НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ ВА ҲАЛЛИ МУАММОҲОИ ГЛОБАЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. 
 
Барои дарки масъалаи мазкур мо чанд нуктаи муҳимро дар ин навиштор арзёбӣ менамоем.
 
Нуктаи аввал ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, давлат дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ҳақиқат, иброз доштани “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и  Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дод ва давлатдории миллиро эҳё намуд. 
 
Агар қабули Конститутсия (1994) паҳлуҳои ҳуқуқии ташаккули системаи сиёсиро фаро гирифта буд, пас дар амал ташкил намудани сохтори сиёсии бонизом ғайрати сиёсиро талаб менамуд, ки Эмомалӣ Раҳмон онро аз худ зоҳир намуд. 
 
Иқрор бояд шуд, ки дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ системаи идоракунӣ гирифтори буҳрон мегардад ва бисёре аз роҳбарон қудрати идоранамудани вазъро аз даст медиҳанд. Танҳо ҳамон сарвароне, вазъи буҳрониро идора намуда метавонанд, ки дорои шуҷоат ва хиради сиёсӣ бошанд, равандҳои сиёсиро дарк намуда тавонанд ва аз ҳама муҳим шахсияти  онҳоро мардум эътироф намуда бошад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷиҳатҳо, ҳатто аз онҳо бештарро фаро гирифта буд ва он тавонист дар муддат муайян системаи сиёсии давлати тоҷиконро эҳё ва рушд диҳад.
 
Нуктаи дигар ин аст, ки баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмин намудани субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ карда мешуд.  Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. 
 
Бояд таъкид намуд, ки дар марҳалаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат ва ҳамзамон дастгирӣ ёфтани нерӯҳои бадхоҳ аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фозои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон аст.
 
Нуктаи сеюм ин аст, ки барои ҳифз намудани сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдор намудани ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин иқдоме, ки дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буд,  бунёди нақб ва бозсозии роҳҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. 
 
Бунёди нақбҳо ва азнавсозии роҳҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу роҳҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд аз тарафи дигар заминаи муҳимми таҳким ваҳдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби маҳдуд гадидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд, бартараф карда шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид.
 
Нуктаи чорум ин аст, ки дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамзамон таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва технологиякунонии ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. 
 
Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллатмеҳвари худ қарор дод. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. 
 
Махсусан, бунёди  Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО Роғун-ро ҳанӯз давлати абарқудрати Шӯравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони ба он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ  маҳз бо талош ва фаъолияти Эмомлаӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. 
 
Имрӯз дар натиҷаи чунин ҷасорату талошҳои сарвари сиёсии тоҷикон мардум соҳиби зиндагии шоиста гардида, давлат марҳилаи рушди устуворро фаро гирифтааст.
 
Нуктаи панҷум ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат ҳамчунин арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуд. Эҳё намудани ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлил намудани солгарди бузургони ниёгон ба монандӣ Абӯабудлоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд.
 
Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.
 
Нуктаи шашум, ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ, вобаста ба маъалаҳои марбут ба об ва масоили амниятӣ ба манфиат ва ҳалли мушкилоти аҳолии сайёра равона гардидаанд, ки мақсади асосии онро хайрияти умум ташкил медиҳад.
 
Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бузурге аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро баҳогузорӣ намоем, маълум мегардад, ки ӯ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудааст. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардидааст, ки миллати тоҷик дар дохил ва хориҷӣ мамлакат, умуман тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон пазируфтаанд.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Яндекс.Метрика