НАҚШИ МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ МАНФӢ ДАР ҶОМЕА

Ҷаҳони муосир бо зуд-зуд тағирёбии худ ҳаёти инсониятро низ ба таҳаввулотҳои гуногун мувоҷеҳ карда истодааст. Зеро дар ҷаҳон мубориза барои мавҷудият, бақоӣ ва зинда мондану идома додани ҳаёт идома дорад, ки ин ба яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҷомеа табдил ёфтааст. Махсусан, муборизаҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон дар шароити муосир тезутунд гашта, аз муқовиматҳои майдатарин то ба бархӯрдҳои тезутунди сиёсию ҳарбӣ расида истодааст. Чунин тарзи муносибат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфии худро дар инкишофи муносибатҳои маърифатию якдигарфаҳмии инсоният, суботи сиёсӣ ва сулҳу рифоҳ дар байни халқу миллатҳои гуногуни олам мерасонад. Зеро инсоният наметавонад ҳамеша бо шӯру низоъ ва гирудорҳои зиндагӣ, дар талошу муборизаи зидди якдигар қарор гирад ва маърифати ҷомеа рӯ ба таназзул қарор дошта бошад. Илм, маориф ва маърифат бояд ҳамеша барои раҳоии инсоният ва пешравӣ, зиндагии шоиста ва идомаи наслҳои одамӣ хизмат намояд. Дастовардҳои илм новобаста аз он ки дар кадом самти муносибатҳо инкишоф ёфта бошад, он бояд барои беҳбудии ҳаёти инсоният ва амнияти ӯ хизмат намояд ва чунин хизмат ва вазифаи маорифро ҳанӯз маорифпарварон дар тӯли асрҳои зиёд пешниҳод карда буданд ва раҳоии инсониятро дар илму маориф медиданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки маорифпарварӣ ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест, ки зиёиёнро аз ғафлати замони куҳнаи феодалӣ бедор намуда, ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Дар интиҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ яке аз маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш, маорифро маҳаки асосии таҳаввулот ва дигаргуншавии ҷомеа ва бар ивазкунӣ ва идоракунии асримиёнагии Аморати Бухоро пешниҳод карда буд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равона гардида буд. Бинобар ин ӯро, барҳақ, асосгузори ҷараёни маорифпарварии на танҳо Бухоро, балки тамоми Осиёи Марказӣ мешиносанд . Дар ғояҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ҳақиқатан ҳам тамоми ҷиҳатҳои мусбати афкори фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсии на танҳо халқи тоҷик, балки дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, мамлакатҳои ҳамҳудуди Шарқ ва ғайра низ таҷассум ёфтаанд.
Аз ин ҷо, дар замони муосир, бо вуҷуди таҳав-вулотҳои бузургу ҷаҳонкушоиҳо ва зиддиятҳои шиддатноки муосир инкишофи ҷомеаро танҳо дар маориф ва илм мебинанд. Бесабаб маориф ва илмро дар сиёсати иҷтимоии давлат дар ҷойи аввал нагузоштаанд ва дар ин самт таваҷҷуҳи давлат махсус ба ин самт равона карда мешавад. Паёме ки дар соли сипаришуда барои ҷомеаи имрӯзаи мо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми дохилӣ ва хориҷии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ба соҳаи маориф нигоҳи бештари Сарвари давлат равона гардид ва дар ин минтақан масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид - омадааст дар Паём. Зимни суханронии Президенти мамлакат ва таъкид гардидааст ки - мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар соҳаи маориф муваффақ бошем ва дарк мекунем, ки таълиму тарбияи насли наврас роҳу роҳрави ояндаи дурахшони инсоният мебошад ва аз ҷумла барои мардуми заҳматпешаи мо роҳи равшанро мекушояд. Бинобар ин бесабаб роҳбари мамлакатамон самти ояндаи сиёсати давлатро дар соҳаи маориф чунин муайян накардаанд. Яъне иброз доштаанд, ки: «Мо маорифро дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асосӣ ва стратегӣ эълон намудаем». Самти тактикӣ ва стратегӣ (дурнамо барои имрӯз ва оянда) дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтани низоми маориф бесабаб нест. Ин андешаҳои роҳбари давлат бесабаб нестанд ва додани афзалият ба маориф дар соҳаи сиёсати давлат муайян-кунандаи маҳаки асосии самтҳои дигари сиёсати давлатӣ мебошад.
Низоми маориф ва маорифпарварӣ дар ҳаёти имрӯза ба яке аз омилҳои муҳим табдил ёфтааст. Ба андешаи мо, таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ зоҳир намудан дар сиёсати давлатӣ ба соҳаи маориф дар шароити тағирёбии ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ вазифаи аввалиндарҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» моддаи 3 «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф», банди 1 омадааст, ки «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад» [2.С.5].
Зеро тахаввулотҳои имрӯза маҳз ҳамин гуна муносибатро талаб менамояд. Имрӯзҳо шароити ба вуҷудомада дар ҷомеа тақозо менамояд ки асосан дар самти маориф масъалаҳои ҳалношуда дар солҳои охир ниҳоят зиёд гардиданд ва ин соҳаи ҳаёт ки самти муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат асту дар он масъалаҳои ҳалношуда мавҷуданд, куллан беҳбудӣ мехоҳанд. Масъалаҳои мавҷуда ҳалли худро давра ба давра пайдо карда истодаанд, ки яке аз онҳо биноҳои таълимӣ мебошанд ва онҳо бо маблағгузориҳои давлатӣ ва ғайрдавлатӣ ҳалли худро пайдо карда истодаанд. Норасоиҳои дигар низ ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Масъалаи маориф ва маорифпарварӣ таваҷҷуҳи мутафаккиронро ҳанӯз дар тӯли асрҳои зиёд дунболагири кардааст. Аслан, масъалаи маорифпарварӣ ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест, ки зиёиёнро аз ғафлати замони куҳнаи феодалӣ бедор намуда, ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд.
Дар шароити муосир барои беҳтар гардонидани вазъи маориф тамоми шароити моддӣ ва маънавӣ фароҳам омадааст. Аммо сифати таълим дар ин соҳа куллан беҳбудӣ мехоҳад. Ба андешаи мо дар ин самт тақвият бахшидан ба раванди таълим ва зери назорати қатъӣ гирифтани мазмуни таълим ба ҳисоб меравад. Омили дигареро ки давлат дар сиёсати хеш ба соҳаи маориф гирифтааст, ин муайян кардани мақоми муассисахои таълимӣ мебошад. Яъне таълим бояд дар муассисаҳои давлатию хусусии ба қайди давлатӣ гирифташуда ҷараён гирад ва он хусусияти дунявӣ дошта бошад. Яке аз омилҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани канораҷӯии насли наврасу ҷавонон гаштааст, ин дар тӯли зиёда аз 30 сол (шурӯъ аз замони барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ) дар мактабҳои пинҳонии динӣ ва назди шахсони маълумоти дунявинадошта ба ҳисоб меравад. Чунин мактабҳои таълимӣ дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе кам набуданд. Яке аз хусусиятҳои хоси ин «мактабҳои динии исломӣ» таълими наврасон алоҳида ва духтарон алоҳида сурат гирифтааст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Яке аз сабабҳои қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дар Тоҷикистон. маҳз бемасъулиятии волидон дар додани таълими динӣ ба фарзандонашон буд. Масалан, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбия фарзанд» дар моддаи 8 омадааст, ки: «иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд»[3.с.6]. Аз муҳтавои қонуни мазкур бармеояд, ки масъулини асосӣ барои таълим ва тарбияи фарзанд падару модар ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби дигар, ҳанӯз дар солҳои 70-80-уми асри ХХ фаъол гардидани қаноти «ҷавонисломиён»-и тоҷик дар Тоҷикистон тавонист минбаъд ба таъсис ёфтани ҳизби хосияти динидоштаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун заминаи маънавӣ асос гузорад. Таъсиси ҳизб аслан, хосияти сиёсӣ дорад ва асоси онро идеология ташкил медиҳад. Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои таъсисёбиаш барои ба даст овардани мавқеи сиёсӣ дар ҷомеаи вақтии Тоҷикистони то истиқлол ва баъд аз соҳб шудан ба Истиқлолияти сиёсӣ муборизаи сиёсиро пешаи асосии худ намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Бозсозӣ, аллакай қисме аз мардуми Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти динӣ барои фарзандонашон кӯшиш ба харҷ медоданд ва то як андоза гуногунандешии сиёсӣ ва таъсис ёфтани ҳизби хосияти динидошта гиреҳи дасти аҳолиро аз ҳама манъкуниҳо кушод. Яъне, озодона гирифтани таълими динӣ барои аҳолӣ фароҳам омад.
Аз дигар ҷониб соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон минбаъд барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ боз ҳам имконпазир гардид ва ҳар як ҳаракату ҳизб ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ озодандеширо ба маънои васеъ дарк намуда, дар муборизаҳои сиёсӣ мавқеи худро пайдо кардан мехостанд, ки яке аз чунин ҳизбҳо дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Гумон меравад, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби мазкур на танҳо мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ, балки таълим, тарбия ва омода намудани кадрҳои ҳизбӣ буд, ки минбаъд онҳо дар баҳсҳои ҳизбӣ, конференсияҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва дар интихоботҳо бо интихобкунандагон буд, ки онҳо минбаъд бартарии худро намоиш медоданд. Омили дигар он буд, ки ҳизби мазкур барои фиристодани толибилмон ба хориҷ аз кишвар махсусан, ба давлатҳои Афғонистону Эрон, Покистон, Туркия ва Арабистони Саудӣ бештар нақш дошт, ки минбаъд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Аз навиштаҳои боло ва таҳлилҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки яке аз заминаҳои омода намудани ифротгароёни сиёсию динӣ дар дохили мамлакат ба амал омадааст, бо вуҷуди он ки, низоми маориф мақсади таълиму тарбияро дар шаклҳои гуногуни таълим ба роҳ мондааст, ки муҳтавои он дар қонуни зикргардида ба таври зайл: «мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад».
Аммо, мутаассифона, аз ҷониби волидони алоҳида таълими замонавӣ барояшон қобили қабул, ки нест ва онро эътироф кардан намехоҳанд ва фарзандони худро дар назди бо ном «мударрисон» ба таълими динӣ мефиристанд, ки чунин ҳолат то имрӯз идома дорад. Аз ҷониби дигар, имрӯзҳо хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон кам нестанд ва аксари онҳо баъд аз ноком гаштан дар таълимгоҳҳои олии кишвар рӯ ба муҳоҷират меоранд ва дар Федератсияи Россия ба таълимоти динӣ машғул мешаванд, ки дар он ҷо низ чунин «мударрисон» кам нестанд. Ин машғулиятҳо мувофиқи мақсад мебошанд ва онро тибқи супориш ба амал мебароранд.
Манбаъи сеюм ва аз ҳама афзалиятноки гирифтани таълимоти динии радикалӣ тавассути шабакаҳои Интернет ва сомонаҳои интернетӣ мебошад, ки имрӯзҳо дар он видеонавру видеофилмҳо, суҳбатҳои озоду танқидҳои зиддиҳукуматӣ ва ғаразгӯйиҳои дур аз мантиқу маданияти сиёсию ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ бо ровиёни барномаҳои махсуси ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмонҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба ҳисоб меравад.
Чунин ба назар мерасад, ки таълимоти динӣ дар ҷомеа нисбат ба таълимоти дунявӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳанӯз бартарӣ надорад, аммо ҳастанд гуруҳҳое. ки майл ба ин таълимот доранд. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин талаботи шаҳрвандони худро ба инобат гирифта, фаъолияти Донишкадаи исломиро дар Тоҷикистон иҷозат додааст, то ин ки фарзандони хоҳишманди мардуми кишвар дар он таҳсили илм намоянд. Ҳол он ки, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» моддаи 16, банди 20 - гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) иҷозат дода мешавад» [4.с.18]. Пас саволе пайдо мешавад, ки чаро қисме аз ҷавонон барои гирифтани таълимоти динӣ на дар мадрасаи исломӣ, балки дар ҷойҳои дигар шавқу ҳаваси зиёд доранд?
Ба андешаи мо ва мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки чунин наврасон ва ҷавонон дар оилаҳое ба камол расидаанд ва мерасанд, ки дар он ҷо руҳияи динӣ боло аст ва он наврасу ҷавон ҳанӯз маълумоти кофии динӣ надорад ва онро гирифтан мехоҳад, ки дар натиҷа ба мафкураи онҳо таъсири идеологӣ расонида, андешаҳои ӯро махсус ба ҷаҳони дигар, яъне омода кардан ба мубориза бар зидди режим ё сохтор давлатӣ истифода менамоянд ё дар зери таъсири таблиғоти шахси дигар мемонанд. Зеро ӯ дониши мукаммали дунявиро дуруст нагирифтааст.
Аз ҷониби дигар, дар зери таъсири омилҳои беруна тавассути шабакаҳои интернетӣ мондани наврасону ҷавонон низ нигароникунанда мебошад. Маълум аст, ки гирифтани пеши роҳи чунин таъсиррасонии психологӣ на ҳама вақт муяссар мегардад ва бинобар ин таваҷҷуҳи ҷавононро бештару аз ҳарвақта дида зиёдтар ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишваре маҳсуб мегардад, ки аксари аҳолияшро ҷавонон ташкил додаанд ва омилҳое, ки ба ҷавонон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонад ва қисме аз онҳо дар зери таъсири ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ меафтанд. Масалан:
- дар кишвар 29% ҷавонон бекоранд ва маълумоти олию ихисос надоранд (наврасони синну солашон 15 то ҷавонони 24 сола);
-ҳамасола зиёда аз 150 ҳазор наврасони хатмкардаи мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ба бозори меҳнат ворид мешаванд ва ба 1 ҷойи кори 7 ҷойи корӣ рост меояд;
-зиёда аз 50 ҳазор талабагон мактабро хатм мекунанд ва ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мешаванд;
- ҷавонони то 30 сола 70% аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд;
- наврасон ва ҷавонони аз 15 то 22 сола 70% муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд;
-мувофиқи маълумотҳои омории расмӣ 77% бекоронро наврасон ва ҷавонони 15-29 сола ташкил медиҳанд.
Аз маълумотҳои оморӣ маълум мегардад, ки кишвар мо яке аз ҷавонумр ба ҳисоб рафта, аксарияти кулли аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо хавфи таҳдидҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон зиёд аст ва он бо омили ҳамсарҳадии тӯлонӣ доштани Тоҷикистон бо давлати ҳамсояи Афғонистон мебошад. Масалан, роҳбари ҷамоати ифротгароии «Ансоруллоҳ» Маҳдӣ Арсалон (номи аслияш Арсалон Муҳаммад Шарипов – зодгоҳаш ноҳияи Нуробод) рӯирост ба Тоҷикистон ворид шуданро таҳдид менамояд. Вазири мудофиаи давлати аморати исломии Афғонистон (писари мулло Умар) изҳорот пахш кардааст, ки дар сурати барнагардонидани самолёту вертолётҳои собиқ Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон, ки имрӯз дар хоки Тоҷикистон мебошанд, оқибаташ бад хоҳад буд. Роҳбари лашкари «Мансур» Наими Вардакӣ даъво мекунад, ки агар давлатҳои дигари ҳамсоя дахолат накунанд, дар муддати 24 соат мо Тоҷикистонро забт хоҳем кард.
Аз чунин изҳороту таҳдидҳо бармеояд, ки баъзе қувва ва ҳаракатҳои имрӯзаи мавҷудбуда дар Афғонистон таҳдиди рӯирост ба Тоҷикистон доранд ва онҳо аз пайи иҷрои ин мақсадҳояшон ҳанӯз даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз моро зиракии сиёсӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ қарор доштанамон зарур аст. Дар татбиқи ин мақсад аз воситаҳои гуногуни имконпазир бояд истифода кардан мувофиқи мақсад мебошад, ки яке аз онҳо низоми маориф мебошад.
Бинобар ин, ба андешаи мо, яке аз роҳҳое, ки амалҳои номатлуби наврасону ҷавононро пешгирӣ ва ба он муқовимат намояд, метавонад низоми маориф гардад. Чунон, ки зикраш дар сатрҳои боло рафтааст, маориф оғози шинохти инсон ва роҳ ёфтани он ба марҳилаҳои минбаъдаи ҳаёт: зиндагӣ, фаъолият, мубориза, муносибат, омӯхтану эҷод, сохтан ва бунёд кардан ҳамроҳ бошад ва роҳнамо бошад. Зеро дар низоми маориф зинаҳое, ба монанди: кӯдакистон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва гимназияҳо, донишкадаву донишгоҳҳо ва академияҳои соҳаҳои гуногуни касбият мавҷуданд, ки метавонанд дар камолоти кӯдакон, наврасону ҷавонон нақши калидӣ бозанд. Танҳо лозим аст, ки аз чунин як заминаҳо ва захираҳое, ки захираи тиллои маҳфуз дар он мебошад, истифода намуд. Мутаассифона, имрӯзҳо аз ин захираи тиллоӣ ба таври бояду шояд истифода намешавад.
Ба андешаи мо омилҳои номатлуб ё манфӣ дар ҷомеаи имрӯза пеш аз ҳама аз чунин масъалаҳо вобастагӣ доранд, Масалан:
-дар оила дуруст тарбия наёфтани як гуруҳи ақаллияти наврасону ҷавонон ва соҳиби маълумот ва касби ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯ надоштани онҳо ҳамчун қувваи корӣ;
-маълумоти дурусти ибтидоӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ нагирифтани ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза;
-аз ҳад зиёд додашавии наврасону ҷавонон ба андешаҳои радикализми дин зери пардаи ҳимоят аз ислом ва додашавӣ ба таълимоти пахшудатарини ҷаҳонии исломи ноб;
-дур аз падару модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва фирефтаи таблиғоти исломгароён қарор гирифтани баъзе аз муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон хориҷ аз кишвар ва ғ.
Бинобар ин низоми маорифро лозим аст, ки:
- таваҷҷуҳ на танҳо ба муассисаҳои таълимӣ, балки дар баробари онҳо инчунин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ, андешидани тадбирҳои мушаххас дар маҳалли зисти аҳолӣ, ки фарзандони онҳо дар он минтақаҳо дар муассисаҳои таълимӣ машғули таҳсил мебошанд, зоҳир намояд, ки пурра ба мазмуни қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи варзанд» мувофиқат менамояд;
-ҳама гуна амалҳои берун аз доираи кодекси педагогӣ ва одоби педагогӣ дар таҳсилгоҳҳо куллан решакан карда шуда, таълим ва тарбия дар асоси Оинномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илмро ба роҳ мондан мувофиқи мақсад мебошад.
- омилҳои умедбахшро дар вуҷуди таҳсилкунандагон зинда карда, таълим ва тарбияи онҳоро дар доираи инсондӯстӣ ба роҳ мондан мувофиқи мақсад мебошад;
-баланд бардоштани сифати таълим ва дар иртибот ба ин масъала, инчунин баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ва дар ҳамин замина решакан кардани коррупсия дар системаи маориф, ки он ба мазмун ва моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ мувофиқат менамояд.
Хулоса, Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд ва мутобиқ ба иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва Қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Ҳамзамон аз 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба тадбиқсозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуд.
Ҳамин тариқ, низоми маориф ва дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар иҷрои амалии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамоҳанг гарданд ва дар пешгирию муқовимат бо амалҳои манфии ҷомеа, аз ҷумла, экстремизм ва терроризм саҳми воқеӣ гузоранд.

Бознашр аз садорати факултети фалсафаи ДМТ

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика