Нақши тоҷикистониён дар ғалаба ба фашизм

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла, барои мо тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан аз фашизм буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион нафар мардуми шӯравӣ ҳалок гашта, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрону валангор карда шуданд, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.

Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани шаҳрҳои Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравӣ аз фашистон диловарона иштирок варзида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар аз Тоҷикистон иштирок намудаанд. Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ бо дарназардошти  вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, ки пас аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи  хурди фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, аз 27 ноябри соли 1941 барои дар қаламрави ҷумҳуриҳои шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ташкил намудани  қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ супориш дод. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз, бригадаҳои 88-ум ва 99-уми тирандоз ташкил ёфта буданд. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкил ёфта, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расидаанд.

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногун сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 - ҳазор нафарро ташкил карда, аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоат нишон дода, дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигатов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд. 9 - майи соли 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расида, ҳамчун Рӯзи Ғалаба иди расмӣ эълон гардида,ҳар сол тамоми мардуми сайёра ин рӯзро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм ҷашн мегиранд.

9 - май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кучаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе  номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи “Поси хотир” барои 90 ҳазор нафар ҷанговарон аз Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ вафот кардаанд) ва вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг баргузор мегардад, ки барои тарбияи насли наврас як дарси ватандустӣ ба ҳисоб меравад.

Садуллоев Аҳмадҷон Мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ.  

Яндекс.Метрика