Дар мақолаҳои қаблӣ дар мавриди сиккаҳои замони бостон, таърихи пайдоиш ва зарурати онҳо, зарби сикка ва таъсири онҳо ба сохти зиндагонии мардум, сохти сиккаҳо, тарзи сохти онҳо, нақшу навиштаҳои рӯйи онҳо, заробхонаҳо мо маълумот дода будем. Дар ин мақола мехоҳем дар бораи “Номҳо ва ченакҳои вазнии дирҳаму динорро”, ки дар садри ислом мавриди истифода қарор доштанд, андешаҳои худро баён созем.
Ченакҳои вазнӣ ё худ номҳои ченакие, ки дар садри Ислом истифода мешуданд ва бархе аз онҳоро, ки дар Қуръон ва ҳадисҳои пайғамабар зикр шудаанд, баён месозем:
Миқдори вазнҳои шаръӣ аз дидгоҳи Абуҳанифа ва ҷумҳури уламо
1.Дирҳам - 2,975 грамм.
2.Динор - 4,25 грамм.
3.Соъ - 2040 грамм.
4.Муд - чоряки соъ, 2040÷4=510 грамм тақрибан ду каф .
5.Қирот -тақрибан чоряки динор. 4,25÷4=1,0625 грамм.
6.Авқия ё уқия нуқрагӣ буда, ба 40 дирҳам баробар аст, 40×2,975=119 грамм.
7.Нуш -нисфи авқияҳ яъне 20 дирҳам, тақрибан ба 59,5 грамм.
8.Нуввот - ба 5-дирҳам баробар аст, ки ин тақрибан , 5×2,975=14,875 грамм.
9.Ритл -ним муд . 510÷2=255 грамм.
10.Васақ - 60 соъ , ки 300 ритл аст ки ин 135- кило грамм.
11.Қинтор -124,7×200=149,76 килограмм.
12.Унф -3,5 килограмм.
13.Дониқ-2,975÷6=0,496 грам.
Шарҳу тавзеҳоти вазнҳои шаръӣ аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ:
Дирҳам - он чи ки аз нуқра ба шакли махсус зарб зада шавад ва вазни муаянеро дошта бошад. Асли дирҳам калимаи аҷамӣ буда, шакли арабишудаи драхмо -и юнонӣ аст.
Чунон ки пештар зикр кардем, калимаи дирҳам дар сураи Юсуф, ояти 20 зикр гардидааст. Миқдори дирҳам назди ҳанафиҳо 3,125 грамм ва назди ҷумҳури уламо тақрибан - 2,975 грамм мебошад.
Динор - номи қитъаи аз тилло зарбшуда мебошад, ки вазнаш бо иттифоқ 4,25 грамм аст.
Нувот - аслаш аҷамист ва баробари 5- дирҳам аст.
Миқдори нувот назди аҳноф 5×3,125=15,6 грамм ва назди ҷумҳури уламо 5×2,975=14,875. грамм мебошад .
Авқияҳ - аз машҳуртарин ва серистеъмолтарин воҳиди пулӣ дар ҷазираи араб буд, ки далели ин гуфтаҳо ин ҳадиси шуда метавонад: Салма ибни Абдураҳмон мегӯяд аз Оиша (р) пурсиданд:
عن أبي سلمة بن عبد الرحمن، أنه قال: سألت عائشة زوج النبي صلى الله عليه وسلم : كم كان صَداقُ رسول الله صلى الله عليه وسلم ؟ قالت: «كان صَدَاقُهُ لأزواجه ثِنْتَيْ عشرة أُوقِيَّةً ونَشَّاً»، قالت: «أتدري ما النَّشُّ؟» قال: قلت: لا، قالت: «نصف أُوقِيَّةٍ، فتلك خمسمائة درهم، فهذا صَدَاقُ رسول الله صلى الله
عليه وسلم لأزواجه» [صحيح] - [رواه مسلم].
Аз абӯ Салма ибни Абдураҳмон ривоят аст, ки ӯ аз оиша (р) пурсид: “Маҳри Паёмбар (с) барои занонаш чӣ қадар буд? Оиша (р) гуфт: Маҳри Паёмбар (с) барои занонаш дувоздаҳ авқия ва як нуш буд”, ки ин ба ба 500-дирҳам баробар аст.
Авқияҳ - баробари 40 дирҳам назди Аҳноф 40×3,125= 124,8грамм ваназди ҷумҳури уламо 40×2,975=119 грамм аст.
Нуш - ба маънои нисфи ҳар чизе мебошад. Нуш баробари 20 дирҳам, яъне нисфи авқия аст, чун авқияҳ баробари 40 дирҳам мешавад. Миқдори нуш назди аҳноф 124,8÷2=62,4 грамм ва назди ҷумҳури уламо 119÷2=59,5 грамм аст.
Қирот - ҷузъе аз динор буда, дар миқдораш ихтилоф аст миёни фуқаҳо. Назди аҳноф қирот баробари 1/2 аз динор аст, ки ин баробари 4,25÷20=0,2125 грамм мебошад. Назди ҷумҳур 1/24 аз динор аст, ки баробари 4,25÷24=0,1771 грам мебошад.
Дониқ - лафзи арабишудаи калимаи форсӣ-тоҷикист, ки ба маънои донагӣ ё донгӣ, яъне ҳабба мебошад . Ва арзишаш баробари шашяки дирҳам мебошад. Назди аҳноф: 3,12225÷6=0,521 грам ва назди ҷумҳур: 2,975÷6=0,496 грам.
Қинтор (القنطار) - қисми зиёде аз молро гуянд, зикри қинтор дар чанде аз сураҳои Қуръон омадааст, монандӣ:
زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ۗ ذَٰلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا 6
وَاللَّهُ عِنْدَهُ حُسْنُ الْمَآبِ
Дӯстии орзуҳои нафс аз занон ва фарзандон ва хазинаҳои анбошта (қинтори муқантара) аз зару сим ва аспони нишонадорсохта ва чаҳорпоён ва зироат барои мардум ороста карда шудааст . Сураи Оли Имрон , ояти 14.
Миқдори Қинтор назди аҳноф: 124,7×200=149,76 килограмм, назди ҷумҳури уламо: 119×1200=142,8 килограмро ташкил медиҳад.
Фаровонии номҳои ченакҳои вазнӣ, ки дар боло зикр кардем, аз рушди муносибатҳои пулию молӣ ва тиҷоратӣ дар кишварҳои исломии асримиёнагӣшаҳодат медиҳад. Бархе аз ин ченакҳо ҳоло низ дар муомилоти пуливу молии кишварҳои муосири исломӣ ҳамчун унсури ананавӣ истифода мешаванд.
Шокиров Умед - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