Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбат бо сокинони ноҳияи Панҷакент

Мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияи Панҷакент Сардори шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Сайфуллоҳ Муллоҷонов мувофиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент қарор дошт. Дар ҷамоаҳои Саразм, Чинор, Халифа Ҳасан ва ҷамоаи ба номи Лоиқи Шералӣ бо фаъолони ноҳия, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва дигар қишрҳои ҷомеа вохӯрӣ доир карда, атрофи худшиносии миллӣ, нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар худогоҳии миллии тоҷикон, ҳадафҳои нашри нави ин китоб ва аз номи Пешвои Миллат ба мардуми Тоҷикистон ройгон тақдим кардани он суҳбату мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо аҳолӣ фикру мулоҳизаҳои сокинон атрофи масъалаҳои муҳим ҷомеа табодули афкор баргузор шуд.

Яндекс.Метрика