Нақши «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ»

Саъю кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ шоистаи таҳсин ва офарин буда, намунаи олии таҷассуми эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт, дин ва арзишҳои миллиамон мебошад. Хусусан, тарҷума ва нашри чандкаратаи Қуръон ба хатти сириллик, чопи осори мондагори бузургони гузаштаи миллат, нашр ва ҳадяи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонавода аз иқдомҳои барҷастаи Пешвои миллат дар ин самт мебошанд.
 
Иқдоми навбатии Пешвои миллат, ки аз паси «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро ба хотири поси эҳтироми миллати тоҷик ва давлатдории ў вориди ҳар хонадони миллат карданиянд, яке аз роҳҳои самарабахш дар роҳи бедор кардани худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандўстӣ мебошад, ки ба ҷуз аз аҳсанту офарин ва дастгирии ин иқдоми наҷиб, магар ҳарфи дигаре мумкин аст. Албатта не, зеро ин падидаи фарҳангии ҳувиятсози миллат аст, ки ба раванди маънавии давлату миллатсозӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли миллӣ такон ва ангезаи қавӣ мебахшад. Зеро, «Шоҳнома» шоҳкори беназири маънавӣ дар адабиёти тоҷику форс ва ҳатто адабиёти ҷаҳон мебошад. Он ҳаммосаи миллии мардуми ориёинажод ба шумор меравад. Эҷоди чунин шоҳасари таърихӣ зеҳни фавқуллода ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии Фирдавсии бузург ва дар умум шахсияти камназири таърихӣ будани ӯро ба намоиш мегузорад. Фирдавсии бузургвор на танҳо таърихи мардуми тоҷику форсро, балки симати бузургии ниёгони ин миллатро бо оини ватандўстӣ назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
 
Ватандўстии Фирдавсӣ ватандўстии муътадил, хирадмандона ва некўкирдорона буд. Ӯ бо вуҷуди олимони муосир, ки дар асри ХХ ва ХХI нисбат ба ин падида сухан ронда, чанд аломатҳои омехтаи ватандӯстиро ёдрас мегарданд, бо консепсияи муайяни ақлӣ ва амалӣ таҷзия ва эҳёи ватандўстиро ҳамчун таълимот ва пешаи мардони майдон ва хирад масъалагузорӣ менамояд. Дар ин дидгоҳ ў мавқеи аввалро ба некию некўкирдорӣ вогузор карда, ғалаби некиро бар бадӣ асоси ҳама корҳои баъдӣ дар самти ватандўстӣ мантиқӣ мегардонад. Яъне калиди ватандўстӣ барои Фирдавсӣ аз шинохти некӣ ва таъмини ғалаби ў бар бадӣ сарчашма мегирад.
 
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
 
Дар дидгоҳи ватандўстии Фирдавсӣ дар баробари некию некўкирдорӣ ҳамчун манбаи нахусти идораи иродаи инсонӣ нақши муҳимро илму дониш иҷро менамояд. Ў пас аз муайян кардани муҳаррики ирода дар шакли маҳак ва қутбнамою ақрабаки тамоюли ғайрати инсонӣ ба самти ватандўстӣ ва ватаншиносӣ дар раванди инсонсозӣ сурат мегирифт, Мантиқи дуруст эҳсос менамояд, ки ин неруи фидокору созандаю некхоҳи ў эҳтиёҷ ба илму дониш дорад, зеро тавоноию қудратмандии ў аз илму дониш аст:
 
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
 
Фирдавсии бузургвор дар роҳи инсонсозӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун як абрамарди илми ҷаҳонӣ, як ҳаммосасарои башарӣ дар вайронаи салтанатҳои тоҷикӣ кўшиши бунёди рамзии қудратҳои адолатноки пешинро карда, марказу макони онҳоро ҳамчун макони мардуми хирадманд, донишманд, саодатманд ва адлпарасту инсонсонпарвар муаррифӣ менамояд 
Миёни тамоми эҳсосоте, ки инсониятро дар ин ё он самт раҳнамоӣ мекунад волотаринаш ба андешаи мо ҳамин эҳсоси ватандориву меҳандўстист, ки дар ин шоҳасар бисёр ва ба маврид истифода шудааст, зеро, мавзуи меҳварии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро ватанхоҳӣ ва ватанпарастӣ ташкил медиҳад. 
Ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳимояи шарафу номуси инсонӣ яке аз паҳлўҳои ватандўстӣ аст, ки дар «Шоҳнома»-и безаволӣ Фирдавсӣ бараъло ба назар мерасад. Дар Шоҳнома муаррифии симои паҳлавонӣ, шаъну салобати ҷавонмардӣ ва ҳисси худшиносии мардумони ориётабор равшан нишон дода шудааст. Паҳлавониҳое, ки дар Шоҳнома овада шудааст, на ҳамчун нишонаи зуроварӣ ва лашкаркашӣ, ё ғасбу куштори кишвару мамлакатҳо ва мардуми он, балки ифодагари фарҳанги ватандорию, ватанпарварӣ, ҳимоят аз марзу буми хеш, ҷасурию далерӣ, танумандию солимӣ, мардонагию сарфарозӣ ва дигар сифатҳои неку ҳамида баён гардидааст.
 
Ватандўстӣ мисли донаест, ки ба хотири рўишу сабзиш дар хок шинонда мешавад ва ниёзманди парвариш аст. Дар рушду инкишофи ин тухми инсонсозу зиндагиофар дар радифи дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ нақши шоирону нависандагон низ ниҳоят судманд аст (Сироҷидинзода. Эмомалӣ. Худшиносии миллӣ аз нигоҳи Сотим Улуғзода). Маҳз як адиб метавонад бо навиштаҳои худ, зикри мисолҳои хубу ибратомўз ба ҷаҳони фикру андешаи ҷавонон ворид гардад, таъсир бигузорад ва ҳисси муҳаббату дўстдориро нисбат ба Ватан, марзу бум парваронад. Зимни мутолиаи Шоҳнома мушоҳида мегардад, ки асар саропо судманд, бисёр таъсирбахш ва дар камолу тарбияти эҳсоси ватандории ҷавонони мо аҳамияти зиёде дорад.
 
Воқеан, ба хотири он ки як нафар дар домони иҷтимои хеш ба маъниву моҳияти мафҳумҳои зиндагисоз пай барад ва ба умқи он бирасад, бояд марҳилаи зиёдеро тай кунад. Шахсе, ки хоҳиши ба марзи худшиносӣ расиданро дорад, лозим аст дар заминаҳои мухталиф мисли таъриху фарҳанг ва адаби ниёгон мутолиоти фаровон дошта бошад. Дар ин росто нақши адабиёти бадеӣ, осори адибони пешину нависандагони муосир бисёр судманд аст. Бахше, ки пайкараи кулли худшиносиро ташкил мекунад, мисолу намунаҳояшон дар мероси гузаштагон ва навиштаҳои муосирон зиёд аст. Мавзуи худшиносию худогоҳии миллӣ дар тамоми қисматҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ мушоҳида мегардад.
 
Зеро, донистани таъриху фарҳанги миллат, эҳтирому арҷгузорӣ ба суннатҳои миллии аҷдодон низ яке аз нишонаҳои худшиносии миллӣ мебошад, ки мавзуи марказии «Шоҳнома»-ро ташкил намудааст.
 
Дар «Шоҳнома» агарчи сухан аз замони бостон меравад, онро ҳадиси куҳан ё фасонаи куҳан наметавон гуфт. Зеро дар ҷаҳон чизҳое ҳастанд, ки қўҳна намешаванд, панду ҳикмат, андарз ва ибрате, ки аз пешиниён ба пасояндагон мерасанд, ҳамеша наванд. Ҳар чи дар он рўзгорон аз ниёгон ба мо мерос мондааст, хоҳ нек ва хоҳ бад, хоҳ савоб ва хоҳ хато, ҳама пандомўз аст.
 
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мавзуъҳои панду ахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба онро дарбар мегирад ва дар шароити имрўза дорои аҳамияти бузург аст, ки хонандаро ба ҳисси баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят менамояд.
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика