Назари параллелӣ ба мушкилии сиёсисозии дин ҳамчун омили хатарзо

«Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад. Бинобар ин, мо ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, ба рушди онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ муносибат мекунем».                         
                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
Таърих гувоҳ аст, ки чи дар сиёсати Шарқ ва чи дар Ғарб муносибати давлат ва ҷомеа бо ҷаҳонбинии динӣ дар қатори дигар факторҳои марказии таъсиррасон ба вазъи зиндагии мардум дар муайян кардани сифат ва мазмуни низоми идораи ҷамъият, табиати зиндагии халқҳо ва мазмуни таъмин ва ё инкори хуқуқу озодиҳо ҳамеша таъсиргузор будааст. 
Давраҳои ҳукмронии хулафои араб дар Осиёи Марказӣ бо фаъолшавии таъсири дин дар сиёсати давлатӣ, ташаккул ва рушди давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён бо омезиши дин ва ҳуқуқ бо урфу одатҳои халқҳои тасхиршуда, таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ ва хориҷ шудани дин аз майдони сиёсат ва ҳуқуқ дар Осиёи Миёна аз пораҳои ҷудогонаи таърихиест, ки бо мазмуну муҳтавои худ аз дигар замони таърихӣ тафовутҳо доранд. 
Айнан ҳамин тавр воридгардии дини насрония ба низоми идораи салтанати Рим дар асрҳои 4 - 5 милодӣ бо тамоми даврони қафомонии Аврупо дар асрҳои Миёна то замони Эҳё ва хориҷшавии дин аз майдони сиёсати давлатдории Аврупо дар миёнаи даврони Эҳё ва оғози Замони нав, аз давраҳои таърихиии давлатдорие буданд, ки дар муносибат бо фактори динӣ дар мазмуни идораи давлату ҷомеаҳо тағйироти назарраси мазмунӣ ва сифатӣ эҳсос шудааст. 
Новобаста аз гузашти ҳангуфти ҳодисоту моҷароҳо, рушду шикастҳои таърихӣ, дастоварду музаффариятҳо, низоъу моҷароҳо ва фурўравии қудратҳо бо маҳдудиятҳои маънавию таърихӣ, собиқаи идораи Шарқ (дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ) ва Ғарб дар Олами куҳан равшан сабақ дод, ки омезиши дину сиёсат ба манфиати рўшди ҷомеаҳо, давлатҳо ва покизагии эътиқод ва имони мардум дар умум мусоидат накардааст. 
Хулосабардории мо дар ин навишта аслан, бо таҳлили давлатдориҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна тавъам аст ва пасманзари он танҳо ба ояндаи рушди давлатдории миллию дунявии Тоҷикистон ва оромии фазои динии кишвар нигаронида шудааст. Мо, албатта, ба роҳи интихобкардаи халқу миллатҳо дар муайян намудани таносуби давлату дин арҷ мегузорем ва роҳи онҳоро ҳамчун ҳуқуқи худмуайянкунии халқу миллатҳо эътироф мекунем. Дар баробари ин нақди сўиистифодаи арзишҳои диниро дар майдони манфиату ғаразҳо аз назари одоби илмӣ, эътиқоди шахсӣ ва мавқеи шаҳрвандӣ, на ба хотири озори эҳсосоти қавм ё миллате, балки ҷиҳати дарёфти роҳи дурусту беҳтари рушди ҷомеаҳо вазифаи худ донистем. 
Дар Аврупо вақте протестантҳо ва католикҳо фраксияҳои сиёсӣ ташкил карданд, онҳо то он дараҷа ба сиёсат ва моҷароҳои сиёсӣ махлут шуданд, ки боигариҳои Аврупоро дар ҷангҳои мазҳабию динӣ сўхта нобуд сохтанд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳлилҳои илмӣ рўшан менамоянд, ки бо вуҷуди пухта расидани решаҳои илмию сиёсии замони Эҳё, Олами куҳанро аз асорати дини Попи Рим танҳо неруи сиёсӣ ва садои ҷонхароши сиёсатмадорони шаҳире чун Марсилий Падуанский, Н. Макиавеллӣ, Сервантес  ва дигарон не, балки  ҳамовозии бедорию ҳушёрии худи мактабдидагони динӣ, ки дар озодии дин аз сиёсат рушди эътиқодии фактори диниро дарк карданд ва ҳамроҳ бо неруҳои «ҳаракатдиҳандаи даврони Эҳёи Аврупо бузургтарин олимон, хирадмандон, суханварон, донишмандон, рассомон, меъморон, муборизон, фидоиёни ватан ва миллати худ»  дар муборизаи ҷудонамоии дин аз сиёсат ба по хестанд, наҷот дод. 
Муҳаққиқ, С. Ятимов дуруст таъкид мекунад, ки «Бузургтарин намояндаи ин равия руҳонии машҳури немис Мартин Лютер (1483-1546) буд. Ў ба мардуми худ, ба ибодаткунандагон эълон дошт: «Оғоз аз ин лаҳза баромадан аз султаи бегонагон, Попи Рим вазифаи ҷонии ҳар як немис аст!».
Давроне, ки Рим ба сиёсисозии дин даст зад воқеан кори давлату давлатдорӣ ва адли умум яксара дар асрҳои миёна ба фасоди саросарии молию ахлоқӣ гирифтор гашт. Садои Маккиавелӣ, Ҷ. Бруно, Т. Гобс, Ф. Бекон ҷиҳати халосии давлатҳои Аврупоӣ ба гўши попҳои римӣ ва эҳёи худшиносии миллатҳои Аврупо ба таври комил таъсир нарасонид. Вале эътирози ислоҳотгароёнаи илоҳиётшиноси насронӣ (протестантҳо ва калвинистҳо) Мартин Лютер (31 октябри соли 1517, 95 тезисро дар дарвозаи калисои Виттенберг навишт), Ствингли (Цивингли), Жан Калвин бинои харобшудаи давлату дину Римро яксара аз ботин дар Аврупо ларзонид, парда аз рўи инкивизатсия ва лашкаркашиҳои ордендорони манфиатхоҳ ва дигар рафторҳои ношоистаи дингароёни мансабталаб бардошт.
Мартин Лютер аз асоситарин идеологҳои ислоҳотгарои калисоӣ ба тамоми мансабдорони дунявӣ – императорон, князҳо ва дворянҳо муроҷиат намуда, ногузири ислоҳоти калисоро масъалагузорӣ намуд. Ў ишора кард, ки калисо ба дараҷае ба гуноҳ ғутидааст, ки худро наҷот дода наметавонад ва онро наҷот додан даркор аст. Инсони гунаҳкорро ба андешаи ў бахшишпурсии хизматгори муқаддас (индулгенсия) наҷот дода наметавонад. Ҳимояи Исо дар рўзи додгоҳи илоҳӣ ба имон табдил меёбаду амалҳои неки инсони аломати имондорию муҳаббат ба наздикон аст. Умеди халосӣ бастан ба Попи Рим маънӣ надорад, «вай ба кирме табдил ёфтааст, ки ангурбоғи Худовандро тороҷ менамояд».
Соли 1530 асное, ки рейхстаг дар Шпейер аз номи император ва Попи Рим бо таҳдиди истифодаи эдикти Ворм ба муқобили мулҳидон, онҳое, ки аз дохили дин ба муқобили калисо мубориза мебурданд, баромад намуд, 5 нафар князҳо аз намояндагии 14 шаҳр ба муқобили чунин иқдом эрод навиштанд, ҳамин тавр ҳаракати бо ном ислоҳотгароёнаи дини насрония номи худро ба ҷараёни эродгирандагон  протестантҳо ғанӣ намуд ва ин ҷараён бо мурури замон қудрати сиёсии Попи Римро дар Аврупо то ба нуктаи зарурӣ маҳдуд намуд.
Ба ин бедории сиёсӣ ва динии Олами куҳан, албатта таъсири худро омили рушди илмӣ, худшиносии сиёсии миллатҳои Аврупо, заволи унсурҳои идораи феодалӣ ва ташаккули аломатҳои иқтисоди сармоядорӣ, фактори таъсиси давлатҳои миллӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳии халқҳои он расонид. Дар фарқият аз Шарқ – Ф. Фукуяма дуруст таъкид менамояд, ки дар Аврупо «либерализми Англия» ҳамчун аксуламали бевосита ба таассуби динии давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Англия баромад намуд .
Чунин аксуламалро Шарқ пайдо нанамуд, зеро ҷой ва мавқеи таассуби динии Шарқро пас аз ҳар салтанатҳо салтанатҳои дигар ва ё ғосибони саҳро¬нишину кўчманчӣ иваз намуда, аз доираи сиёсати ғорат¬гарона ва идоракунии монархиявӣ берун нарафта, заминаҳои рушди бевоситаи иқтисодӣ ва навъҳои неруи меҳнат такмил намеёфт. Илми Шарқӣ ба сони илми ғарбие, ки дар асрҳои 4 милодӣ бо вуруди насрония ба салтанати Рим рў ба гурез ба самти Шарқ намуда буд, на танҳо пойгоҳи мувофиқи ҳиҷрат пайдо накард, балки бештар аз он вай дар ҳалқаи асорати ҷаҳонбинии динӣ ба «доми тазвири манофеи мухталифи сиёсию  эътиқодӣ» зиндонӣ шуд. Намоҳои беҳтарини он, ки ҳуввияти эътиқодӣ ва илмии худро дифоъ карданӣ шуданд ба шохаю ҷараёнҳои хуфияю пўшида табдил ёфта, баъзеашон бо навиштани асарҳои адабию ахлоқӣ худро ба олами бетарафӣ патофтанд. Табиати минтақа, табдили неруҳои сиёсӣ ва муноқишаҳои минтақавӣ ба ин равандҳои асорати маърифатӣ дар маҷмуъ мусоидат мекард. 
