Нақши воизони афғонтабор дар лоиҳаи истихборотӣ

Санаи 4-уми июни соли равон дар шабакаҳои иҷтимоии “ Фейсбук” баромади 2 - нафар воизони Афғонтабор бо номҳои Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ дар бораи либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ, баромад карданд.
 
Дар суханрониҳояшон онҳо ҷомеаи мусулмононоро ба ҷиҳод зидди қарори қабулнамудаи Роҳбари Тоҷикистон даъват намуда, Президенти кишварро таҳқир меноманд. Зимни баромад таъкид менамоянд, ки гуё бародарону хоҳарони мусулмонони Тоҷикистон муроҷиат намуда бошанд.
 
Аввалан, дар бораи он ки шаҳрвандони тоҷикистонӣ муроҷиат намуда бошанд ин дуруғи маҳз аст. Ҳеҷ як тоҷикистонӣ ба онҳо муроҷиат накардаанд. Ин бофтаю буҳтонҳои худи баромадкунандагон мебошад.
 
Сонян, онҳо қайд менамоянд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баромадаш пӯшидани ҳиҷобро ба хоҳарону модарон манъ намуда бошад ин буҳтон дар шанъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад.
 
Ҳоло он ки дар матни пурраи суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, дар саҳифаи 53 чунин омадааст; 
“Дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ карданду халос. Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар фарҳанги худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддию маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад”. 
 
Ва дар саҳифаи 55 “ Кумитаи кор бо занон ва оила вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.
 
Ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлати як моҳ назари худро оид ба масъалаи мазкур дар доираи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ муайян намояд.”
 
Дигар паҳлуи масъала он аст, ки ба онҳо ки ҳақу ҳуқуқ додааст, ки дар ҳаққи давлати соҳибитиёри Тоҷикистон чунин суханонро баён намоянд. Агар онҳо ғами давлату миллатро мехурда бошанд, пас сулҳу ва ваҳдатро дар Афғонистон таъмин намоянд.
 
Агар шумо Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдуқадири Ҳомӣ он қадар ғамхори дину миллат бошед, пас низоми дину давлатдориро дар Афғонистон таъмин намоед. Шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон дигар пайравӣ ба шумо барин ҷоҳилон намекунанд. Ҳатто шаҳрвадони афғонтабор ба шумо эътимод ва боварӣ надоранд. 
 
 
 Ҳ.Шокиров - кормади Маркази исломшиносӣ                                      
 
Яндекс.Метрика