НИГОРИ ПАРЧАМИ КИШВАР

Манори барқаду боло, манори Парчами кишвар,
Навори ҷилва зебо дар навори Парчами кишвар.
Ба арзу тӯли он ғунҷида олам бо ҳама рангаш,
Намои рамзу роз андар нигори Парчами кишвар.
Бибахшад нур бар чашмон, ба дил нерӯ физояд он,
Мадори ҷисму ҷони мо, мадори Парчами кишвар.
Дар эъҷозаш шафақ гулгунсаро тасвир гардида,
Сиришта хуни мо дар рангу бори Парчами кишвар.
Марому мақсади фардо аён дар ранги испедаш,
Мизон адл асту озодӣ шиори Парчами кишвар.
Навои сабзи боронию файзи сабзи домонаш,
Умеди сабз пайдо дар баҳори Парчами кишвар.
Ба шаклу тарҳу зебоӣ мисолаш нест дар гардун,
Гулистону гулафшон шуд диёри Парчами кишвар.
Фурӯзад шӯъла бо чашмакзанӣ бар дил чароғи он,
Фурӯғи раҳнамои мо, шарори Парчами кишвар.
Бирезад муждаҳои нур аз ҳар партаву тобаш,
Қарор аз сулҳу ваҳдат ин қарори Парчами кишвар.
Замину осмон ҳамҷӯр вақти парфишониаш,
Ҷаҳоне дар ҷаҳони гулъузори Парчами кишвар.

ҲАЙДАРӢ САЪДУЛЛО -
ШОИРЕ АЗ ФАКУЛТАИ ЖУРНАЛИСТИКА

Яндекс.Метрика