Одатҳои аҷиби издивоҷ дар Мисри қадим

Дар Ҳукумати Миср амали номашруъи зино бо никоҳи хешутаборӣ хеле муқаррарӣ ҳисобида мешуд. Подшоҳ бо баҳонаи пок нигоҳ доштани хуни хонадони подшоҳӣ хоҳар ва гоҳе духтарашро ба занӣ интихоб мекард. Аз хамин сабаб, одати зан гирифтан бо хохарон аз подшоҳ ба ҳамаи табақаҳои мардум паҳн шуд, ки дар асри дуюми милод аз се ду ҳиссаи сокинони Арсиное ба ин қоида риоя мекарданд.
 
Дар ашъори Мисри бостон вожаҳои (бародар) ва (хоҳар) бо (ошиқ) ва (маҳбуб)-и замони мо як маъно доштанд ва агар занеро ба занӣ интихоб кунанд, ӯро хоҳари худ мегуфтанд.
 
Фиръавн ба ҷуз хоҳараш занҳои дигаре низ дошт, ки аз миёни асирони ҷангӣ интихоб мешуданд ва ё аз ҷониби ашрофони салтанат ё шоҳзодаҳои хориҷӣ ба ӯ дода мешуданд. Бархе аз бузургони кишвар дар ин кор ба Фиръавн тақлид кардаанд. Албатта, онҳо дар ин бобат ҳаргиз ба мартабаи подшоҳӣ расида наметавонистанд, дар баробари риояи принсипҳои ахлоқии имрўза набояд сармоя ва даромади молиявии худро аз даст надиҳанд.
 
Аммо оммаи мардум мисли тамоми мардуми дигар миллатҳо, ки даромади миёна доранд, аз як зан қаноатманд буданд. Зоҳиран, зиндагии хонаводагӣ муназзам буд ва аз лиҳози ахлоқ ва ҳудуди назорати аъзои хонавода ҳеҷ тафовуте дар миёни миллатҳои мутамаддини ин замон вуҷуд надошт. Мавқеи иҷтимоии занон дар он давра назар ба мақомоти занони бисёр миллатҳои замони ҳозира баландтар буд.
 
Дар мусавварахое, ки аз замонҳои қадим боқӣ мондаанд, занонро нишон медиханд, ки онҳо дар байни мардум озодона мехўранду менўшанд ва дар кўчаю бозор ба кору бори худ мераванд ва касе онҳоро посбонӣ намекунад ва дар даст ярок дошта бошад, бо озодии комил ба кори саноат ва савдо мераванд.
 
Сайёҳони юнонӣ, ки ба сахтгирӣ нисбат ба занҳо одат кардаанд, аз дидани ин озодии занон дар Миср ҳайрон шуданд ва мардони мисриро, ки зери ҳукмронии занҳояшон зиндагӣ мекарданд, тамасхур мекарданд. Шояд ин мақоми баланд барои занон дар Миср ба далели он аст, ки дар он сарзамин ҳукмронии зани подшоҳӣ ё модаршоҳӣ бар ҳукмронии падаршоҳӣ бартарӣ доштааст.
 
Далели ин аст, ки на танҳо зан хонаи калонтаре дошт, балки тамоми заминҳои кишоварзӣ ба ихтиёри занҳо дода шудааст. Сабаби издивоҷ бо хоҳар на дар он буд, ки бародар аз ишқи хоҳар бесаброна буд, балки мардон мехостанд аз мероси оилавӣ, ки аз модар ба хоҳар мегузарад, истифода баранд ва намехостанд ин сарватро ба дасти бегонагон меафтад.
 
Ҳатто дар масъалаи издивоҷ ва эълони ишқ, занон ҳаққи бартарият доштаанд, ки ғазалҳо ва номаҳои ишқӣ, ки аз он замон боз мондаанд, гувоҳӣ медиҳад,  ки бештар аз ҷониби занон ба мардон муроҷиат мешудааст ва занон аз мардон, талаб мекарданд то замон ва маконро барои қарори мулоқот муайян кунанд ё аз ў бо камоли сароҳат хостгори карда, толиби ҳамсари мешудааст.
 
Дар яке аз номаҳо чунин омадааст ((Эй дӯсти зебои ман, ман мехоҳам зану маъшуқа ва соҳиби ҳама мулки ту бошам)) пӯшиш ва ҳаё, ки албатта набояд бо вафодорӣ омехта шавад ва ин нома аз он шаҳодат медиҳад, ки занони мисри мақоми хосеро дар ҷомеаи онвақта соҳиб будаанд. 
Умуман, дар Миср занон аз мардон мавқеи бузургтар доштанд ва пас аз чанде шавҳар тамоми меросашро ба занаш медод.
 
Либоси занона аз матои абрешимӣ, ки танҳо бадани поёни онҳоро мепӯшиданд ва агар либос сина ва шикамроби пўшонад, бешарм ҳисоб мешуданд!! Зеро онҳо боварӣ доштанд, ки Худо одамонро бараҳна офаридааст ва онҳо набояд худро пӯшонанд.
 
Рақс низ як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии мисриён буд ва мо ин ҳаракатҳои драмавӣ дар наққошӣ ва кандакориҳои гузаштагонро мебинем, ки албатта, шояд ба назари мо ба рақс монанд набошад.
 
Сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ                                               Наботов М.А.
 
Сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ                                               Наҷотзода М.А.
 
Яндекс.Метрика