НИГОҲЕ БА МУНОҚИШАҲОИ САРҲАДӢ Ё САРҲАДИ МИЁНИ ХИРАД ВА ҶАҲЛ

Пеш аз оне, ки дар бораи низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон сухан гўем, хоҳ нохоҳ аввал аз маънӣ ва мазмуни ин ибораҳо фикр мекунем.  Яъне  низои сарҳадӣ чист ва чиро ба он мансуб медонанд. То ҳол шарҳу тафсири зиёди илмӣ гуфта шудаанд, вале  таърифи аслии он  аз ҷаҳл ва худбинӣ эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои маънави ахлоқии миёни шаҳрвандони ду кишвар аст.

Низоъи сарҳадиро олимон таърифҳои гуногун додаанд. Аз ҷумла:

Низои сарҳадӣ - задухӯрдҳое, ки дар сарҳади давлатӣ ба амал омада, бо вайрон кардани дахлнопазирии сарҳади давлатҳо оварда мерасонад. 

Низои сарҳадӣ - бархӯрди тасодуфӣ ё дидаю дониста ба муқобили манфиатҳо, шахсоне, ки қасдан сарҳади давлатиро убур карда ва намояндагони расмии мақомоти давлатӣ, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд ё вазифаҳои назоратӣ дар гузаргоҳи сарҳади давлатиро иҷро мекунанд мебошад, ки метавонад кӯтоҳмуддат, дарозмуддат ё кашолёфта бошад.

Муноқишаи сарҳадӣ - як бархӯрди қасдан ё тасодуфӣ дар сарҳад ё фазои сарҳадӣ байни нерӯҳои давлатҳои ҳамсоя, ки дар ҳифзи онҳо иштирок мекунанд, мебошад.

Тавре, ки дар боло зикр шуд, низоъ ё муноқишаи сарҳадӣ метавонад: кӯтоҳмуддат, дарозмуддат ва кашолёфта бошад.

Низои сарҳадии кутоҳмуддат ин низоъи сарҳадие мебошад, ки дар як муддати муайян дар сарҳади давлатҳо ба вуқуъ омада, ба зуди хомӯш мешавад.

Низои сарҳадии дарозмуддат бошад, дар сарҳади давлатҳо ба вуҷуд омада, солҳо идома мекунад.

Низои сарҳадии кашолёфта бошад, ин низоъ ба монанди вулканни хуфта мебошад, ки дар ҳолатҳои гуногун ба вуқўъ омада, оқибатҳои харобиовари моливу мулкӣ ва ҳатто ҷониро ба бор меоварад.

Мутаассифона кишвари Қирғизистон талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бо роҳи сулҳ ҳал намудани низои сарҳадии байни ду кишвар нодида гирифта, бо паҳн намудани ҳар гуна хабарҳои бардурўғ ва иғвоангез ҷамеаи ҷаҳониро бо далелҳои носаҳеҳи худ ба доми фиреб кашидааст. 

Бояд ёддовар шуд, ки ҳамаи низоъҳо чи низои сарҳадӣ бошад ва ё муноқишаи байни давлатҳо бояд бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад. Зеро бо роҳи дипломатӣ ҳал намудани ҳама гуна ҷангу низоъҳо ягона роҳи ҳалли мушкилот ва бе талафот анҷом ёфтани он ин сари мизи музокирот нишастани давлатҳо буда, самараи зиёдеро ба бор хоҳад овард. Оқибати ҳамаи ҷангу низоъҳо сулҳ мебошад. Агар ба таърихи ҷангҳо ва низоъҳои сарҳадие, ки дар тӯли таърих байни давлатҳо ба вуқӯъ омадаанд, назар андозем, ҳамаи онҳо новобаста аз фарогирӣ ва усулашон ба сулҳ анҷом ёфтанд.

Сулҳ вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решай ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он.

Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Бинобар ин,  мо хоҳони онем, ки ин муноқишаи байнисарҳадӣ  маҳз бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёфта, зиндагии осоиштаи мардуми наздисарҳадӣ барқарор карда шаванд. 

 

ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика