НИГОҲЕ БА НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ АФҒОНИСТОН

Тибқи маълумоти олимони мардумшинос дар Афғонистон 55-57 гурӯҳи этникӣ мавҷуд аст, ки бо 33 забон гуфтугӯ мекунанд. Сернуфузтарин қавмҳо дар ин кишвар тоҷикон ва паштунҳо мебошанд. Азбаски дар Афғонистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда нашудааст, маълумоти дақиқи расмӣ дар даст нест. Новобаста аз ин, баъзеҳо паштунҳоро аксарияти аҳолии Афғонистон қаламдод кардаанд. Аммо дар ростои ин гуна иддаоҳо андеша ва маълумоти дигар низ мавҷуд аст, ки на аксарият будани паштунҳо, балки тоҷиконро тасдиқ мекунад.
Дар Афғонистон, ки аз ҷониби коршиносон “кишвари ақаллиятҳои қавмӣ” номида мешавад ва ҳеҷ қавме аксарияти аҳолӣ, яъне аз нисф зиёди сокинонро ташкил намедиҳад, тоҷикон наздик ба нисф – 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд. Ин нукта дар дидор ва гуфтугӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ (25-уми августи соли 2021) таъкид гардидааст. Ҳамзамон, Президенти Федератсияи Русия В. Путин низ дар мавриди нуфузу шумораи тоҷикон сухан гуфта, қайд карда буд, ки 47 фоизи аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Таваҷҷуҳ ба таърихи Афғонистон (Хуросони таърихӣ) бо такя ба рисола ва маълумоти пажуҳишгарону шарқшиносони бумиву хориҷӣ нишон медиҳад, ки тоҷикон воқеан сокинони бумӣ ва соҳибони аслии шаҳрҳо ва марказҳои фарҳангии ин сарзамин будаанд. Имрӯз низ тоҷикон дар вилоятҳои шимолу шарқӣ ва ғарбии Афғонистон аксариятро ташкил медиҳанд. Онҳо дар Балх, Тахор, Бадахшон, Парвон, Панҷшер, Каписа, Бағлон, Гор, Бодғис, Ҳирот ва дигар вилоятҳои Афғонистон сукунат доранд.
Дар пойтахти Афғонистон – Кобул, ки шаҳри таърихии тоҷикон аст, то имрӯз асосан тоҷикон сукунат доранд ва бо забони дарӣ такаллум мекунанд. “Шаҳри Кобул аз қадимулайём тоҷикнишин буд, ки ҳатто таҳаввулот ва тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоии ду-се қарни охир ҳам натавонистааст симои миллии онро дигаргун созад. Тибқи маълумоти мувассақи эҳсоявӣ, ки соли 1978 тавассути мутахассисони Шӯравӣ ҷамъоварӣ шуда буданд, аз ҷумлаи 1 миллиону 300 ҳазор аҳолии шаҳри Кобул 744 ҳазор нафар ё худ 57 фисади онро тоҷикон, 324 ҳазор нафар ё 25 фисадро паштунҳо, 164 ҳазор ё 13 фисадро ҳазораҳо, 14 ҳазор ё бештар аз 1 фисад ҳиндуҳо ва сикҳо ва 10 ҳазор ё 0,8 фисадро ӯзбекҳо ташкил медоданд. Аз ҷумлаи тамоми аҳолии шаҳри Кобул 75 фисади он забони дариро минҳайси забони модарии худ муаррифӣ карда буданд”, - омадааст дар китоби Ҳақназар Назаров “Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон” (Душанбе, “Дониш” – 1998).
Паштунистҳо даъво мекунанд, ки Афғонистон сарзамини афғонҳо (ё ҳамон паштунҳо) асту қавмҳои дигар дар ин ҷо муҳоҷиранд. Аммо таърих воқеан чизи дигар мегӯяд. Ташаккули паштунҳо ба сифати ҳалқи ягона ба асрҳои XI – XII рост омада, ватани аслии онҳо доманакӯҳҳои Сулаймон (дар марзҳои шарқии имрӯзаи Афғонистону Покистон) мебошад. Нақли макон кардани онҳо ба минтақаи Афғонистони имрӯза ба асрҳои XV–XVI рост меояд. “Ташаккули давлати мутамарказ, ки имрӯз бо номи Афғонистон ёд мешавад, соли 1747 дар шаҳри Қандаҳор оғоз шуда, беш аз 150 сол давом кард ва дар охири қарни XIX, дар давраи аморати Абдураҳмонхон (1880-1901) ба охир расид. Дар ҳамин давра минтақаҳои васеи марказ, шимол, шимолу ғарб ва шимолу шарқи Афғонистон, ки сокинони он ҳама ғайрипаштун буданд, забт ва ба давлати Дуррониҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин минтақаҳо амирони Афғонистон кӯшиш карданд аҳолии паштунро аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир намуда, бо ин роҳ ҳузури онҳоро дар ин ҷойҳо таъмин ва таносуби қавмиро ба манфиати афғонҳо тағйир диҳанд. Ба ибораи дигар сиёсати афғонсозии ин сарзамин аз ҳамон солҳо оғоз гардида, то имрӯз давом дорад” – менависад доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров. Паштунҳо талош доранд, ки ҳувият ва забони дигар ақвом, бахусус тоҷиконро нобуд созанду сарзаминҳои онҳоро азхуд намоянд.
Нигоҳе ба таърихи забон ва фарҳангу ҳунари мардуми Афғонистон ва саҳми тоҷикон дар рушди он нишон медиҳад, ки воқеан ҳам офарандаву меросбари ин фарҳанги ғанӣ эшонанд, на паштунҳо.
Аз собиқаи адабӣ, таърихи адабиёти ин сарзамин намегӯем, зеро мисли офтоб равшан аст, ки мактабҳои адабӣ ва шоирону носирон ва муаррихон комилан бо забони форсии дарӣ менавиштанду эҷод мекарданд.
Танҳо доир ба таърихи ҳунари наққошӣ ва пайкаратарошии ин сарзамин дар давраи баъд аз истилои арабҳо чанд нукта мегӯем, ки низ бозгӯи нақши ҳунармандони тоҷик ва форсизабони Хуросон аст.
Агар ба таърихи қадими ҳунари наққошии сарзамини имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳ кунем, бояд ба давраи Ҳахоманишиён ва пеш аз он бозгардем. Зеро нақшҳои рӯи сиккаҳо ва зарфҳои сафолии пайдогардида далели ин гуфтаҳоянд.
Дар ибтидои давраи баъд аз ислом ин навъи ҳунар ба ҳошия ронда шуд, вале дар давраи ҳукумати Темуриён рӯ ба рушд овард. Ниҳоят бо по ниҳодани Камолиддини Беҳзод ба майдони ҳунар наққошӣ ба авҷи аъло расид ва мактаби ҳунарии Ҳирот шогирдони бешумореро парварид. Зимнан, Камолиддини Беҳзод, ки ӯро дар Шарқ “Монии сонӣ” ва дар Ғарб “Рафаэли Шарқ” меноманд, зодаи шаҳри бостонии тоҷикон – Ҳирот аст. Беҳзод ҷиҳатҳои композитсионӣ ва мундариҷавии санъати тасвирии мардумони Шарқро ба воқеияти зиндагӣ наздик карда, баробари ҷанбаҳои тахайюлӣ ҷанбаи воқеъгароии онро инкишоф додааст.
Намояндагони ҳунари наққошӣ дар замони муосир дар Афғонистон, ки онҳоро намояндагони давраи дуюми реализм низ меноманд, Ғуломмуҳаммади Маймангӣ, Абдулғафури Бришно, Карим Шоҳ Хон, Ғуломмуҳйиддини Шабнам, Ҳафиз Покзод, Акбари Хуросонӣ ва дигарон ҳама давомдиҳандаи мактаб ва роҳу услуби воқеъгароии Беҳзоданд.
То шурӯи ҷангҳои дохилӣ дар Афғонистон ва омадани Толибон ба Кобул дар Афғонистон Донишкадаи ҳунарҳои зебо фаъолияти густарда дошт ва дар он наққошӣ низ омӯхта мешуд. Мутаассифона, бо зуҳури Толибон донишкадаи мазкур ба оташ кашида шуд ва осори зиёди ҳунармандон ба ғорат рафт.
Дар самтҳои дигари ҳунар, масалан мусиқӣ ва театр низ ҳамин ҳолат рух додааст. Масалан, тахриби қабри ҳунарманди маъруфи ин кишвар Аҳмад Зоҳир ва тандисҳои Буддо дар Бомиён худ далели ин гуфтаҳост. Толибон (паштунҳо) пайваста дар пайи нобуд кардани осори ҳунарӣ ва фарҳангӣ ва дар ин баробар кам ва заиф сохтани қудрат ва эътибори тоҷикони ин сарзамин будаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи шаҳодати муаррихон афғонҳо танҳо дар қисматҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон зиндагӣ карда, таърихи давлатдориашон аз замони Дуррониҳо шуруъ мешавад ва онҳо дар баробари мардуми даризабон – тоҷикон ақаллиятро ташкил медоданд. Забони дарӣ тӯли ҳазорсолаҳо забони гуфтугӯии натанҳо мардуми Афғонистон, балки забони муоширати аксар халқҳои Шарқи Миёна ва забони илму фарҳанги ин сарзамин будааст. Аз ин рӯ, сарфи назар кардан аз дастовардҳо ва комёбиҳои моддиву маънавии тоҷикони Афғонистон, нодида гирифтани дастовардҳои кулли мардуми ин мамлакат дар тӯли таърих мебошад.

Рӯзибой УМАРЗОДА,
ходими хурди илмии Институти
таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши АМИТ

Бознашр аз https://institute-history.tj/ru/node/340

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика