НАҚШИ ВАО ДАР ТАЪСИРПАЗИРИИ ҶОМЕА

Яке аз институтҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеаи муосир ВАО ба шумор меравад. Он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан, ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар бештари мавридҳо онро ҳар як давлат барои паҳн кардани ғояву арзишҳои миллии хеш истифода мебарад. Васоити ахбори оммаро метавон ҳам барои пахши иттилооти объективӣ ва ҳам барои маърифатнокию тарбияи одамон истифода бурд. Мутафаккири ҷаҳони ғарб Г. Лассуэлл ҳануз дар замони худ чор вазифаи муҳими васоити ахбори оммаро номабар карда буд. Инҳо пахши иттилоот, тафсири ахбор, ташаккули афкори омма ва паҳн намудани маданият мебошанд.
Дар шароити ҳозира ҳам ин омилҳо вуҷуд доранд мутаассифона таъсиррасонии васоити ахбори омма ба шуури ҷамъиятӣ ва афкори умум бештар тарафи манфиро дар бар мегирад. Вобаста ба пешрафти ҷомеаи инсонӣ мазмун ва мундарҷаи ВАО мукаммал гардида, вазифадор мешаванд, ки будуни ташвиқу тарғиби ғояҳои давлатӣ арзишу армонҳои мардумиро низ ифода мекунад. Дар замони муосир бе ВАО иникоси воқебинонаи ҳаёти ҷомеа номумкин мебошад. Дар шароити тараққиёти босуръати ҷомеа ҳар як фард бояд аз истифодаи иттиллоот бархурдор бошад ва онро ба манфиати ҷомеа, хонавода ва давлат истифода барад. Васоити ахбори омма ин маҷмуи шабакаҳои мухталифи паҳн намудани иттилоот буда, дар асоси талаботи ҷомеаи муосир бештар ду масъалаи асосии муҳимро баррасӣ мекунад: -огоҳ намудани мардум аз ходисоту воқеоти мухталифи ҷаҳонӣ ва илмӣ -иҷтимоикунонии арзишҳои инсон ва ташаккулдиҳии шуури ҷамъиятӣ. Ин арзишҳои анъанавии васоити ахбори омма дар ҷомеаи имрузаи мо низ хеле маъмул ҳастанд. Дар вазъияти ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бештари давлатҳо ва шахсони алоҳида ба хотири ташакули шуури ҷамъиятӣ ВАО – ро истифода мебаранд.
Дар шароити имруза бештар чаҳор зерсистемаи васоити ахбори омма истифода карда мешаванд. Инҳо бошанд матбуот, радио, телевизион ва интернет. Аз байни инҳо дар ҷомеа бештар шабакаи ҷаҳони интернет байни мардум бахусус, ҷавонон шуҳрат пайдо кардааст. Бояд қайд кард, ки пайдоиши радио ин бартараф кардани камбудиҳои матбуот, пайдоиши телевизион барои бартараф намудани камбудиҳои радио ва пайдоиши интернет барои бартараф намудани норасоиҳои ҳамаи онҳо мебошад. Яъне шабакаи ҷаҳонии интернет ҳамаи намудҳои паҳнкунии иттилоотро дарбар мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодабарандагони бештари шабакаҳои интернетӣ ҷавонон мебошанд, ки ба тафаккур ва ахлоқи онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Ҷавонон як қишри иҷтимоии ҷомеа мебошанд, ки вобаста ба таъсирпазирии физиологӣ - руҳӣ имкони қабули беинтихоби таъсироти берунаро доранд. Дар шароити равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, насли муосир зери таъсири ҳар гуна рӯйдодҳо мемонад. Аз ҷумла, шабакаҳои интернетӣ ба афкори ҷавонон таъсири худро расонда, мавқеи онҳоро дар ҷомеа тағйир дода, метавонад, таъсири манфии ғаразноки шабакаҳои интернетӣ дар ҳаёти онҳо нақши нодуруст гузорад.
Дар Паёми навбатии Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин бора қайд карад шуд, ки “имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояи тундгароӣ гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремитиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад”.
Дар ҷаҳони муосир ВАО ки сиёсати давлатҳои абаркудратро бо маблағҳои зиёд роҳандозӣ мекунад, метавонад идеалогияи худро бо назардошти манфиаташон паҳн кунанд. Ин тарзи таъсирасонии идеологӣ метавонад ба фарҳангу таърих сиёсату иқтисод низ таъсир расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистони бо дар назардошти таърихи пурғановат ва урфу одатҳои миллӣ идеалогияи давлатиро роҳандози намуда , дар баробари ин зери таъсири ғояҳои давлатҳои абарқудрат ногузир мемонад. Ин таъсирот метавонад аз тариқи ҷаҳонишавии фарҳангӣ ворид шавад. Аз дигар тараф мушкилоти зиндагӣ метавонад ҷавононро аз таъсири ғояҳои бегона коҳиш ва руҳияи бегонапарастии онҳо ташаккул ёбад. Ҷавонон, ки дар ҷумҳурӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, ҷиҳати ташаккули ҳуввияти миллӣ, кори басе заҳматталаб лозим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат номида, бедор намудани ҳисси миллӣ, ватанпарастӣ ва созандагиро миёни ҷавонон вазифаи муҳимтарин меҳисобад. Зери таъсири дигар воситаҳои ахбор, шабакаҳои интернетӣ мондани насли муосир метавонад хавфи бузург расонидан ба фарҳанги миллиро ба вуҷуд орад. Бахусус, дар солҳои охир таъсири ВАО-и мустақили ҷаҳонӣ низ ғояҳои бегонапарастиро талоши байни аҳолӣ паҳн намудан дорад. Ва ин таъсирот дар ташаккули руҳи-равонии насли муосир таъсири манфӣ дорад.
Дар ҳама ҳолат бояд мо донем, ки бархе аз ВАО дар ҳалли низоъ ва аланга андохтани оташи низоъ ҳам нақш дорад. Бинобар ин ҷавонони имрузаи мо дар интихоб ва мутоилаи иттилоот бояд эҳтиёткор бошанд.
Бештар такя ба маълумотҳои иттлоотии давлатӣ намоянд, худшиносии миллӣ, фарҳанги либоспушӣ, расму оин, ҳурмату эҳтиром нисбат ба волидайн ва дигар масъалаҳои марбут ба ахлоқу маърифатро риоя намуда, баҳри устувории фарҳанги таърихиву аҷдодӣ амалҳои нек анҷом диҳанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика