Низои иттилоотӣ ва таъсири он ба ҷомеа

Ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити таҳаввулоти ҷомеаи муосир, қабл аз ҳама, аз воридшавии фарогири технологияи иттилоотӣ ва ташаккули фазои глобалии иттилоотӣ иборат аст. Раванди ташаккули ҷомеаи нав бо воридшавии технологияи иттилоотӣ асоснок шуда, бо дарки дурусти махсусияти иттилоотӣ ва истифодаи самараноки он вобастагӣ дорад. Хусусияти муҳими раванди таҳаввулоти азими ҷаҳони имрўза низ дар он аст, ки маҳз ба раванди иттилоот вобастагӣ дорад.
Ҷомеаи муосир ҷомеаи иттилоотие мебошад, ки он ба фаъол гардидан ва истифодаи ҳамешагию технологияи гуногуни иттилоотию комуникатсионӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ алоқамандӣ дорад. Бо ворид гардидани ҷаҳон ба глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ давлатҳои гуногуни олам ба муаммоҳои калон рӯба рӯгардида, абарқудратҳои дунё бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои хеш кишварҳои гуногунро мавриди ҳамлаи иттилоотиву зеҳнӣ қарор дода, сармояи бузурги кишварҳоро аз худ намуданд. Асри нав бо пайомадҳои хеш шакли нави ҷанги иттилоотӣ ва фазои иттилоотиро ба бор овард ва тавонист, ки шакли куҳнашударо бо шаклгирии нав ва методҳои нав рӯйи кор орад, ки барои ҳамагон дастрас бошад. Коршиносон омили асосии шаклгирӣ ва устувории фазои иттилоотиро дар пайдо шудани интернет медонанд, ки ин аз ҳақиқат дур нест, зеро интернет тавонист, ки моҳият ва мустаҳкамии фазои иттилоотиро пурзур намояд ва ҳамчун механизми ташкили артиши силоҳдор ба манфиати ин ё он давлати дунё хизмат намояд.
Низоъу кашмакашиҳои дар ду даҳаи асри бисту як ва ҷангҳои диниву мазҳабӣ дар чанд соли охир аз он шаҳодат дод, ки иттилоот бузургтарин силоҳ метавонад дар дилхоҳ маврид ба кишваре ва ё ба зидди гурӯҳе истифода шавад, вале кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар самти ҷангҳои иттилоотӣ силоҳҳои зеҳнии гуногунро истифода менамоянд, ки ин барои муқобил муаммоҳои гуногунро пеш меорад.Ҷанги иттилоотӣ ва фазои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ба ташаккули низоми сиёсии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ таъсиргузор мебошад. Дар чанд соли охир дар низоъҳои иттилоотӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавию баналмилалӣ ва ё баррасии масъалаҳои диниву мазҳабӣ ва озодихоҳӣ дар кишварҳои гуногуни олам, махсусан дар кишварҳои Осиё гурӯҳҳои манфитахоҳу манфиатҷӯ аз силоҳи ҳастаии сарди муосир – итилоот истифода менамоянд, ки ин тип шахсони камсаводу бедониш ва мазҳабгарову ифротӣ мебошанд, ки аз эҳсоси динии мардум истифода намуда, ҷавононро мағзшӯӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи фазои иттилоотӣ чун силоҳи сарди муосир дар дилхоҳ маврид аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои алоҳида бо мақсади амалӣ намудани нақша ва ҳадафу омилҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи информатсионӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум нақши бузург мебозанд. Ин бешубҳа омили мусбии суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад. Агар ҳодисаҳои солҳои 90 - уми асри гузаштаи Тоҷикистонро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, хулосабарорӣ намоем, пас маълум мешавад, ки воқеан андешаҳо дар самти ҷангҳои иттилоотӣ бо мақсади ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон асосӣ воқеӣ дорад. Зеро маблағгузорӣ гардидани ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз хориҷи кишвар ва идораи шабакаи телевизионӣ, таъсиси рӯзномаю маҷаллаҳои махсусгардонидашуда, баромад ва мусоҳиба дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ин методи истифодашудаи кишварҳои ғарбӣ ва ё дар дохили нохунак ба мо “дӯст” мебошад. Пас маълум гардид, ки ба чӣ роҳе ва ба чӣ воситае кишвари моро гурӯҳи мазкур ба гирдоби ҷангу оташ кашиданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо барои таъмини амният ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон тамоми имконият ва инфрасохтори заруриро фароҳам овардаем. Халқи тоҷикро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошанд ва дар ҷаҳонишавии навин тавонанд, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии кишварро ҳимоят намоянд”. Дар тақвияти гуфтаҳои Президенти мамлакат ҳамин ро метавон зикр намуд, ки дар воқеъ мо дар кишвари ободу осуда зиндагӣ дорем ва зиндагии мо маҳсули заҳматҳои Пешвои миллат ва халқи азияткашидаи тоҷик аст ва ин осудагии кишвар барои халқ осон ба даст наомадааст ва рисолати мо насли ҷавони кишвар ҳимояи ин осудагӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.Пас моро зарур аст, ки ҳамчун фарзандони сарсупурдаи ин сарзамин дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ баҳри ҳимояи сохтори Конститутсионии кишвар, Ваҳдату якдилӣ, оромиву осудагӣ ва тинҷиву осоиштагии миллат донишҳои сиёсӣ, назарияҳои истифодашуда ва таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳонро истифода намуда, дар арсаи байналмилалӣ манифтаҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистонро ҳимоят намоем.
 
Қурбоншоев Илҳом Ҷумаъхонович                                                                           н.и. фалсафа 

Яндекс.Метрика