Нақши суннатии «Очашир» дар устувории оила

Анъанаҳо,  урфу одатҳо, рафторҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар тӯли асрҳо тавассути аз насл ба насл гузаштан ташаккул меёбанд ва орзуву омоли мардумро таҷассум мекунанд.
 
Агар ба таҳкими анъанаҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ назар кунем, маълум мегардад, ки донишмандону орифон анъанаҳои мардумиро расми хуб ва писандида баён намудаанд, аз ҷумла: Имом Абуҳомиди Ғаззолӣ мегӯяд: «Урф чизест, ки дар дилҳо аз тариқи ақлҳо қарор гирифтааст ва бо хӯю кирдори солим пазируфта шудааст» [1]. 
 
Аз гуфтаи Абдуллоҳ ибни Масъуд урф ҳамчун далели шаръӣ эътибор пайдо карданро ба тарзи зайл баён кардааст: «Ҳар чиро, ки мусулмонон писандида бинанд, пас он назди Худо ҳам писандида аст» [2]. 
 
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсад, вазифа ва доираи амали танзими ҷашну маросим ифода гардидааст, ки мардумро аз андўхтаҳои чандинасраи анъанаҳои фарҳанги миллӣ дур намекунад ва анъанаҳои миллии қадимиро пос медорад. 
 
Масалан, тўйи домодию арўсӣ маросими анъанавии ҳамаи халқҳо буда, баргузории он маҳорати баланди ташкилотчигиро талаб дорад. Дар таркиби ин маросим бисёр расму одатҳои миллӣ ва мардумӣ аз замонҳои қадим, тағйиру такмил ёфта, то ба замони мо омада расидаанд, аз ҷумла ба давраҳои хостгорӣ, никоҳ, тақдими сарупо ба домоду арўс ва падару модари онҳо, додани оши тўй, маросими домодталбон, арўсбинон ва зери чодару очашир ҷудо мешавад. 
 
Дар ин маросим урфу одатҳои хосе ба монанди зери чодар будани домоду арӯс ва интихоби очашир вуҷуд дорад, ки дар устувор гаштани оилаҳои ҷавон нақши бориз мегузорад.
 
Мехостем маҳз ба моҳияти урфу одати қадимаи зери чодари арӯсӣ ва интихоби очашир таҳлиле дошта бошем. Дар ҳама давру замон бо сабаби нофаҳмии ҷавонон, рафтори «номуносиб»-и баъзе аз арӯси хонадон ё хушдоман сабаби пошхӯрии оила мегардад.
 
Пажӯҳиши этнографҳо Азиза Мардонова ва Рустам Ҷумъаев нишон дод, ки чодар анқариб дар байни кулли халқҳои Осиёи Марказӣ маъмул аст. Расму ойинҳои туйӣ дар тамоми раванди худ бо чодар равобити устуворе доранд. Чодарро бояд зани солими серфарзанде, ки зери чодари арӯсӣ як маротиба будааст, овезад. Пас аз овехтани чодар ҳозирин модари арӯсро табрик мекунанд  [3]. 
 
Интихоби очашир пас аз овехтани чодар аз ҷониби модари арӯс сурат мегирад. Ин анъана хоси мардуми ҷануби Тоҷикистон аст, ки ҳангоми ба хонаи домод овардани арӯс очашир интихоб мегардад. 
 
Донишманди тоҷик Ҷонибек Асрориён анъанаи очаширро бо таҳлили амиқ  ба тарзи зайл баён намудааст: Аз рӯи урфу одат берун аз чодар хешу табори наздик ва ҳаводорон гирд меомаданд, ки анҷумани хоссаро мемонд. Модари арӯс аз занони фарзандору соҳибиззати порсо ва муҳтарами маҳалла танеро бармегузид барои нигоҳубини духтараш. Ӯро очашир эълон мекард. Очашир рисолати вижаро ба ӯҳда дошт. Очашир нахуст пеши арӯс косаи шир, ки худаш полондаву пухта аст, медаровард. Арӯс ба коса ангушт мезаду мелесид ва қулте мехурд, ки муборак мешумурданд. Сипас ҳамчун нишонаи бахту саодат ва бахткушоӣ ҳозирон қулте аз он мехӯрданд. Очашир масъул буд то чил рӯз ҳар субҳ барои арӯс ширбиринҷ, тухми обпаз, тухмбирён, тухмбашир, ҳалво, атолаи қандак, тарҳавло, гардсуз ва барои шом ғизоҳои дигар омода кунад. Аз сабабе, ки модари асл на ҳама вақт метавонист аз ҳоли духтараш бохабар ва дилбардору нозбардораш бошад, ин рисолатро очашир ба ҷо меовард [4].
 
Ду ҷавон риштаи ҳаёти хешро бо ҳам мепайванданд ва ҳаёти нав оғоз меёбад. Ҳамзамон, бо нофаҳмоиҳои рӯзгор мушкилиҳо ҳам пайдо мешаванд. Дар ҳамаи давру замон оғози душвориҳо рашку нофаҳмӣ байни хушдоман ва арӯси хонадон мегардид. 
 
Вобаста ба ин, донишманди бузурги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) аҳволи оилавии замони худро дар асараш «Наводир-ул-вақоеъ» ҳанӯз солҳои 1875 - 1882 нағз омӯхта, сабабҳои ҷанги арӯсу модаршӯ ва иғвогариҳои оилавайронкунии модарарӯс ва хоҳарарӯсонро дар хонаи домод тасвир кардааст ва сабаби он ҷангу ҷидолро низ ба хубӣ нишон додааст [4]. 
 
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки айни замон яке аз ниёзҳои мардум ислоҳи куллии омӯзишу парвариш аст. Ҷавонон бояд муҳимтарин хислатҳои инсонӣ омӯзанд, одобу услуб ёд гиранд, бофарҳанг бошанд ва ба сарчашмаҳои ҳастии маънавии худ наздиктар бирасанд ва тавоноии руҳӣ пайдо кунанд.
 
Мутаассифона, қисман навхонадорони имрӯза хурдтарин норасоиҳои зиндагиро ба воситаи телефон тавассути «дӯстони хайрхоҳашон» расонаӣ мекунанд ва асрори хонадориро ифшо месозанд, ки сабаби вайроншавии оиладорӣ ва ҷудошавии ҷавонон мегардад. 
 
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем то, ки заминаи тафаккури фарзандонамон тоҷикӣ бошад, урфу одатҳои фарҳангии аҷдодиро равнақ диҳем ва ба ин васила дар устувории оилаҳои ҷавон ҳиссагузор бошем.
 
Адабиёт:
 
1.Эмомалӣ Раҳмон. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам. Душанбе. «Шарқи Озод», 2009, с. 294.
2.Ваҳбӣ Сулаймон Ғовичӣ. Абуҳанифа ан-Нуъмон. Димишқ, 1987, с. 141.
3.Азиза Мардонова ва Рустам Ҷумъаев. Академияи илмҳои Тоҷикистон. Маҷмуи мақолаҳо. Душанбе. 1992, с. 58.
4.Ҷонибек Асрориён. Достони Нозкӯл. Душанбе. 2023, с. 286.
5.Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ. Душанбе. 1988, с. 244.
 
Вализода Одинашоҳ - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика