таҳияи сарчашмаҳои дуюминдараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ камар бастааст [2]. Алалхусус, аввал ба эҷоду таҳкиқи иҷмову қиёс ва баъдан ба иҷтиҳоду фатво. Аз таълимоти Имом Абӯҳанифа сар карда, тамоми уламои ҳанафӣ ба иловаи сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ – Қуръон ва Сунна инчунин иҷмоъ ва қиёсро расман пазируфтанд.

Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд, ки Имом Абӯҳанифа инчунин дар амалигардонии сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштааст. Хусусан, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Имом Абӯҳанифа дар коркарди усулҳои амалигардонии сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ – Қуръон ва Сунна бағоят калон аст [2]. Дар такя бо ақл ҳанафиён бо сарварии Имом Абӯҳанифа дар татбиқи сарчашмаҳои дуюминдараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ низ васеъ машғул гардиданд. Муҳаммади Ғаззолӣ доир ба фаъолияти фиқҳии Имом Абуҳанифа ривоятҳои хеле зиёд овардааст [2]. Беҳуда нест, ки мутафаккир назари худро дар бораи Имом Абӯҳанифа бо суханҳои зерин ҷамъбаст намудааст: «Ин ҳама нишонае аз доштани донишҳои ғайбӣ, шуғлдорӣ ба корҳои асосию зарурии динии Имом Абӯҳанифа шаҳодат медиҳанд, чунки ба касе ки хомӯшӣ ва парҳезкориро Худованд ато кардааст, ба ӯ низ тамоми донишҳоро додааст» [2].

Баъди омӯзишу тадқиқи мавзӯи мазкур ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:

1. Имом Абӯҳанифа ба рушди ҳуқуқи мусулмонӣ машғул гардида, мактаби ҳуқуқии ҳанафияро дар Ислом асос гузошта, дар ҳалли проблемаҳои ҳуқуқии замони худ хизмати бузург кардааст.

2. Омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани таълимоти олими шинохтаи илми фиқҳ Имом Абӯҳанифа, ки он саршори меъёрҳои ахлоқӣ, диннӣ ва ҳуқуқист, дар шароите, ки гурӯҳҳои мухталиф имони мардумро сӯистифода менамоянд, аз аҳамият холи нест.

 

АДАБИЁТ:

1. Абу Хамид Мухаммад ал-Газзали. Опровержение философов / Пер. с араб., вст. ст. и ком. М. Диноршоева и З.М. Диноршоевой. – Душанбе: «Дониш», 2008. – С. 3-110.

2. Абу Хамид Мухаммад аль-Газали ат-Туси. «Ихйа улум ад-дин» Возрождение религиозных наук. Том I. Первая четверть о видах поклонения. Часть I / Пер. с араб. Насыров И.Р., Ацаев А.С. – М.: «Нуруль Иршад», 2007. – С. 149-151.

3. Абу Ханифа – Википедия // ru.wikipedia.org/wiki/ - сохраненная копия еще с сайта.

4. Имам Аъзам Абу Ханифа (698-767) // Газета «Вера», № 3 (Казань, 1995) // Исламская цивилизация. Абу Ханифа. // www.kcn.ru/…/islam/civilization /khanifa.htm сохраненная копия еще с сайта.

5. Мавлоно муфтӣ Муҳаммадошиқи Илоҳӣ. Васиятҳои Имом Абӯҳанифа / Мутарҷим: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ. Баргардон: Акбаралии Азиз. – Душанбе: «Сафват», 2009. – 32 с.

6. Мирзозода Ғ. Маърифати Имом Абӯҳанифа. – Душанбе: «Паёми ошно», 2009. – 48 с.

7. Основатели 4-х мазхабов – опора ислама. Мухтасар ильмихал // muhta-sar.narod.ru/102.html сохраненная копия.

8. Рустам Батыр. Абу-Ханифа. Жизнь и наследие. Часть 1. Серия: Ханафитское наследие. – М.: «Медина», 2007. – 288 с.

9. Холиқов А.Ғ. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (аз давраи пайдоиш то интиҳои асри ХIХ). Қисми 1. – Душанбе: Матбуот, 2002. – С. 104-105.

10. Холиқзода А.Ғ. Пешво ва оини давлатсозӣ. – Душанбе: МН «Дониш», 2021. – С. 423-441.

11. Шоев Ф.М. Муҳаммади Ғаззолӣ ва таълимоти давлатию ҳуқуқии он // Олимони ҷавон ва илми муосир. Барориши 4. Маводи конфронси IV-уми илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДДМТ. – Душанбе: «Ҳумо», 2004. – С. 98-103.

Шоев Фируз Маҳмадаминович - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

Яндекс.Метрика