Нигоҳе ба “Панднома”-и мансуб ба Абумансури Мотуридӣ

Абумансури Мотуридӣ бидуни баҳс яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик дар қарни X буда, ҳаёту фаъолияти он дар Самарқанд сипарӣ гаштааст.

Қабл аз ҳама таъсири таълимоти вай ба тафаккуру ҷаҳонбинии мардумони ин маркази илмӣ ва фарҳангӣ гузошта шуда, сабаби ташаккул ва рушду инкишофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дар симои ҳанафия гардидааст.

Ғояву андешаҳои ӯ дар ҷаҳони мунташир шуда, ҷонибдорони худро дар саросари Осиёи Марказӣ ва умуман минтақаҳои мухталифи хилофати ислом ва баъдан дар Чину Ҳиндустон ва хилофати Усмониён пайдо намуд. То ба имрӯз мактаби таъсисдодаи вай, зери номи «Мотуридия» яке аз бузургтарин ҷараёнҳои илоҳиётшиносӣ ва фиқҳӣ дар миёни аҳли суннат ва ҷамоат ба шумор рафта, дар саросари дунё миллионҳо ҷонибдору пайрав дорад. Аксарияти донишмандон ду асари бузург “ат-Тавҳид” ва тафсири “Таъвилоти аҳли-с-сунна”-ро мансуб ба ӯ медонанд. Аммо дар радифи китобҳои дигаре, ки ба Абумансури Мотуридӣ медонанд, ин китоби “Панднома” ва ё “Фавоид” мебошад. Дар сарчашмаҳои аввалия, яъне дар осори уламои ҳанафии самарқандӣ ба монанди Имом Абулюсри Баздавӣ, Абулмуини Насафӣ, Абуҳафси Насафӣ ва Имом Алоуддини Самарқандӣ, ки аз андешаҳо ва осори Абумансурӣ Мотуридӣ ёд кардаанд, ё дар тазкираҳои аввалия мисли “Фавоиду-л-баҳия фи табақоти-л-ҳанафия”-и Абдулқодири Қурайшӣ ҳаргиз асаре ба номи “Фавоид” ва ё “Панднома” мансуб ба Абумансури Мотуридӣ ёд намешавад. Аммо имрӯз ҳадди ақал ду нусха аз асаре бо номи “Панднома” мансуб ба Имом Мотуридӣ ном бурда мешавад. Баъзе донишмандони ин китобро ба Шамсиддини Мотуридӣ мансуб медонанд, ки дар ин росто низ далелҳои саҳеҳ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин ки далелҳо ва санадҳои қавӣ далолат бар нисбати ин рисола ба Абумансури Мотуридӣ дар даст нест.

Муҳаққиқи олмонӣ Рудолф Улрих ҳамчунин дар байни таълифоти Мотуридӣ китоби «Фавоид» ва ё «Панднома»-и ӯро асари машкук эълон кардааст. Аммо ҳеч далеле бар мардуд донистани нисбати ин асар ба вай вуҷуд надорад. Балки, агар бар мушаххасоти ин рисола нек назар андозем, чанд далеле метавонад, нисбати ин асарро ба Абумансури Мотуридӣ тавҷеҳ ва тасдиқ намояд: а) Абумансури Мотуридӣ дар асре мезист, ки осори манзуму мансур дар он аср бо забони форсӣ хело андак буданд, аммо гароиши ӯ ба забони форсӣ ҳатто дар осори арабиаш чун “Китобу-т-тавҳид” дар илми калом ва “Таъвилоти аҳли-с-сунна” дар тафсири Қуръон гувоҳ аст. Дар ин ду асаре, ки аз эшон то имрӯз боқӣ мондаанд, А. Мотуридӣ дар чандин ҷойҳо, вожаҳо ва ҳатто ҷумлаҳои форсиро истифода кардааст. Масалан, истиҳоли “ҳастӣ”-ро ба гунаи “ҳастия” дар арабӣ ба ҷои мафҳуми “вуҷуд” истифда кардааст; б) Аҳамияти воло ба илм, тааққул ва низ умури ақидатӣ, ки дар ин рисола намоён аст бо машраб ва равиши Абумансури Мотуридӣ созгор мебошад; в) Ёдоварӣ ё ишора ба масоили каломӣ дар ин рисола, монанди “буданиро буда пиндор” ва “муҳолро ба ҳеч таъвил бовар макун” мувофиқи андеша ва мактаби мотуридия аст; Муҳаққиқони эронӣ Ҷалоли Саидлутфуллоҳ [4] ва Мирзониё Мансур [1] низ кӯшидаанд дар такя ба осори пешиниён миқдори умумии осори мутафаккирро муайян созанд. Дар баробари китобҳои зикршудаи мутафаккир, онҳо аз «Панднома»-и Мотуридӣ низ зикр сохтаанд. Пиромуни тазҳиби ахлоқ ва ба сифоти зебои ботиниву зоҳирӣ оростани инсон дар «Панднома»-и Мотуридӣ инъикоси худро пайдо карданд. Ин китоб ба кӯшиши муҳаққиқи эронӣ Эраҷ Афшор аз рӯи ду нусхаи аксӣ: яке нусхаи 1184 китобхонаи Ҳусайн Чалапӣ дар Туркия ва дигаре маҷмӯаи китобхонаи Қонеъ ва маҷмӯаи 5426 дар маҷмӯаи фарҳанги Эронзамин, ҷилди нуҳум ба чоп расидааст.

Мавзуи «Панднома» дар ҳикмат, мавъиза ва ахлоқ бахшида шуда, бо насри шево ва ширин, ки хусусиёти сабки давраи аввали насри форсии қарни чаҳоруми ҳиҷриро, яъне даврони ташаккули забони муосири тоҷикиро доро мебошад, навишта шудааст. Ба ҷуз боби ҳаштум, ки аз ёздаҳ панд аст, бақияи бобҳои китоб аз чиҳил то шаст андарзро гунҷонида, дарбаргирандаи масъалаҳои зерин мебошад: Бо Худои таоло бояд сохт, ҳама биситонанд ва Ӯ бидиҳад, чун Ӯ, диҳад кас наситонад; Тақворо сипоҳе беҳазимат шумур, аз нодони дононамой ҳазар кун; Аз барои ҷоҳу мол мухотара кун, ҳар кӣ бад-ин кор накунад, суханаш машунав; Забон аз хӯ кардан ба дашноми баъд сиёнат кун; Ҳаққи аҳли байти хеш бишнос ва бар эшон истихфоф макун; Ба ризои Ҳақ зиндагонӣ хуш гардон; Бар гузашта, шикаста ва рехта афсус махӯр; Ҳар ки ба солу умр аз ту беш бошад, ӯро бузург дор. Мотуридӣ дар тамоми осори худ баъд аз масъалаи Худо, тарс ва парастиши ӯ, ба масъалаи «тавҳид» диққати хосса додааст. Ҳато дар «Панднома»-и худ, ки танҳо ба масъалаҳои ободу рафтор ва касби фазилатҳои инсонӣ бахшида шудааст, таъкид месозад, ки «сармояи умри худ – тавҳидро шинос» [2, 5]. Мотуридӣ дар ин асари худ ба усули пандноманависӣ рӯй оварда, ба хусус онро барои омаи мардум, таълиф ва пешкаш кардааст, зеро маҳдудияти донишу фазилати омма мутафаккирро маҷбур сохт бо усули дигаре, ки соддатар бошад, ба баёни моҳияти ахлоқ ва шарҳи нақши он дар ҷомеа бипардозад. Яъне ӯ кӯшидааст баёни вазоифи иҷтимоӣ ва инсонии одамонро дар доираи маҳдуди қонунҳои ҳуқуқӣ берун бароварда, онҳоро бо қавонини ахлокӣ пайваст созад ва таҳти назорати низоми фазилатҳои ахлоқӣ карор диҳад. Ин усул ба Мотуридӣ имкон медод тамоми падидаҳои иҷтимоиро дар шакли пайваст ва зинда ба мардум пешкаш намояд, то онҳоро ба ҳадафи асли вазифаашон наздик созад [3, 603]. Ин усули хос, ки Мотуридӣ ба тариқи ниҳоят васеъ дар «Панднома» истифода намудааст, барои оммаи мардум хеле пуртаъсир буд. Асосӣ ин усулро барномаи динӣ ва дунявӣ дар бар гирифтааст, ки мувофиқи он ҳатто хурдтарин фоидае, ки барои рушду такомули ҷомеа ва муносиботи ҳасана барқарор намудани байни раият ва султон бошад, бояд истифода намуд.

Мутафаккир барои ин мақсад аз ҳар сарчашмае, ҳатто аз манобеи ғайридинӣ низ кор гирифтааст, то ҳамроҳи худ оммаро ба сайри умқи воқеиёти таърихӣ барад ва аз тариқи онҳо аз як тараф зарурати ахлоқ барои ҷомеа ва пайвасти ногусастании таърихии наслҳоро баён созад, аз дигар тараф мавқеи инсони боахлоқро ҳамчун падидаи зарурии оромии ҷомеа нишон диҳад. Ӯ дар «Панднома»-и аз таҳлили моҳияти нафси инсон аз мавқеи илми ахлоқ, ба муқобилгузории баъзе падидаҳои ахлоқӣ шурӯъ намудааст. Мақсади Мотуридӣ бо тарҳи ин баёни зиндагии одамон ва ҳадаф аз он зиндагӣ ва муносиботи иҷтимоии онҳо мебошад. Мотуридӣ медонист, ки тасаввуроти ормонхоҳонаи шариатӣ, ки ҷомеаи одамӣ чӣ гуна бошад ва аҳли он ҷомеа чи тавр бояд зиндагӣ, амал ва муносибат намоянд, аз зиндагии воқеӣ ва амалҳои воқеи фарсахҳо дур аст. Аз ин рӯ, вай аз воқеъбинии ахлоқию сиёсӣ даст накашидааст, лекин чуноне ки идеали асили ахлоқӣ талаб менамуд ӯ аз тариқи ахлоқӣ ормонхоҳонаи шариатӣ одамонро ба асли офаринишашон, ки тамоюли лаззатҳхои нафсӣ онҳоро аз шоҳроҳи мақсад дур андохта буд, даъват менамояд. Барои Мотуридӣ пӯшида набуд, ки рафторе, ки инсон дар ҷомеа мекунад маъмулан бар асоси хоставу мароми ҷомеа ва лоақл таҳти нуфузи он мебошад. Рафтори инсон чунон бо ҷамъият пайваст мешавад, ки дар ҳар фарди он ва афкори ӯ нуфуз намуда, ҳаракоти онҳоро ба сурати амали мутақобили иҷтимоӣ медарорад. Намунае аз пандҳои Абумансури Мотуридӣ аз боби якуми китоб, ки “Бартарии хирад ва дониш” номгузорӣ шудааст: Ақлро бунёд шумур; Силоҳ аз илм соз; Донишро хор мадор; Далели роҳи рост илмро шинос; Биёмӯз ва биёмӯзон; Аз омӯхтан маёсой; Иззату чоҳ аз дониш талаб; Суди ду ҷаҳон дар суҳбати доно шинос; Дузахи нақд нодониро шумур; Аз осмон бузургтар суханро дон; Ҳар чи шарафи илм ба он пайваста нест, онро ҳеч ном неҳ; Илм агар чи дур бошад, биталаб; Агар мумкин бувад, ки қазо бигардад, ба тадбири оқилон дон; Динро ба илм нигоҳ дор; [3, 7]

Адабиёт:

Мирзониё Мансур. Осор ва афкори Абумансури Мотуридӣ // Кайҳони андеша. № 4. Теҳрон, 1398 - С.74. Мотуридӣ Абумансур.

Панднома. – маркази маҷозии мутолеоти Bayyinat.org. -30 саҳ.

Шамолов А. Каломи Мовароуннаҳр (Мотуридии Самарқандӣ). – Душанбе: 2013. –С. 603.

Ҷалолӣ Саидлутфуллоҳ. Пажӯҳише дар боби мотуридия // Маърифат. № 78. Теҳрон. 1376 – С.97

Рамазониён Аҳтам Бобосафар

Яндекс.Метрика