НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

✒️Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, он ҳар сол бо эҳтироми хоса дар тамоми қаламрави кишвар ва берун аз он таҷлил мегардад.

Бисту ҳашт соли амали Конститутсияи ҷумҳурӣ собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо ба онҳо асос ёфтааст исбот гардид.

Дар соҳибихтиёр гаштани миллати тоҷик ва пайдоиши Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати ягона нақши бунёдии Конститутсия хеле муҳим мебошад.

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлол ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бағоят бузург аст. Ин бахтномаи миллат ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Муборизаи мунтазами сиёсии миллат дар шароити мувофиқи дохилӣ ва байналмилалӣ давра ба давра ногузир ба амалӣ гаштани соҳибихтиёрии он бурда мерасонад. Ва минбаъд иродаи сиёсии он шакли ҳуқуқӣ мегирад, асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо забони қонун ифода ёфта, роҳу восита ва олоти ҳифзи онҳо муайян карда мешавад.

Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёде бо шарофати сиёсати хирадсолору қонунбунёд, эҳтиром ба меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардад.

Бо қабули Конститутсия ва талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар мамлакат волоияти қонун, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакатамон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин гардида, тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар чаҳорчӯби меъёрҳои конститутсионӣ ҳал мешаванд.

Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон таҷассумгари орзуву умеди халқ ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯъи кишварамон аз ҷумла раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва кишварамон мусоидат намуд.

Итминони комил дорем, ки дар ҳифз ва риояи Конститутсия мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ камар мебандем. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу суботро дар кишвар таҳким бахшанд.

Бо бовари комил метавон гуфт, ки ин санади тақдирсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро инъикос намуда, яке аз омилҳои муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика