Озодии инсон дар андешаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Карл Ясперс (Ба муносибати 815 – солаги Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ)

Озодихоҳӣ андешаест, ки инсонро аз ҳар қайду банд, ки монеи рушд ва саодати ӯ мегардад, раҳо месозад. Зимни омӯзиши аҳамияти озодӣ дар осор ва андешаҳои Мавлоно ва Ясперс  баъзе шабоҳатҳо ва тазодҳои андешаҳои Мавлоно ва Ясперс баррасӣ шудааст. Дар андешаҳои онҳо нисбат ба озодӣ ҳамон тазодҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба назар мерасад. Мавлоно ҳамчун як орифи бузург инсонро бузургтарин маҷуди ҳастӣ шуморида, ба таври табиӣ ва фитрӣ хоҳони озодии ӯст. Ясперс файласуфест, ки инсонро мавҷуде ношинохтанӣ медонад ва пайваста ба боло ҳаракат дорад, ки ба ҳастӣ даст ёбад, то озодии худро дарк кунад. Ба андешаи Ясперс ба боло ҳаракат кардан, танҳо хоси инсон буда, ба иродаи ӯ вобаста аст. Вале ба андешаи Мавлоно ҳаракат на танҳо шомили кулли мавҷудоти ҷаҳон аст, балки лутфи Ҳақ ва иродаи ӯ муқаддам бар иродаи одамӣ аст Аз шабоҳатҳои муҳим байни онҳо ин аст, ки ҳарду бар таҷрибаҳои шахсии инсон барои исботи озодӣ ишора кард.

Озодӣ муҳимтарин ҷавҳаре аст, ки дар зоти ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад ва яке аз вижагиҳои боризи онҳост. Агар дар масъалаи дунёи муосир тааммул кунем дармеёбем, ки бештари инқилобҳое, ки ба вуқӯъ мепайвандад, ба хотири ҳамин озодӣ аст. Озодӣ як чизи зарурӣ ва тазминшуда нест, балки инсон бояд барои касби он талош кунад. Аз ин рӯ, озодӣ дар тамоми лаҳзаҳо худро муҳофизат мекунад.

Дар натиҷаи омӯзиши осори Мавлоно ва Ясперс муайян мегардад, ки озодии инсон, ҳам аз нигоҳи Мавлоно ва ҳам аз диди Ясперс бисёр асосӣ аст ва ҳар ду бар озодии инсон таъкид мекунанд. Мавлоно дар дафтарҳои мухталифи “Маснавӣ” масъалаи ҷабр ва ихтиёрро матраҳ карда, ба нафъи ихтиёр саъй мекунад ва аз ҷабр фосила мегирад. Аз ин рӯ, бештар ба таҷрибаи амалии мардум ишора мекунад ва дар баёни ихтиёр аз баҳсҳои печидаи фалсафӣ сарфи назар мекунад. Ӯ озодиро зарурати шинохти ҳастӣ медонад, аммо бар хилофи Ясперс дар озодӣ боқӣ намемонад, ба иборае озодӣ барои Мавлоно мавзуият надорад ва он як равиш аст. Аммо Ясперс то охир ба озодӣ вафодор мемонад ва бар он таъкид меварзад.

Бешак фосилаи замонии бисёр зиёд байни ин ду мутафаккири бузург, онҳоро аз ҳам ҷудо сохта ва иддаои ҳар гуна таъсиргузорӣ ва таъсирпазириро ғайримумкин месозад.

Дар натиҷаи омӯзиши осори ин ду мутафаккир метавон озодиро ба ду навъ тақсим кард: озодии дарунӣ; ва озодии берунӣ. Мақсад аз озодии дарунӣ, ки метавон номи онро озодии маънавӣ ва ахлоқӣ номид, он аст, ки одамӣ дар дарун озод аст ва барои “шудан” ва “будан”-и худ дар оянда ҳеҷ гуна монеъ ва иҷборе надошта бошад, ки аз буъди фалсафӣ дар “Вазъиятҳои ҳаддӣ” дар фалсафаи Ясперс метавон ишора намуд, ки тасмими ниҳоӣ бар уҳдаи худи инсон аст ва ӯ озод аст, равиши ояндаро худ интихоб кунад.

Озодии берунӣ аз раҳоӣ аз бандҳо ва мушкилоте, ки одамиро аз олами берун ва ҷаҳони ҷисмонӣ  дар қайд мениҳад иборат аст. Инсон дар ҷомеа дар канори дигарон ва бо ҳамкорӣ ва ҳасдатӣ бо онҳо дар сарнавишти худ саҳмгузор мебошад ва ин ҷуз ба интихоби озодонаи беруни имконапазир нест.

Дар фалсафаи Ясперс озодӣ дар иҳотаи “ҳастӣ” қарор дорад, яъне аз нигоҳи ӯ шарти асосӣ дар рушди инсонӣ озодӣ аст. Ба андешаи ӯ озодӣ долоне аст, ки инсонро ба сатҳи ҳастӣ ва сипас ба корҳои шоиста роҳнамоӣ мекунад. Ӯ чунин мегӯяд: Озодӣ ва дарки амиқи маънои он ва ихтиёр роҳнамоии инсон ба сӯи амри мутаолӣ аст [7, 35]. Ба таври куллӣ, ҳастӣ ба таври айнӣ шинохташаванда нест, ҳастӣ ин асл, имкон ва тасмим аст ва яке аз муҳимтарин сифатҳои ҳастӣ озодӣ аст. Ба андешаи Ясперс ҳастӣ танҳо хоси инсон аст ва ин ҳастӣ худ тасмим мегирад, ки оё ҳаст ё нест. Озоҳдӣ фақат дар ҳавзаи ҳастӣ ва танҳо дар ҳамин ҳавза аст [6, 132].

Ясперс ба ин нукта таъкид мекунад, ки наметавон дониши озодӣ ба даст овард ва муътақид аст, ки ҳеҷ гуна қоида ва низоме, ки ба равиши маъмул ва муштарак битавон тавассути он ба “озодӣ” расид, вуҷуд надорад. Озодӣ аз тариқи дониши айнӣ, илмӣ ва ё аз тариқи фалсафа ғайри қобили шинохт аст, зеро дар асоси огоҳӣ аст, на бар асоси мазмуну муҳтаво . Ба ибораи дигар ғайри мафҳумӣ аст, яъне озодӣ амри дарунӣ аст, ки фард дар даруни худ эҳсос мекунад [4, 198]. 

К. Ясперс инсонро мавҷуди озод, боирода, соҳибихтиёр ва бомасъулият медонад ва бар он бовар аст, ки озодии инсон ҳадяе аст аз ҷониби Худо ва бо ҳар гуна зулм ба мухолифат мепардозад. Ин озодӣ бар асоси нуқс ва нотамомӣ нишона ва инъикос аз фанопазирии ӯст ва ба воқеияти марг марбут мешавад.

Аз ин рӯ фанопазирӣ ва озодӣ ба ҳам алоқаманд мебошанд. Мо дар зиндагӣ ба воситаи маҳдудиятҳое, ки дар амал бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем, аз имконот ва истеъдодҳоямон огоҳӣ меёбем ва бузургтарин маҳдудият марг аст, вале дар зиндагӣ маргҳои кучактар бисёр мебошанд. Онҳо маҳдудиятҳоеанд, ки тавоноии маро барои зиндагӣ кардан хориҷ аз имконот, ба таври ҳиссӣ заиф мекунанд ва намегузоранд озод бошем.

Дар баёни бардошти орифона, инсоният бештар аз он ки гирифтори монеаҳо ва зиндонҳои беруна бошад, гирифтори ахлоқ ва рафторҳое мебошад, ки онро аз дарун дар асорат ниҳодааст. Мавлоно ба ин монеаҳо, ки бархе ба сурати билқувва дар даруни одамӣ ниҳода шуда ва фард онҳоро ба феълият мерасонад ва бархе дигари онро одамӣ ба дасти хеш дар роҳи рушд ва такомули маънавӣ ва рӯҳонии хеш гузоштааст [2, 198].  Дар китоби “Маснавии маънавӣ” асл ва асоси ҳамаи мушкилот барои расидан ба озодӣ муаррифӣ шуда ва дарси орифонаи Мавлавӣ дар тамоми “Маснавӣ” ҳамин нукта аст, ки дар оғози китоби худ овардааст:

 Банд бигсил, бош озод эй писар,

Чанд бошӣ банди симу банди зар.

Гар бирезӣ баҳрро дар кузае,

Чанд гунҷад қисматиякрӯзае.

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд [3, 48].

Мавлоно дар саросари “Маснавӣ” бандҳои гуногуни озодии дарунӣ ва беруниро баррасӣ намуда, аз банд раҳо шудан ва боз расидан ба давлати озодиро меомӯзонад ва мухотабони худро пилла-пилла то мулоқоти Худо раҳнамун месозад ва ӯ ҳатто даъвати паёмбаронро даъват ба сӯи озодӣ медонад:

Чун ба озодӣ нубувват ҳодӣ аст,

Муъминонро зи анбиё озодӣ аст.

Эй гурӯҳи муъминон шодӣ кунед,

Ҳамчу сарви савсан озодӣ кунед [3, 543].

Озодӣ дар ин маъно ва мафҳуми ирфонӣ бо ҳар ду истилоҳ “озодӣ дар”, яъне озодӣ дар бандагӣ, тоат ва тариқат ва “озодӣ аз” тааллуқот ва хостаҳо созгорӣ дорад. Мавлоно бо вуҷуди ориф буданаш, муътақид ба озодии инсон аст, аммо озодӣ аз бандҳое, ки аз дарун инсонро асири худ қарор додааст, чунон чи мегӯяд:

Кундаи танро зи пои ҷон бикан,

То кунад ҷавлон ба гирди анҷуман [3, 420].

Масъалаи марказии таълимотии инсоншиносии Мавлонгоро андешаи “инсони комил” ба шумор меравад. Инсони комил ба андешаи ӯ ҳадди охирини камолоти рӯҳии инсон буда, беохиру беҳудуд аст [1, 102]. 

Ба таври куллӣ, аз нигоҳи Мавлоно инсон ба таври табиӣ ва фитрӣ хоҳони озодӣ аст. Ҳамон тавр, ки ҷараёни об ба таври табиӣ роҳи худро ба сӯи дарё боз мекунад, инсон ҳам бо тамоми вуҷуд ба дунболи гумшудаи худ, яъне раҳоӣ ва озодӣ мегардад ва агар бинад, ки ба озодӣ нарасидааст, маълум мегардад, ки роҳи худро гум кардааст. Дар ин миён агар кӯҳҳо ба таври табиӣ монеи об шаванд, нафс роҳзани инсон аст, ки инсонҳоро гумроҳ месозад ва барои расидан ба сулҳ, оромиш ва озодӣ бояд ба нафс мубориза бурд.

Мавлоно як орифи бузург буд, аз ин рӯ, андешаҳои ӯ бо Ясперс мутафовут аст, тафовути онҳо танҳо дар заминаи тахассус ва гароиши ирфонӣ онҳо нест, балки дар дин ва мактабе аст, ки дар он парвариш ва тарбият ёфтаанд. Фарҳанги ҳоким бар муҳити онҳо, яъне тафовути фарҳанги Шарқ ва Ғарб аст.

Дар тафаккури Мавлоно, инсон мақоми воло дорад ва офариниш ба хотири ӯ будааст, вале ҳаргиз ин ҷойгоҳи инсон инкоркунандаи ҷаҳони ҳастӣ ва ба вижа инкоркунандаи офаринандаи инсон нест. Аммо дар андешаиҳои Ясперс, вуҷуд дар кулл се мартаба дорад: вуҷуди айнӣ, вуҷуди мутаол ва вуҷуди инсон . Ин се ба ҳеҷ ваҷҳ инкоркунандаи якдигар нестанд ва якдигарро дар бар ҳам намегиранд, балки комилан муҷаззо ҳастанд. Муҳим он аст, ки ба андешаи ӯ инсон шинохташаванда нест, аммо ин инсон аст, ки ба ҷаҳон маънӣ мебахшад. Инсони Ясперс дар баробари ба боло рафтан аст. Дар ҳоле, ки инсони Мавлонон дар Худованд фано шудан аст. 

Дар натиҷаи омӯзиши осори Мавлоно ӯро озодмарде дармеёбем, ки инсонро на мавҷуди механикӣ, балки мавҷуде мебинад, ки ба нерӯи андеша ва тафаккури хеш интихоб мекунад. Достоне, ки дар бораи ҷабр ва ихтиёр дар “Маснавӣ” вуҷуд дорад, қисмате аз мағзи андешаи вайро нисбат ба инсон ба хубӣ нишон медиҳад. Аз назари дигар, ба андешаи Ясперс, инсон, хоссатан инсони имрӯза пайваста дониши худро зиёд намуда, интихоб ва тасмими худро дар пояи ин донишҳо анҷом медиҳад.

Асоситарин тафовуташон дар сарсупурдагии Мавлоно ба андешаи динӣ ва шариати ислом аст. Аммо Ясперс шояд имкон дошта бошад, ба Исои Масеҳ ба унвони як паёмбар дошта бошад, вале масеҳиятро бештар мавриди танқид қарор додааст, ки ин дар асари “Исои масеҳ”-и ӯ ба назар мерасад. 

Адабиёт:

1. Маҳмадҷонова Муҳиба. Табаҳҳуре дар таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе; - 2018, 406 саҳ.

2. Франглин Дин Люис. Мавлоно. Дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб, Теҳрон, 1384 534 саҳ.

3. Ҷалолиддини Румӣ. Маснавии маънавӣ. Душанбе -2021. 1005 саҳ.

4. Ясперс К. Введение в философию. / К. Ясперс. Минск: ЕГУ Пропилеи, 2000. - 192 с.

5. Ясперс К. Духовная ситуация времени / К. Ясперс // Смысл и назначение истории. М., 1994. - с.288-418.

6. Ясперс К. Куда движется ФРГ? / К. Ясперс. М.: Международные отношения. 1969. - 224 с.

7. Ясперс К. Ницше и христианство / К. Ясперс. М.: Медиум, 1994. - 144 с.

Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович - номзади илмҳои фалсафа 

Яндекс.Метрика