Нақши илм дар таъмини тафаккури созандаи ҷомеа (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон ин пайванд намудани имл бо истеҳсолот аст. Ичунин ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мубрамияти дониши илмӣ дар он зоҳир мешавад, ки воқеиятҳоеро, ки одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хеш бархӯрд мекунанд, тавсиф ва шарҳ диҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи ниҳоии он баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ - риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад. Аз замони атиқа то ҳол олимон сармояи зеҳнии ҷомеа буда, дар рушди зеҳнӣ ҷомеа нақши бориз доранд.
Пешвои миллат дар авввали суханронии худ дар бораи ҷойгоҳи илм дар замони истиқлол суханрони намуда, чунин иброз намуданд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хидмате анҷом додааст. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд». Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм баҳисоб меравад. Даврои истиқлоли давлатӣ шароити мусоҳидро фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо намоянд, ва мо барои ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардидем. Яке аз заминаҳои асоси пайдоиши илм ташаккул ёфтани љомеаи нав, ки имконияти ҷудо кардани мењнати ақлониро аз низоми умумии тақсимоти меҳнат ба шакли мустақили фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад, ки заминаи эҷодро дар замони муосир ба миён овард. Пешвои миллат вобаста ба тарақиётӣ илм дар ҷаҳони муосир чун ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки «кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд».
Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ - назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил, назорат ва самтгароӣ менамояд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсоли бевосита, ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномањои иљтимої-иќтисодии рушди љомеа ва њаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад. Яке аз дастовардҳои илми муосир ин зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳар чанд худи ӯ маҳсули зеҳни инсон буда, ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Пешвои миллат зеҳни сунъиро яке падидаи нав дар илми муосир дониста, чун қайд намуданд, ки «истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст.
Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад». Пас аҳли илми кишварро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат имрӯз самараи соҳаи илм, ки дар замони истиқлол ба даст омадааст аз аҳли он талаб дорад: «Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».
Пешвои миллат ба олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам итминон намуданд, ки бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед. Ин мулоқот нишон дод, ки миллати тољик ва Пешвои миллат дар роҳи комёбиҳои нави илми камари ҳиммат баста анъанаи илмофарини гузаштагони худро дар замони кунуни ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.
Илҳом Қурбоншоев мутахасиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика