Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони вилояти Хатлон

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Исоев Насимҷон - мутахассиси пешбари Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродова Дилбар – мудири бахши  умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Сангализода Қумринисо - муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи  вилояти Хатлон ва мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, дар  Шаҳру ноҳияҳои Вахш,Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Ёвон, Хуросон, 27 октябри соли ҷорӣ бо сокинони ҷамоатҳо бомақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо гузаронд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мавзӯҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон,суҳбату мулоқотҳо гузаронд.
 
 
 
 

Яндекс.Метрика