НАҚШИ АНЪАНАҲО ДАР ТАШАККУЛИ РАФТОРҲОИ ИҶТИМОӢ

Урфу одат, маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ дар ҳаёти ҳамаи халқу миллатҳо аҳамияти бузурги таърихӣ ва замонавӣ доранд. Онҳо ҳамчун ҷузъи фарҳанги ҷомеа ва рукни муҳимми танзимгари ҳаёти иҷтимоӣ, таҷассумгару ташаккулдиҳандаи ҳувият, мафкураи миллӣ, шуури иҷтимоӣ  ва хусусиятҳои хоси зиндагии ҳар як халқ баромад менамоянд.
Дар масири таърих маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ ҳамчун нахустунсури меъёрҳои иҷтимоӣ бо мурури замон табиати ҳуқуқӣ касб карда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, ташаккулу такомули ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири устувор расонида, заминаҳои меъёрии ташаккули аввалин иттиҳодияҳои сиёсӣ-давлатҳоро таъмин намуда, то ба рӯзгори муосири давлатҳои миллӣ мавқеи устувори худро дар радифи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ ва навъҳои хосаи тафаккури миллӣ ҳифз намудаанд. Тамоюли хосаи рушди урфу одатҳо ва анъанаҳою маросими миллӣ зери таъсири меъёрҳои ҳуқуқӣ ва динӣ дар давлатҳои миллии дорои ҷамъиятҳои бо истилоҳ «анъанавӣ» равшантар зуҳур ёфтааст.
Урфу одат, анъанаю маросими миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ нақши бориз дошта, воситаи муассири ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо баромад менамояд. Онҳо ҳамчун воситаҳои танзими муносибати иҷтимоӣ танҳо дар сурате метавонанд, чунин вазифаҳо ва рисолати таърихии худро ба манфиати ҷомеаҳо ва давлатҳо дуруст сафарбар намоянд, ки агар тамоюли рушду ташаккули онҳо аз бемориҳои иҷтимоӣ ва мафкуравӣ тимсоли хурофот, таассуб, такаббурии таърихӣ, худнамоӣ ва тақлидҳои беҷои фарҳангӣ хирадмандона дифоъ карда шаванд. Маҳз ба ҳамин хотир ин гурӯҳи муносибатҳои иҷтимоӣ дар давраҳои муайяни буҳронии маънавии тамаддунҳо ва ҷамъиятҳо ва ё дар шароитҳои тағйирпазирии мафкураю шаклҳои иқтисодии ҷомеаҳо ва фарҳангҳо ногузир зери ҳимояи фазои ҳуқуқӣ қарор мегиранд. Маҳз ҳуқуқ ва мафкураи ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ аз бемориҳои иҷтимоӣ кӯмак менамояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати мазмунан миллию шаклан демократӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад ва аҳаммияти ҳуқуқи одатӣ дар ин раванд, таносуб ва ба ҳам таъсиррасонии меъёрҳои анъана ва ҷашну маросим бо ахлоқ ва қонунҳо ҳамчун мавзуоти усулӣ дар фазои илми ҳуқуқшиносӣ ва қонунгузорӣ аҳамияти бештари назарӣ ва амалӣ пайдо менамояд. Зеро, пешрафти давлат аз бароварда кардани ниёзи аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад, танзими урфу одат ва ба низом даровардан хароҷоти зиёдатӣ дар вақти гузаронидани ҷашну маросимҳо  боиси баланд гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мегардад. Бо дарки ин масъулият ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007, №272 қабул шуд. Таҳлили ҷашну маъракаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16 соли фаъолият вобаста ба рафти иҷрои Қонуни мазкур нишон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии мамлакат рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Аз як тараф татбиқи ин қонун ба беҳтар гардонидани вазъи иқтисодию иҷтимои шаҳрвандон равона гардида бошад, аз тарафи дигар танзими ҳуқуқии урфу одат, анъанаю маросим ва робитаи маънавии байни наслҳои гузашта ва муосиру ояндаи миллатро аз назари ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Бақою ҳастӣ ва мавҷудияти муттасилонаи халқу миллат дар саҳнаи таърих тавассути анъанаю маросим таъмин мегардад. Аз байн рафтани урфу одатҳо, маросиму анъанаҳо, умуман оинҳо ва суннатҳои ваҳдатбахши миллӣ – маънои аз асолат ва решаҳои таърихии худ канда шудани миллат ва аз даст додани ҳувияти худро дорад. Аз ин рӯ, ҳар як давлати соҳибихтиёри миллӣ барои ҳифзу густариши маросиму анъанаҳо ва суннатҳои неку созандаи наслҳои гузашта чораҳои қонунӣ меандешад.
 
Шосаидзода Ш. - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика