НИКОҲ – ОИНИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Тибқи ривоятҳо аз замоне, ки одам офарида шуд, ба ў барои бунёди оила амр карда шуд ва бастани никоҳ аз шартҳои асосии он муайян гардид. Бастани никоҳ дар ҳама халқу қавмиятҳо бо анъанаҳои гуногун дида мешавад, ки мақсад аз он бунёди оила ва устувории ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин суннат ҳам дар аҳкоми осмонӣ ва ҳам дар омӯзаҳои башарӣ бо хусусиятҳои фарқкунандаи худ ҷой дорад. Аз ҷумла, дар сарчашмаҳои исломӣ баёни бастани никоҳ ва шартҳои он ба таври мушаххас асоси худро ёфтааст. Бастани никоҳро шариати исломӣ паймони муқаддас ҳисобида, Қуръони карим дар ин маврид се нуқтаи асосӣ “оромиш”, “муҳаббат” ва “дилсӯзӣ”-ро баён доштааст, ки дар зиндагии ҳамсарон муҳимтарин воситаи баровардани ниёзҳои фитрист. Ҷанбаи дигари бастани ақд дар кам шудани бадахлоқӣ дар ҷомеа зоҳир мегардад. Аз ин рў, шариати исломӣ бастани никоҳ ва рушд додани ин суннатро ҳамеша талқин намудааст.  

Бастани никоҳ аз дидгоҳи Ислом аз суннатҳои арзишманди Расули Худо буда, он ҳазрат дар ин маврид чунин фармудаанд: «Издивоҷ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст, ҳар кас аз суннати ман рӯ гардонад, аз ҷумлаи умматони ман нест». Ва дар ҳадиси дигари он ҳазрат омадааст: «Издивоҷ намоед, то насли мусулмон зиёд шавад, зеро рӯзи қиёмат ба бисёрии умматам ифтихор хоҳам кард». 

Ин анъана дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар пайрави аз арзишҳои миллию динӣ гузаронида мешавад ва ҳамчун меъёри иҷтимоӣ дар устувории ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ нақш мегузорад. Меъёрҳои бастани никоҳ дар қонунгузории миллӣ пурра шарҳи худро ёфта, дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолат, тартиб ва шарту шароити бастан ва бекор кардани никоҳ меъёрҳои муайяни ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Истилоҳи ҳуқуқии ин анъана дар “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ”, зери таҳрири Маҳмудов М.А. чунин шарҳ дода шудааст. “Никоҳ -иттифоқи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи ихтиёрона ва баробарҳуқуқи зану мард аст, ки барои бунёди оила равона шуда, барои ҳамсарон ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва амволиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ - хусусиятҳои хоси дар қонун инъикосёфтаи он аст, ки ба тариқи зайланд:

- никоҳ танҳо миёни зану мард баста шуда метавонад;

- барои бастани никоҳ мавҷудияти изҳори иродаи ихтиёронаи онҳое лозим аст, ки ба никоҳ ворид мешаванд;

- никоҳ иттифоқи баробарҳуқуқ аст;

- никоҳ бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад, яъне дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад;

- мақсади никоҳ бунёди оила аст, дар ҳолати баръакс, никоҳ беэътибор дониста мешавад;

- қайди никоҳ боиси пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкии ҳамсарон мегардад”.

Вобаста ба бастани ақди никоҳ ва риояи тартибот дар ҷомеаи муосири тоҷик метавон гуфт, ки халқи тоҷик аз қадимтарин замонҳо соҳибдину соҳибоинанд ва дар рушду нумӯи ҳамагуна муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши бориз гузоштаанд. Ин аст, ки ҳукумати имрӯзаи мамлакат баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ “оила,  ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак”-ро таҳти муҳофизати давлат қарор додааст. 

 

Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика