Нақши Сайид Аҳмадхон дар рушди фарҳанги исломӣ дар Ҳиндустон

Пайдоиш ва рушди ҳаракати ислоҳгароии динӣ дар байни мусалмонони Ҳиндустон бо фаъолияти Сайид Аҳмадхон сахт марбут аст. Муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии зист дар ӯ як шахсияти солимфикр, пешқадам, равшанфикр, некбин ва ислоҳгарро ташаккул додааст.  Сайид Аҳмад Хон соли 1817 дар Деҳлӣ, ки ҳанӯз пойтахти империяи муғул дар ҳудуди Ҳиндустон буд, таваллуд ёфтааст. Оилаи онҳо дар давраи император Акбар аз Афғонистон муҳоҷир шуда будааст. Аз он вақт ин ҷониб оилаи онҳо дар дарбори шоҳ пайваста мақоми баландмартабаро ишғол мекардаанд.

Ӯ замоне ба дунё меояд, ки Британия аллакай ҳар чӣ бештар заминҳои Ҳиндустонро ишғол мекарду аз шоҳигариҳои алоҳидаи Ҳиндустон танҳо  номашон боқӣ монда буду халос. Дар зери таъсири муҳити нав ба мақому манзалаи  мусалмонон  дар кишвар хатар таҳдид менамуд. Яъне, онҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар танг карда мебароварданд. Ба қавли С. Аршад баъди бохти мусулмонон дар мубориза ба муқобили ҳукумати Бритония дар соли 1857 рӯҳияи мусулмонон шикаст мехӯраду  онҳоро ҳолати асабонӣ (дипрессия) фаро мегирад. Онҳо худро мағлубгардида ҳисоб мекарданд. Британиягиҳо ба донишмандони мусулмон дармеафтиданду онҳоро бо ҳар роҳу восита дучори таъқибу фишор қарор  медоданд. Баъд аз ин ҳодисаҳо мусулмонон қарор медиҳанд, ки  аз сиёсат даст кашанду ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии худ машғул гарданд. 

Ҳодисаҳое, ки дар пеши чашми Сайид Аҳмад Хон  сурат мегирифтанд, албатта ба ҷаҳонбинӣ ва муносибати вай ба ин ҳодисаҳо бетаъсир буда наметавонистанд.Ӯ чунин меҳисобид, ки мусулмонон на бояд бо британиягиҳо душманӣ варзанд, балки  бояд маорифи англисҳоро аз худ намуда, ба сохтори ҳукумат ворид шаванд.

Сайид Аҳмад Хон таълим ва тарбияи хеле олӣ гирифта буд. Вай Қуръонро ба забони арабӣ мехонд ва мефаҳмид. Инчунин забонҳои урду, арабӣ  ва форсиро медонист. Аз илмҳои фиқҳ, математика, астрономия, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ низ хуб баҳравар буд. Барои обутоби бадан бо варзиш низ машғул мешуд. Иловатан илми тиб ва адабиётро низ меомӯхтааст.

Баъди чанде бародараш аввалин типография ба забони урду таъсис медиҳаду чопи аввалин маҷалларо ба забони мазкур ба роҳ мемонад. Сайид Аҳмад Хон ҳам хидмат дар дарбор ва ҳам кор дар типографияи бародарашро рад менамояд. 

Баъд аз чанде дар ташкилоти хориҷие аввал хидматчӣ, баъд судя шуда кор мекунад. Соли 1857 зимни шӯриш дар Ҳиндустони Шимолӣ мардуми мусулмони минтақа хисороти калони иқтисодию инсонӣ мебинанд. Сайид Аҳмад Хон бо дигар донишмандони маъруфи мусулмон роҳбарони шӯришро барои омодагии қаблӣ надоштанашон маҳкум менамояд. Аз тарафи онҳо шӯриш ҳатто ҳамчун роҳе барои бохти ҷомеаи мусулмонони Ҳиндустон арзёбӣ мегардад. Сайид Аҳмад Хон дар бораи сабабҳои шӯриш китобе навишта, амали мусулмононро дар шароити мазкур дуруст ва ҳақ арзбӣ менамояд ва онро ба Англия мефиристад.Дар Англия китоби мазкур ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ пазируфта мешавад. Агарчанде афкори лордҳо дар хусуси китоб гуногун садо медиҳад, бо вуҷуди ин муаллиф ба сиёсати Британия содиқ эътироф мегардад. Баъд аз чанде Сайид Аҳмад Хон манфиатҳои Британияро дар Ҳиндустон дарк намуда, ба омӯзиши сиёсат ва сотсиология машғул мегардад. Вай дар бораи ислом, фарҳанг, муносибатҳои байниҳамдигарии масеҳият ва ислом, археология, рӯзноманигорӣ, адабиёт, илм ва дин пайваста менависад.   Вай дар тӯли 20 сол ба Британия хидмат намуда, бошарафона тарки хидмат мекунад ва пурра ба ворид намудани ислоҳ дар ҷомеа ва дин машғул мегардад.  

Вай аз он нороҳат мегардид, ки бисёре аз меъёрҳои анъанавии ислом ниҳоят сахт мебошанд ва бо афкори исломии замони ҳозира ҳамоҳанг шуда наметавонанд. Вай дар асарҳояш кӯшиш менамуд, ки дастовардҳои исломии Шарқро бо таҳқиқотҳои илмии Ғарб созиш диҳад. Ӯ  таъкид менамуд, ки ҳам ба Қуръон ва ҳам ба китобҳои исломӣ эътирофи амиқи ақл ва ҳуқуқи табиӣ хос мебошад. Қуръон на танҳо адабиёти динист, балки китобест, ки метавонад барои пешрафт хидмат намояд. Дар он замон ин ғояҳо воқеан ҳам инқилобӣ буданд ва аз тарафи фақеҳони анъанавӣ ба танқиди сахт дучор мегарданд.

Новобаста ба ин, Сайид Аҳмад Хон ҷамъияти илмии исломӣ таъсис медиҳад ва дар заминаи он колледҷи англисӣ-шарқии мусулмонӣ (колледҷи мазкур рушд намуда, баъдтар ба донишгоҳи Олигарх табдил меёбад) бунёд меёбад. Дар он фанҳои ҳам барои Шарқ ва ҳам барои Ғарб хос таълим медоданд. Барномаҳои таълимӣ чуноне тарҳрезӣ шуда буданд, ки бояд донишҷӯёнро ба самти муайян тарбия намуда, барои ҳаёти минбаъда ва кор ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам Аврупо мутобиқ гардонанд. Агарчанде ин кӯшиши вай аз тарафи диндорон зери танқид гирифта мешавад, лекин кӯшишҳои ӯ баръабас намераванд ва донишгоҳ донишмандон, олимон, сиёсатмадорон ва роҳбарони зиёдро барои ҷомеа омода менамояд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки баъди муддате вай ба маркази интеллектуалии мусулмонони Ҳиндустон табдил меёбад. 

Яке аз асарҳои ҷолиби Сайид Аҳмад Хон«Назарияи ду миллат» мебошад, ки муносибати мусулмонҳо ва ҳиндуҳоро дар доираи як давлат дар зери назорати Бритония инъикос менамояд. Ӯ иқрор менамояд, ки масеҳият ва ислом дар муқоиса бо ҳиндуия ва масеҳия бештар нуқтаҳои созиш доранд. Мусулмонони Ҳиндустон дар ҳолати иқтибос намудани донишҳо ва коркардҳои илмии Аврупо метавонанд тезтар қафомонии техникии худро бартараф намоянд ва дар элитаи ҷаҳонӣ пешоҳанг бошанд. 

Вай кӯшиш намудааст, ки муносибатҳои мусулмонону британияро бар муқобили қавӣ гардидани сиёсати интишори ҳиндуия дар Ҳиндустон, аз ҷумла дар ҳудудҳои анъанавии мусулмонҳо мустаҳкам намояд.Ҳукумати бартаридоштаи ҳиндӣ аксаран нисбат ба мусулмонҳо муносибати сард дошт ва имконияти онҳоро барои гирифтани маълумоти босифат ва  даст ёфтан ба дастгоҳи идораи ҳукумат кам мекард. Сиёсати Сайид Аҳмад Хон ба мусулмонон имконият медод, ки дар ҷомеа бо намояндагони дигар дин дар як сатҳ буда, беовоз набошанд.

Вай нақши забони урдуро ҳамчун забони ягона барои мусулмонони Ҳиндустон, ки метавонад тафриқаи байниқабилавӣ ва миллиро бартараф намояд, қавӣ  мегардонад. Дар натиҷа ба шарофати ӯ забони урду  ба сифати забони дуюми расмии Ҳиндустони Британия эътироф гардид. Вай тарафдори муносибати динамикӣ ва прогрессивӣ ба маориф буд. Вай аввалин пешвои мусулмонон буд, ки хатари фурӯ бурда шудани  мусулмонони Ҳиндустон ва имконияти таҷзияи пурраи онҳоро дар байни мардуми ҳинду фаҳмид. Вай тамоми нерӯяшро сарф намуд, то ин ҳолат рух надиҳад.  

Сайид Аҳмад Хон умри  дарозро паси сарнамуда (соли 1817 таваллуд шуд ва соли 1898 вафот кард), афтиши давлатҳои охирини мусумонӣ дар Ҳиндустон, хароб гардидани фарҳанги исломӣ ва ба таври мақсаднок нест намудани онро дид. Вай кӯшиш намуд, ки тухм ва шохаи нави фарҳанги исломиро ҳифз намуда, сабзонад. Бояд гуфт, ки вай  натиҷаи талошҳои худро дид. Дар охири садаи XIX мусулмонони Ҳиндустон мухолифони ҷиддӣ ба ҳиндуия ва истилогарон гардиданд. Амалан вай бо фаъолияти худ гӯё санги аввалро дар зербинои давлати нави исломӣ дар ҳудуди Ҳиндустон гузошт. 

Сайид Аҳмад Хон бузургтарин ислоҳотчӣ, маорифпарвари мусулмонони Ҳиндустон шинохта мешавад.Таълимоти ӯ мусулмонони Ҳиндустонро ҳатто дар қарни XXI низ рӯҳу илҳом мебахшанд. Сайид Аҳмад Хон амалан офарандаи интеллигенсияи мусулмонӣ, тарбиягари гурӯҳи бузурги сиёсатмандон ва интеллектуалҳо гардид.  Ӯро то ҳол мусулмонони Ҳиндустон ёд доранд ва эҳтиром менамоянд. Ғояҳои ӯ то ҳол мубрам буда, имкон медиҳанд, ки ба ҳаёт ба таври нав назар андохта шавад. 

 

А.Кароматулло

Яндекс.Метрика