НИГАҲ КУН БАД-ИН ЛАШКАРИ НОМДОР...

«Халқе, ки қаҳрамон надорад, халқи бадбахт хоҳад буд. Оне, ки имрӯз кишвар дар сулҳу субот ва рушду тараққӣ ба сар мебарад, натиҷаи қаҳрамониҳои фарзандони ҳамин миллат аст. Далериву шуҷоат мебояд моҳияти рӯҳу равони ҳар як узви ҷомеаро ташкил кунад. Бидуни қаҳрамониву мардонагӣ миллат наметавонад орому осуда бошад. Истиқлолият ва тамомияти сарзамини худро ҳифз намояд. Дар оилаи бузурги халқҳо сарбаланд бошад. Аммо оғози ҳама гуна ғолибият шуҷоат ва азхудгузаштанҳост. Ҷавонмардони Ватани бузурги мо дарки амиқи меҳанпарастӣ доранд.

Ин эҳсос аз умқи дили онон, дарки масъулияти худшиносӣ ва хештаншиносӣ сарчашма мегирад. Аҷдодони мо ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл шаш унсури сабабият ва моҳияти ватандориро тавсиф кардаанд ва маҳз онро давлат ва давлатдорӣ шуморидаанд. Абулқосими Фирдавсӣ фармудааст: Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, Зану кӯдаки хурду пайванди хеш. Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. Фарзандони Ватан, ки дар хизмати меҳананд, вазифаи муқаддаси худро медонанд. Онҳо бо эҳсосоти бузург, дили гарм ба таҳдиду хатар нигоҳ накарда, вазифаи хешро иҷро мекунанд. Медоданд, ки мардонагӣ дар лаҳзаҳои ҳассос зуҳур меёбад. Хатарро эҳсос менамоянд ва ҷавонмардона дар муқобили он меистанд.

Дарк мекунанд, ки чӣ гуна масъулиятеро бар дӯш доранд. Гёте, яке аз абармардон, мутафаккирони олами башар таъкид месозад: «Агар боигариро аз даст додӣ, боке нест, андак чизро аз даст додаӣ! Ша- рафи инсониро аз даст дода бошӣ, бисёр чизро аз даст додаӣ! Агар мардонагиро аз даст додӣ – ҳама чизро аз даст додаӣ! Дар ин ҳолат, хуб мешуд, ки зода намешудӣ!» Қаҳрамоне, ки дар майдони ҷанг хун мерезад, мисли уқоби муборизест, ки қатраҳои хуни он дар набард мечакад. Аммо ин хун мисле шамъест, ки фардо ҳазорон уқоберо мепарварад ва онҳо қаҳрамонии он фидоии майдони набардро такрор мекунанд. Худи мардонагӣ дар мубориза тавлид мегардад. Аммо дар тарбияи ҳаррӯза шакл мегирад. Худи мардонагӣ истодагарӣ, қотеият дар бартараф кардани монеаҳоест, ки душман онро пеш меорад. Хислати шуҷоатпешагиро, қабл аз ҳама, падару модар, хоҳару бародари далер, мактаби асили таҳсил, таҳлили таҷрибаи бузурги зиндагӣ ва масъулияти шарафмандонаи ватандорӣ ба вуҷуд меоранд.»

Саймумин Ятимов Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Суханҳо иқтибос оварда шудаанд аз Маҷаллаи Илм ва амният, No 1 (3), 2023. Саҳ 25

Яндекс.Метрика