НАЗАР ИМОМОНИ ЧАҲОРГОНАИ АҲЛИ СУННАТ ДАР МАВРИДИ ТАСАВВУФ

Тасаввуф яке аз равияҳои фалсафаи классикии исломӣ аст, ки дар ибтидо ба шакли зуҳду тақво зуҳур кард ва баъдан ҳамчун як ҷараёни динӣ–фалсафӣ бо равияҳои гуногун ташаккул ёфт. Шарҳи истилоҳии тасаввуфро муҳаққиқон чунин додаанд: «Тасаввуф ҷараёни гуногуншакли мафкуравии динӣ - ирфонӣ ва фалсафиест, ки ҳадафи он бо роҳи кашфу завқ дарки Ҳақиқати Кул мебошад». Дар ҳақиқат тасаввуф аз зуҳду фақр оғоз шуда, «бо ишқи илоҳӣ ва завқи ваҳдати вуҷуду шуҳуд ба камолоти хеш расидааст». Ин ҷараён дар асрҳои аввали густариши дини мубини ислом дар мамолики Шарқи Наздику Миёна пайдо шудааст. Сараввал он дар Ироқу Сурия ба вуҷуд омад ва баъдан дар дигар минтақаҳои хилофат рушд кард.

 

Манбаъҳои ғоявии тасаввуф «Қуръон»-у ҳадис, суннату фатво буд ва бо ғизо гирифтан аз ойини Зартушт, ойини Монӣ, ақоиди гносӣ, ойини ҳиндуӣ ва буддоӣ, таълимоти масеҳӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ба баландтарин дараҷа расид, баъдан дар дигар кишварҳои Шарқ низ густариш ёфтааст. Аксари сўфиёни аввалия зодаи Хуросон будаанд ва ин сарзамин аз қадим дар парвариши тасаввуф таъсири қобили мулоҳиза дошт, бинобар ин Хуросонро «маҳди тасаввуф» хондаад.

 

Таърихи ташаккул ва таҳаввулоти онро муҳаққиқони соҳа иборат аз ду марҳала донистаанд. Яъне зуҳуру ташаккули он ба асри VIII рост омада, таҳаввули он то асри ХI тасаввуфи амалӣ номида шудааст, аз асри ХI ба минбаъд, онро тасаввуфи назарӣ гуфтаанд. Тасаввуф дар тӯли мавҷудияти худ ба шохаҳои зиёде (тариқатҳо) тақсим шудааст, ки баъзе аз онҳо то ба имрўз арзи вуҷуд доранд. Аз машҳуртарини онҳо кубравия, ясавия, нақшбандия, қодирия, мавлавия ва чанде дигар равияҳо мебошанд, ки асосан бо исломи  суннатӣдар ҳамзистию ҳамкорӣ буданд, ҳарчанд дар ибтидо баъзе аз муассисони мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат нисбати онҳо хўшбин набуданд. Имрўз ҷараёну ҳаракатҳои гуногуни мазҳабӣ арзи вуҷуд кардаанд, ки тасаввуф ва аҳли ирфонро қабул ва эътироф надоранд. Ин мавқеъгирӣ баъзан дар ҷомеаи аҳли суннат ва ҷамоат низ дастгирӣ пайдо мекунад.  Бино бар ин, мо дар ин навиштаи мухтасари худ кўшиш ба харҷ медиҳем то муносибати имомони чоргонаи аҳли суннат ва ҷамоатро ба тасаввуф дар асоси баъзе аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабӣ баён намоем.

 

- Имом Абў Ҳанифа (699м.–767м.). Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон, мулаққаб ба «Имоми аъзам» ва «Сироҷу-л-аимма», фақеҳ ва мутакаллими номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия, аҷдодан аз Балх буда, бобояш Умар ибни Ҳаммодро Зуто ё Зутӣменомиданд. Мавсуф ба соли 80-ҳиҷрӣ (699м.) дар Куфа яке аз шаҳрҳои Ироқ ба дунё омада аст. 

 

Имоми Аъзам бузургтарин равшандиҳандаи илми фиқҳ, аз воломақомтарин уммати паёмбар Расули Акрам, раҳнамои бузурги дини мубини Ислом буда, дар рушду нумӯи дини ислом ҷидду ҷаҳд намудааст. Бузургии ин марди хирад дар сарчашмаҳои динӣ баён гардидааст ва бе шубҳа, далолат медиҳанд, ки Имоми Аъзам дар дини ислом олими беназир аст. Ўро ба муъҷизае шабоҳат додаанд, ки аз «қалами муборакаш нуру зиё падид омада». Имом Шофеӣ, ки яке аз шогирдони Имоми Аъзам буд, аз бузургии ў чунин мефармояд: «Ҳар касе хоҳад фиқҳро омўзад, ба шогирдии Имоми Аъзам бишитобад, зеро ҳосил намудани маонӣ аз ў басо оддӣ ва барҷост». Олим ва фақеҳи ҳанафӣ Ҳасфакӣ соҳиби китоби «Ад-дур» овардааст, ки «Абу Алии Даққоқ (р.) фармуд, ки ман тасаввуф ва тариқатро аз Абилқосим Насрободӣ фаро гирифтам ва Абулқосим ҳам аз Маъруфи Кархӣ ва ў ҳам аз Довуд ат-Тойӣ ва ў ҳам илм ва тариқатро аз Имом Абу Ҳанифа фаро гирифта ва тамомии ин уламо ва аимма бар фазлу азамати илму тақвои Имоми Аъзам Абу Ҳанифа иқрор кардаанд» . Имрўз ҳам мо шоҳиди он ҳастем, ки аксари мусулмонони мазҳаби ҳанафӣ пайравони тариқати нақшбандия ва ё қодирия мебошанд.

 

Имом Шофеӣ(р.). Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Идрис аш-Шофиъӣ (767м. Ғазза -820м. Фустат) – фақеҳи  исломӣ, муҳаддис, имоми саввуми аҳли суннат, Асосгузори мактаби ҳуқуқии (мазҳаби) Шофеӣ. Ў дар ташаккули афкори ҳуқуқии мусулмонон нақши муҳим бозида, ба методологияи динию ҳуқуқӣ дар робита ба истифодаи ривоёт - анъанаҳо саҳми калон гузоштааст. Китоби «Ар-Рисола», ки дар давоми панҷ соли охири умраш навишта шудааст, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки «падари фиқҳи мусулмонӣ» номида шавад. Дар мавриди тасаввуф Имом Шофеӣ низ муносибати худро иброз доштааст. Дар китоби «Таъйиди-л-ҳақиқа ал-алия лил имом Ҷалолиддин Суютӣ» омадаст, ки Имом Шофеӣ(р.) фармуд: «Бо суфия мусоҳибат ва дўстӣкардам ва аз онҳо се калима истифода кардам: Аввал ин ки гуфтанд: «Вақт шамшери тезу бурроест, агар вақтро набурӣ туро мебурад» ба ин маъно, ки аз вақт ва умрат истифодаи дуруст накунӣ вақт аз дастат хориҷ шуда ва зиндагият бемаъно ва бидуни истифода хоҳад буд. Дигар ин ки гуфтанд: «Нафсатро агар дар роҳи ибодат ва бандагии Ҳақ машғул накунӣ нафсат туро ба гуноҳ ва беамрии Худо машғул мекунад». Ва ин ки гуфтанд: «Адаму нестии худ исмату покӣаст ба ин маъно, ки адами қудрат бар анҷом додани гуноҳи худ исмату дурӣаст аз гуноҳу исён».  Ҳамчунин фармудад: «Дар дунё се чизро дўст дорам: «Тарки такаллуф ва таъоруфи мутаориф байни мардум. Муоширату дўстӣбо мардум бо нармӣва утуфат. Ва иқтидо ва таассӣба роҳу равиши аҳли тасаввуф» . Дар миёни аҳли ин мазҳаб ҳамчунин пайравони тариқати қодирия ва нақшбандия хеле зиёданд.

 

Имом Молик (р.). Имом Молик (р.) низ нисбати тасаввуф хеле хўшбин буд. Дар ҳошияи аллома Адавӣбар шарҳи имом Зарқонӣ, Фиқҳи моликӣ(ҷ.3, с.95.) ва шарҳи Айн-у-илм ва зайн-у-ҳилми имом мулло Алӣ Қорӣ. (ҷ.1, с.33.) омадааст, ки Имом Молик фармуд: «Ҳар кас фиқҳ ва улумро фаро гирад, аммо дар масири тазкия ва тасаввуф набошад оқибати кораш фисқу фуҷур аст. Ва ҳар кас тасаввуф ва тазкияро пеш гирад, аммо аз фиқҳу улуми шаръӣба дур бошад, оқибати кораш бединӣва ибоҳагарӣаст. Ва ҳар кас ин ду амрро (илму тасаввуфро) дар худ ҷамъ кунад ба ҳақиқат мерасад ва аҳли наҷот аст». Дар миёни аҳли ин мазҳаб ҳамчунин пайравони тариқати қодирия ва нақшбандия хеле зиёданд.

 

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р.) аз имомоне буд, ки дар ибтидо нисбат ба тасаввуф хўшбинӣ надошт, вале баъди ошноӣ бо таълимоти он раъйи худро иваз намуд. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р.) қабл аз мусоҳибати дўстӣбо аҳли тасаввуф ба фарзанди худ Абдулоҳ (р.) чунин фармуд: «Эй писар бар ту лозим аст хондани ҳадис ва дурӣаз маҷолису ҳамсуҳбатӣбо бо ин қавм ва тоифа, ки худро суфия меноманд, зеро инон нисбат ба аҳкоми дини худ ҷоҳил ва нодон ҳастанд. Аммо ҳангоме ки бо орифи худошинос шайх Ҳамзаи Бағдодӣ(р.) (ваф.269 ҳ.)  дўстӣва мусоҳибат пайдо кард ва аз асосу ақидаи саҳеҳи аҳли тасаввуф огоҳ шуд, ба фарзандаш Абдулоҳ (р.) чунин фармуд: «Эй фарзанд бо ин қавм дўстӣва мусоҳибат дошта бош, зеро инҳо бо касрати илм ва муроқибати аҳвол ва хашят аз Худованд ва зуҳду тақво ва бузургии ҳиммат аз мо сабқат гирифтаанд». Имом Аҳмад (р.)  ҳар гоҳ дар масъалае мутараддид ва муваққиф мешуд бо вуҷуди он бузургӣ ва азамати илмӣ рў ба Ҳамзаи Бағдодӣ (р.) мекард ва мефармуд раъйю назари ту дар ин масъала чист, эй сўфӣ? Ва ҳангоме ки  Аби Ҳамзаи Бағдодӣ (р.)  назарашро баён мекард Имом Аҳмад (р.)  қабул мекарданд ва ба ишон эътимод доштанд.

 

Алломаи бузург шайх Муҳаммад Сафорини Ҳанбалӣ(р.) аз Иброҳим ибни Абдуллоҳ Алонӣ(р.) нақл мекунанд, ки Имом Аҳмад (р.) дар мавриди сўфия фармуд: «Ҳеч қавм ва тоифаеро суроғ надорам, ки шарифтар ва афзалтар бошад аз ин қавм (сўфия). Арз карданд, ки эй Имом ин қавм  гоҳ-гоҳе фарёд мекашанд ва ба ҳоли самоъ ва иҳтизозу ваҷд меафтанд, назари шумо чист? Фармуд: инҳоро бигузоед, ки бо Худои хеш соате шод ва хушҳол бошанд». 

 

Аз навиштаҳои боло бар меояд, ки имомони аҳли суннат ва ҷамоат нисбат ба аҳли суфия муносибати хўшбинона дошта, бо онҳо дар масоили гуногуни динӣ маслиҳату мушовара доштанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар тӯли асрҳои гузашта ва имрўз пайравони ин мазоҳиб ба равияҳои гуногуни тасаввуф пайвастаанд.  

 

Таҳияи М.Шодиев

Яндекс.Метрика