Давлатҳои аврупоӣ муддати тўлонӣ ҷиҳати соҳибихтиёрии худро нигоҳ доштан дар мубориза бо Попи Рим аз дохил ташаккул меёфтанд, ки он ба нуктаи баланди худ дар Замони Эҳё ҳамчун раванди фарогири эҳсосотии ҷомеа пухта расид. Эҳсосоти озодманишии дастаҷамъии халқиятҳои Осиёи Миёна дар ҳамовозӣ бо ҳаракатҳои сиёсии низоми идора агарчанде дар асрҳои Х пайдо шуда, ба халқҳои минтақа, дар заминаи эҳсоси мероси сиёсии ниёгонашон, озодиҳои нисбии сиёсие дода бошад ҳам, мобаъд зери факторҳои мухталифи дигар ин ҷараён рушд накард. 
Дар муборизаи қавмии дохилии халқҳои Осиёи Миёна нахуст агар фактори динӣ ҳамчун омили пастравии эҳсосоти миллию озодихоҳии халқиятхои ҷудогона баромад карда бошад ҳам, баъдан адами рушди иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ташкили дурусти низоми идораи давлату ҷомеаҳо минтақаро ба даврони стагнатсияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бо тазодҳои бемаънии дохилӣ мубтало кард. Дар ин муборизаи дохилии дин, сиёсати нодуруст, ҳуқуқи ба бўҳрон гирифтор гашта, набудани шахсони сиёсии ислоҳотгаро ва унсурҳои дигари иҷтимоию сиёсӣ дар ҳамбастагӣ  асаргузор гаштанд. 
Бар хилофи онҳое, ки ба дин ҳамчун унсури зарурӣ ва доимии манзараи сиёсӣ дар он давра бовар доштанд, дар Аврупо аввал реформатсия ва сипас либерализм нақши динро тадриҷан маҳдуд кард. Заминаи реформатсияи Аврупоро воқеан илм гузошт ва рўшанфикрии рўҳониён сари вақт ба он ҳамовоз шуд. Илме, ки дар замонаш Ал Форобию Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Синою Муҳаммади Хуҷандӣ ва дигарон тавассути тарҷумаи суриёию арабӣ аз Юнону Рим гирифта такмил дода буданд. Аврупоиҳо баъдан, илми тавсеаёфтаи Юнону Римро тавассути асарҳои илмии фарҳанги исломӣ қабул намуда, онро дар шароити худ рушд доданд. 
Донишгоҳу донишкадаҳои аврупоӣ тақрибан шаш аср асарҳои Абуали ибни Сино, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва дигаронро таълим дода, заминаи рушди илмӣ ва бедории тафаккури илмии худро ташаккул доданд. Ин буд, ки баъд аз адоват ва муборизаҳои бисёрасра бо либерализм, дин таҳаммул¬гароиро пеша кард. Аммо дар Шарқ дин бо дастгирии низомҳои сиёсӣ ба муборизахои сиёсӣ кашидашуда даст ба манфиатҳои дунёӣ зада, бо ҳар роҳу восита илм ва озодиҳои илмиро дар асрҳои миёна, ба вижа зери таъсири муборизаҳои қавмӣ ва қабилаҳои кўчию саҳронишини истилогар буғӣ мекарданд ва бо ҳамин сабаб садди роҳи инкишофи озоди ҷаҳонбинӣ шуданд. Низоми сиёсӣ ба карру фар ва уснусрҳои дигари қавмию қабилавӣ дода шуда, ба рушди рукнҳои давлатдорӣ диққат намедод. Дин дар дасти гурўҳҳои ба фитнаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ кашидашуда ба бозичаи сиёсии низомҳои сиёсӣ табдил ёфт. Тафаккури мардуми кишварҳои Осиё нарм ва мавзун зери асорати ҷаҳонбинии тундравонаи динӣ ва беақлии ғоратгарони давру замон ба хоби ғафлат рафт.
Аммо дар Аврупои замони Эҳё бедории фикрии ҷомеаҳои миллӣ дар баробари рушди илму фарҳанг динро ба мақоми аслии худ нишонд. Яъне дин аз саҳнаи ҳаёти сиёсӣ ба доираи ҳаёти шахсӣ гуселонида шуд - ин гуселнамоӣ ба чи муҳлат буд, касе гуфта наметавонист, вале яқин ва мусаллам он буд, ки аз ин ҷудогардонӣ, ҳам дин бурд карду ҳам давлат. Илм озод шуд, давлатҳои Аврупо рушд карданд ва дини насрония аз нав ҳамчун эътиқоду имон мақому манзалати рўҳонии худро пайдо намуд. Акнун дин дар доираи мавзуъҳои маҳдуд, масалан масъа¬лаҳое чун исқоти ҳамл, тарбияи ахлоқӣ ва динии ҷаво¬нон, баланд бардоштани ахлоқи ҷамъиятӣ… истифода бурда мешуд . 
Дар давлатҳои Шарқ ва Осиёи Миёна равандҳои таърихӣ дигаргунатар сурат мегирифт. Дар кишварҳои Осиёи Миёна дуршавии дин аз ҳаёти сиёсӣ тавассути инқилоби сотсиалистӣ дар асри гузашта рух дод. Баъд аз барқароршавии ҳокимияти шўравӣ дар Осиёи Миёна доираи таъсири ҳуқуқи исломӣ қатъ гардида, он дар доираи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ то соли 1929 боқӣ монд. Баъдтар доираи истифодаи он аз муҳити оила низ расман берун  шуд. Ҳуқуқи исломӣ дар баробари ин ҳама маҳду¬диятҳо дар ҳаёти воқеӣ мавқеи худро ҳамчун ҳуқуқи зинда, то ҳадде дар муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ (дар масъалаҳои никоҳ, талоқ, мерос) дар муносибатҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ (қа¬сос) ва ҳуқуқи гражданӣ (бастани шартномаҳо) дар қис-мат¬ҳои ҷудогона дар омехтагӣ бо одатҳо ва анъанаҳои ҳуқуқӣ ғайрирасмӣ нигоҳ дошт. Вале бо мурури замон ҷой ва мавқеи онҳоро қонунгузории нав бо меъёрҳои нави соҳавӣ ишғол намуд. Мисол, институти қасосгирии исломӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ манъ гардид. Ислом ва шариати мусулмонӣ тадриҷан аз майдони сиёсат ва ҳуқуқӣ расмӣ  берун карда шуд. 
Бо вуҷуди ҳама вижагиҳои равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар олами шарқӣ замони шўравӣ як навъи консепсияи ҷудоии динро аз давлат роҳандозӣ кард, ки ба инобат гирифтани он дар рушди мафкура ва коркарди консепсияҳои сиёсати давлатӣ дар муносибат бо дин дар оянда аҳамияти назарӣ ва амалӣ дошт. Муддати беш аз 70 солаи таърих дар қатори камбуду норасоиҳо дастовардҳои нодири мафкуравӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро доро буд, ки дар заминаи адлу инсоф дар ташаккули инсони солеҳ нақши боризро доро буд. Ин буд, ки инсони дар замони шўравӣ тарбия ёфта, аз назари маънавӣ ва ахлоқӣ дар қиболи наслҳои дигари ҷомеаҳои сармоядорӣ афзалиятҳои ахлоқии худро доро буд. 
Аҷиб ва ҳатто то интиҳо аксуламали даркношудаи ин беруннамоии дин аз майдони сиёсат ба назари бисёриҳо он аст, ки вазъи имону имондории мардуми мусулмони шўравӣ ва рафторҳои ҳамидаи мардуми мусулмони он давр ҳамроҳ бо вазъи эътиқоди омма аз вазъи имрўзаи мардуми мусулмон, ки дин ба маротиб озоду фарогиртар дар муносибатҳои иҷтимоӣ аст, ба назари ағлаб беҳтару хубтар будааст. Ба назари бисёриҳо ин ба ҳамон сабаби ҷудо будани дин аз сиёсат вобаста аст.    
Баъди зиёда аз 70 соли даврони шўравӣ, бо заҳматҳои сиёсати созандаю ободкунандаи Пешвои миллат бо шарофати истиқлоли миллӣ ислом ҳамчун дин боз дар кишвар расмӣ гашт. Мазҳаби ҳанафӣ аз равияҳои эътиқоди расмии мардуми Тоҷикистон дар қонунгузорӣ эълон гашт. Теъдоди масҷиду таълимгоҳҳои динӣ рў ба афзоиш намуд, вале осебпазирию каҷравиҳои динӣ низ дар фазои озоди давлати демократӣ рў ба афзоиш намуда, истифодаи минбар бо мақсадҳои ғаразнок ошкор гашт. Ба назар чунин мерасид, ки иддае аз мардум дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ ба қадри неъмати озодиҳои динӣ нарасида, ба зиёдаравиҳо даст заданд. 
Аксари онҳо дар ибтидо дуруст дарк нанамуданд, ки ин расминамоии дин, на ба хотири баргардонидани дин ба майдони сиёсат ва ҳуқуқ буда, балки эътирофи ҳаққи мардуми диндор дар паҳнои Конститутсия, эҳтироми ҳукуқу озодии виҷдон дар давлати миллии дунявӣ ва васлшавии ҳуқуқии низоми давлати мустақили миллии тамоюли демократӣ дошта, ба ҷомеаи мутамаддин буд. Ин эътирофнамоии озодии ақидатӣ зери сиёсати созандаи Роҳбари хирадманд ба хотири таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдонии ҳар мусулмон буд, ки тавонад талаботи ботинии имонӣ ва ақидавии худро дар фазои озоди давлати Тоҷикистони дунявӣ амалӣ намояд. Аммо иддае инро нодуруст қабул карда, ошкору пинҳонӣ ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ, ҷиҳати соҳиб шудан ба манфиатҳои нопоки хеш боз ҳам барои баргардонидани дин ба майдони сиёсат дар ҷамъият кўшишҳо намуданд ва то ҳоло ин кушишҳо ба мушоҳида расида истодаанд. 
Онҳо ба андешаи он ки пайванди давлатдории миллии моро пас аз беш 70 сол аз сари нав ба ҳамон решаҳои қаблиаш гардонанд, воқеияти зиндагӣ ва рушди ҷомеаро тайи солҳои шўравӣ ва табдили воқеии мафкураи мардумро ба инобат нагирифтанд. Онҳо аслан зидди қонунияти таърихӣ ва аслҳои рушди ҷомеа ҳаракат карда, ҷомеаи назаран ва амалан пешрафтаро ба қолабҳои кўҳнашудаи таърихӣ кушиши  васл намудан карданд. 
Агар то замони шўравӣ ислом нуфузи калон дар ҷамъият доштаву то ҳадде ҳуқуқи амалиро соҳиб буд, баъ¬ди пошхўрии шўравӣ демократияи кишварҳои нав исломро ҳамчун дин ва эътиқод қабул намуда, озодии тоату ибодатро таъмин намуд, вале дар баробари ин нақши онро дар арсаи сиёсат ва ҳукуқ то ҳадди имкон маҳдуд сохтанд. Ин ҳолати табиии рушди давалатҳо дар замони муосир буд. Зеро давлатҳои миллӣ роҳи худро ба сўи ҷамъияти демократӣ ва шакли идораи республикавӣ расман эълон намуданд. Аз дастовардҳои нисбии демократияи замони шўравӣ даст накашида, халқҳои ин минтақа боз ҳам паҳнои васеътарро барои эътиқод масъалагузорӣ намуданд. Аммо онҳое, ки ба эҳёи сиёсии ислом манфиатдор буданд ин дигаршавиро хуб напазируфта, ҳанўз дар андешаи бозгашт ба режими исломиро дар дил мепарвариданд. Ин андешаи худро онҳо бо ду далели на он қадар устувор ва мантиқӣ масъалагузорӣ менамуданд. Яке ин ки дин дар замони шўравӣ ба таври назаррас маҳдуд гашт, нисбати вай адолат бояд барқарор гардад. Дуюм ин ки таҷрибаи баъзе аз кишварҳое, ки аз қафои тамаддуни ғарбӣ ва дастовардҳои Ғарб рафтанд, ногузир ба шикаст рў оварданд. 
Камбудии аслӣ ва марказии онҳо ин буд, ки онҳо воқеиятро ба инобат гирифтан намехостанд. Онҳо намедиданд ва фаҳмидан намехостанд, ки нақши дин дар ҷомеа¬ҳои нав ва пешрафта дигаргуна буда, вай аз саҳнаи сиёсат одилона берун рафта, ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ ҳақиқатнигорона реша давондааст. Дигар ин ки онҳо таърихро дуруст фаҳмидан ва дарк кардан намехостанд. Зеро аслан дар ҷомеаҳои ҳавзаи фиқҳи ҳанафӣ ба хусус дар шохаи мовароуннаҳрии он дин ҳеҷ гоҳ бо сиёсат олуда набуда, вай ҳамеша дар хизмати давлатҳо ва режимҳои монархиявии феодалӣ ва ҳарбӣ буд. Ҳокимони ноуҳдабаро аз дин ва таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ танҳо истифода мебурданд ва ба мақсадҳои шахсию гурўҳияшон онҳо хизмати ходимони диниро эътироф мекарданд, рақибони сиёсиашонро нест менамуданд ва дигар корҳои худро анҷом медоданд.  Масъалаи ҳуқуқ ин ҷо бо ақлгароии ҳанафӣ, бо эътирофи қиёс, принсипҳои истеҳсон ва истидлол дар ҳамоҳангӣ бо урфу одатҳои маҳаллӣ баҳси худро дорад, ки мавзуи суҳбати алоҳида мебошад. 
Аврупо бо намои давлатҳои демократию дунявӣ кайҳост, ки динро аз сиёсату ҳуқуқ ҷудо намуд ва ин натиҷаи хуб барои рушди илму давлату ҷомеаҳо, инчунин дину таълими динӣ ва худошиносии онҳо дод. Протестантизм ва провославҳо дар заминаи демократия паҳноҳои динии худро рушд доданд. Гарчанде нуфузи сиёсии аҳли дин дар умум зоҳиран заиф шуда бошад ҳам, дин дар масъалаҳои эътиқодӣ, новобаста аз рушди илм дар ҳаёти шахсӣ ба комёбиҳо ноил шуда, ҳусни таваҷҷуҳи сиёсатмадоронро чун нуқтаи қонеъкунандаи рўҳ таърихан ба худ ҷалб намуда, ба иҷрои вази¬фаҳои муҳимми давлатӣ маънаван мусоидат карда, ҷиҳати ҳифзи ахлоқии муносибатҳои инсонӣ дар замони нав хизмати арзанда кард. Дуруст аст, ки вақтҳои охир муносибати нодуруст дар ин паҳно ва зиёдравиҳои либералӣ ба ғайриахлоқӣ шудани муносибати оилавӣ сабаб шуда истодаанд. Рушди демократия, соҳибихтиёрии халқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ кишварҳои аврупоиро, бо усули ҳукмронии қонунҳои ҳуқуқӣ ва эҳтироми озодиҳои шахсӣ ба зинаи нави муносибати давлат бо дин дар замони Нав бароварданд. 
Дигар ин ки ҷудошавии дин аз сиёсат то ҳадде дар кишварҳои арабӣ низ аз ибтидои асри ХХ ба мушоҳида расид. Давлатҳои миллии арабӣ гарчанде ба арзишҳои динӣ арҷ гузоранд ҳам, дар масоили ҳифозати миллӣ афзалиятро ба охирӣ медоданд. Дар бораи низоми сахти шаҳрвандӣ ва мансубият ба давлат танҳо дар асоси баромади хунию хокӣ, бар муқобили принсипи шариатии «муъмин бародари муъмин аст» дар кишварҳои арабӣ ҳоҷати гап ҳам нест. 
Низоми ҳуқуқии аксари кишварҳои арабӣ бошад дар масъалаҳои танзими ҳуқуқии соҳибкорӣ, оилавӣ, шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, судиву конститутсионӣ дар сарҳади муайян ба таҷрибаи оилаҳои ҳуқуқии романию олмонӣ ва англисию амрикоӣ рў оварда, ҳамкориҳои муфидро роҳандозӣ намуданд . 
Рў овардан ба анъанаҳои ҳуқуқи аврупоӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ ҳатто дар таҷрибаи давлатҳои исломие, ки дар масъалаи шариат нисбатан сахтгир буданд равшан эҳсос мегашт. Мисол, дар кишвари Арабистони Саудӣ то ҳанўз кодекси савдои соли 1931, ки дар заминаи кодекси савдои соли 1850  давлати усмониҳо таҳия шудааст расман амал мекунад. Охирӣ дар заминаи модели фаронсавии кодекси савдо таҳия шудааст. Ягона фарқияташ дар он аст, ки дар қарзи соҳибкорӣ  фоида - рибоъ гузошта намешавад .
Ҳамин тавр усулҳои ҷудогонаи аврупоии танзими муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ ва ҳатто қисман оилавӣ дар кишварҳое чун Аморати Мутаҳидаи Араб, Қатар, Қувейт, Судан, Покистон ва ғайра мо дида метавонем.  Дуруст аст, ки вақтҳои охир дар баъзе аз кишварҳои исломӣ дар заминаи бархўрди манфиатҳои геополитикиашон таваҷҷуҳро ба меъёрҳои миллӣ- шариатӣ бештар кардаанд. Аммо ин ҳам аз ҷониби ҳокимони сиёсӣ, монархҳо ва парламентҳои ин кившарҳо тариқи қонунгузорӣ роҳандозӣ мегардад. 
Дигар ин ки ин ҳолат такяи базавии бисёр аз соҳаҳои ҳуқуқи олами исломро ба ҳуқуки аврупоӣ на танҳо заиф намекунад, балки шароит фароҳам овардааст, ки дар заминаи ин ҳамоиш дар ин кишварҳо намунаҳои нави кодексҳои омехтаи аврупоию исломӣ рўи кор оянд. Намунаи равшани ин ҳолат кодекси муносибати граждании Аморати Муттаҳидаи Араб аст, ки ба танҳоӣ на исломӣ асту на аврупоӣ , балки ба дурустӣ аврупоӣ-исломӣ аст. Ин ҳама гувоҳи он буд, ки на дин, балки давлат, манфиатҳои миллӣ, кишвардорӣ ва табиати сиёсии ҷомеаро дар давлатҳои муосири исломӣ муайян менамояд. Дин метавонист ва имкон низ дорад, ки воситаи муттаҳидкунандаи манфиатҳо, қонеъкунандаи талаботи рўҳии инсонҳо ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон гардад. Вале зиёдаравону тундравони динӣ ин рисолати асли динро дар шароити муосир ба инобат нагирифтанд. 
Дар баробари ин сиёсисозони дин ба хаймаи эҳсосоти «миллатдўстӣ» ва «ҳуввияти миллӣ», ки ҷавҳари ташаккули модели давлатдории миллии мардуми мусулмон баромад мекард, бо ғояи фаромиллии «уммати исломӣ» ҳамчун миллати воҳид ворид шуда, зарбаи сахте ба ваҳдати миллии давлатҳои миллии ғайриарабӣ расониданд. Ин ҳолат дар сурати афзоиш ёфтан таҳдиди бевосита  ба соҳибхтиёрии миллӣ  ва давлатӣ буд, ки ногузир тақдири ҳастии давлатдории миллиро аз решаҳои маънавиаш маҳрум мекард. Аз ин хотир сиёсисозии дин танҳо таҳдид ба давлатдории миллӣ набуда, вай хатари азим ба ҳастии миллат ва забони миллӣ мебошад. Дар ин масъала нақши ҷонибдорони мазҳаби анъанавии ҳанафия дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сиёсати ҳукумати конститусионӣ аз назари эътиқодӣ  бузург ва назаррас буд. 
Дар муқоисаи дигар кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муборизаи дину давлат дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ дар оғоз бисёр вазнин гузашт. Дар ибтидо мавқеи онҳо ғайри¬одӣ буд, вале баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ тағйир ёфт. Натиҷаи ин муборизаҳо буд, ки ваҳдат бо тавлиди ҳизби динӣ дар давлати дунявӣ масъалагузорӣ гашт. Исломи сиёсӣ тавассути «Ҳизби сиёсӣ» даъво ба шинохт ва расмият кард. Вале кўшишу ғайрати давлати дунявӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ бо роҳи шинохти ин мақом натиҷа надод. Ҳизби ифротии либоси сиёсӣ пўшида, боз даст ба хиёнат зада, фазои амниятиро халалдор сохта аз табиати террористӣ буданаш, такроран  хабар дод. Таҷриба номумкин будани таъсиси ҳизби сиёсии диниро дар кишвари дунявӣ бори дигар  собит кард. Бо қарори Суди Олӣ «Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳизби террористӣ» шинохта шуд.
Хулосаи каломи мо он аст, ки дин сиёсат нест, дин ба имон сару кор дораду дар ҳарими ҳарами шахси воқеӣ ҷиҳати такмили олами ботинӣ рушд менамояд. Сиёсат бошад кори давлатдорӣ буда, бештар ҷанбаи зоҳирӣ ва ташкилӣ-иҷтимоӣ дорад. Дар ҳар замоне, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна динро ба сиёсат ҳамроҳ сохтанд, таҷриба шаҳодат бар он дорад, ки ҳам давлат зарар дидаасту ҳам дин. Дини мо, эътиқоди мо манбаи покизагию ташаккули рўҳ ва равони солими миллати мост, ки мо онро таърихан дар ташаккули тафаккури ирсиамон бо нодиркориҳои эътиқодию фарҳангию адабӣ  ҳосил кардаем. Ислом дини мост, он бояд ҳамчун роҳи ташаккули руҳи миллати мо дар покизагӣ ва рушди асолати инсони ҳақиқӣ – муъмини комил ва намоҳои ҳаёти дастаҷамъонаи халқамон – ҷамъияти мо ва давлати мо хизмат намояд. 
Онҳое, ки исломро ба воситаи муборизаи қудрат табдил медиҳанд ва даъвии ҳукумати исломӣ дар сарзамини мардуми хирадманди  тоҷик менамоянд бехабар аз онанд, ки дар ҷустуҷўи адолат ҷавҳари кашфи адолат - имон, эътиқод ва виҷдони шахсиро ба ғаризаҳо махлут гардонида, манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд. Мақсади асли дини ислом таърихан сохтани давлати исломӣ набуда, балки ташаккули инсони солеҳ, некурафтор, парҳезгор, ботарбия, боимон ва дар маҷмуъ ҷомеаи одилона аст. Бо ин мақсад ислом адлу инсофро болотар аз ҳар амали эътиқодӣ дониста, бо даҳҳо ояту ҳадисҳо ҳақ¬қоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одилӣ, некўкирдорӣ, фурутанӣ, ватандўстӣ ва сабрро аз сифатҳои асли имондорӣ ва мусулмонӣ муаррифӣ кардааст. Ҳадиси машҳури «давлат бо кофири одил пояндааст, вале бо мусулмони золим не» гувоҳи ин гуфтаҳост. 
Дигар ин ки худи инсон ба нияти нек офарида шудааст ва табиати ў ҳамеша барои хеш некӣ мехоҳад. Ва Офаридгорро низ инсони хирадманд берун аз рисолати накўкирдорӣ ва адлпарастӣ тасаввур карда наметавонад. Вале бо вуҷдуи ин, иддае аз мусулмонон дидаю дониста  зиндагии худро вазнин менамоянд. Арзишҳоро бо ғаризаҳо омехта месозанд. Дар давлате, ки озодии виҷдон комилан танинандоз аст, имону эътиқод озод аст, бидуни зарурат, исломро ба сиёсат омезиш дода, дар сангари муборизаҳои сиёсӣ қарор доданӣ мехоҳанд. Равшан аст, ки онҳо ғаразҳо ва мақсадҳои муайян доранд. Барои онҳо аслан на исломи асл ва эътиқоди сирф-имон, балки манфиатҳои молию сиёсӣ муҳимтару қимматтар аст. 
Магар зери пардаи ислом ҷойгир намудани манфиат ва ғаразҳои сиёсӣ худ дуршавӣ аз исломи асл, аз имон, эътиқод аз ҳамон амалҳои намунаи  инсонӣ нест?  Ин ва дигар саволҳо, ки аз роҳи виҷдони инсонӣ хиради ҳар инсони солеҳро азият медиҳад, бояд дар пешорўи ҳар ватандори содиқ ва ҳар мусулмоне, ки дар шароити тинҷу ороми Тоҷикистон зиндагӣ менамояд, ҳамчун қарзи имонӣ ҷилвагар шуда, ҳар ватандорро ҷиҳати фаҳми амиқи саодати зиндагиаш, мақоми эътиқоди комилаш ва қадршиносӣ аз ватани азизаш  ҳидоят  намояд.  
Пешвои муаззами миллати мо дар фазои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон дар самти  худшиносии миллӣ ва динӣ ва таносуби сиёсати давлатӣ бо ҷаҳонбинии динӣ саҳифаи комилан наверо бо арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтироми тарафайн, эҳёи арзишҳои мазҳаби ҳанафии ақлгаро ва риояти қатъии навиштаҷоти қонун  кушоданд. Моро зарур аст, ки хикмати ин кушоиш ва ҳамоиши манфиатҳои миллӣ ва диниро дар партави талаботи Конститутсияи кишвар дар сарҳади манфиатҳои миллии давлатамон ба хотири ободии зиндагии фарзандонамон дуруст дарк, ҳазм ва рушд диҳем.
Мухолифгузорию низои ҷаҳонбиниҳо хидоятгари рушди давлати миллию дунявии мо буда наметавонад. Риояи қатъии талаботи Конститутсия дар масъалаи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва муттаҳидии неруҳои сиёсӣ атрофи арзишҳои конститутсионӣ, садоқат ба миллат, ба ватан ва сиёсати Пешвои миллат ҳам аз назари худшиносии динӣ ва ҳам миллӣ калиди саодат ва амнияти имрўзу фардои миллати мост. 
Беҳтарин ва олитарин нуктаи ҳамоиши худшиносии динию миллии халқ дар заминаи озодиҳои конститутсионӣ, дастовардҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии динии таҳаммулгаро имконпазир аст. Мазҳаби аҷдодии мо - ҳанафия бо табиати ғайрисиёсиаш, бо хислати ақлгароияш, бо талаботи ахлоқияш намои муваффақи ҷомеасозии дунявӣ дар таърих ва замони муосир аст. 
Пешвои миллат бо коркард ва қабули Конститутсияи халқӣ соли 1994 шоҳроҳи таърихии моро ба самти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бебозгашт муайян намуда, бо ҷашнгирии 1310 солагии пири мазҳаби ҳанафӣ-Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит соли 2009, руҳияи давлатсозии дунявии моро ғизои маънавӣ ва эътиқодӣ бахшида, бо туҳфаи китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ  миллатро ба худ муаррифӣ карда, бо эълон намудани 20 соли илмҳои дақиқ  мафкураи халқро ба самти дастовардҳои илму дониш ҳидоят карданд. Мо дар замони навсозиҳои азими мафкуравӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ кор ва зиндагӣ дорем. Рисолати мо дар амалисозии ҳидоятҳо ва дастурҳои  Пешвои миллат  таърихӣ ва тақдирсоз аст. 
(идома дорад)
 
Холиқзода А.Ғ. 
Мирзозода А.Ф.  
Яндекс.Метрика