Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳи Дарвоз

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Шоҳназаров Алиҷон - аъзои шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Каримиён Имомназар - корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуриддин Муминзода - сармутахассиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоатҳои Нулванд, Қалъаи Ҳум, Вишхарв ва Сағердашти ноҳияи Даврвоз ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯриҳо доир намуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди оммафаҳмонӣ доир гардида, сокинони н. Дарвоз аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Боиси хурсандист, ки аз 94 объектҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Дарвоз ба нақша гирифта шуда зиёда аз 80 фоизаш мавриди амал қарор гирифта шудааст. Мардуми ба нангу номуси Дарвоз аз натиҷаҳои вохӯрӣ қаноатманд гашта, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати ободониву бунёдкорӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Яндекс.Метрика