Конститутсия инъикоси ҳастии ҳуқуқии давлат аст
Бо амри тақдир ва ҳикмати таърих тоҷикон дар замони нав ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ва тақдирсози худ – бунёди давлати мустақили миллӣ, таъмини истиқлоли давлатӣ, дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ, қабули Конститутсияи мардумӣ, таъмини соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, ки номаш дар сафҳаи таърихи башар бо хатти зарин чун Пешвои миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон сабт шуд, шарафёб шуданд.
Албатта, ин ҳама даствовардҳо ва музаффариятҳо бемушкилию қурбониҳо, осон ба даст наомадааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсии нерӯҳои махлутшуда ба равандҳои соҳибистиқлолӣ дар давоми солҳои 1992-1997, худ гувоҳи қурбониҳои бемисли ин миллати сиёсӣ дар шоҳроҳи давлатсозии мебошад. Гузашта аз он, тоҷикон бо вуҷуди дастоварду музаффариятҳояшон дар рўзгори беш аз се даҳсолаи охир, ҳанўз вазифаю масъулиятҳои зиёди то охир анҷомнашуда доранд, ки фаҳму ҳалли онҳо таъсири мустақим ба ободии ватану рушди сарзаминашон тавъам аст.
Давроне, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои худ ба музаффарияти бузурги соҳибистиқлолӣ ноил шуданд, бо ҳама пастию баландиҳояш, воқеан як даврони хотирмону ҳикматомўзи таърихист, ки қадру манзалат ва асрору бузургии он бо мурури замон ва гузашти рӯзгор фарохтар, азимтар ва пурҷилотар эҳсос хоҳад шуд. Ҳар қадаре, ки таърих моро аз ин санаи таърихӣ дур менамояд, ба ҳамон андоза қадр ва манзалати он дар рўзгори наслҳои оянда азимтару бошукӯҳтар намудор мегардад. Ин амри табиӣ аст, зеро давлатдории навини мо маҳз аз ҳамин нукта оғоз меёбад ва дар домони муборизаҳои сиёсӣ ташаккул меёбад ва аз майдони нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо то ба домони ватандорӣ ва худшиносӣ ҳаракат мекунад.
Бузургию қиммати дастоварди Истиқлол бо мурури замон барои наслҳои оянда на танҳо азамат ва шукўҳ касб менамояд, балки бештар аз он бо дастоварду музаффариятҳои нави насли оянда умеду боварӣ зам намуда, фарзандони ояндаи миллатро ҳушёртару зирактар ва эҷодгартару донишмандтар сохта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наслҳои нави сиёсии эҳтиромкунандаи хотираи таърихиро эҳдо менамояд.
Бо гузашти айём ҳодисоту равандҳои ибтидоии бунёди давлатдорӣ то сатҳе ба қафои мушикилиҳои зиндагӣ партофта мегарданд, шоҳидону санадҳои он даврон ба ҳамон миқдор кам мешаванд, вале қиммати гавҳари касби истиқлол барои мардуми ҳушёр камранг намегардад. Ин ҳолат дар маҷмўъ ба солҳои касби Истиқлоли миллӣ азамати таърихӣ ва ҳаётӣ мебахшад.
Он рўзгори оғози давлатсозӣ (солҳои навади асри гузашта бо вуҷуди ҳама мушкилиҳояш), бо гузашти солҳо барои халқи мо ба сони даврони ташкилёбии давлат, қабули нахустин ҳуҷҷатҳои давлатсозӣ ва конститутсияҳои кишварҳои бузурги олам – Амрико, Фаронса, Олмон ва ғ., ки имрўз бо ифтихор аз он даврон ва қаҳрамониҳо ёд менамоянд, табдил хоҳад ёфт.
Воқеан, шарафёбӣ ба ин ифтихороти таърихӣ дар он сурат имкон дорад, ки агар мо ва наслҳои ояндаамон мисли ҳамон халқиятҳои пешрафта тавонем атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои бунёдии миллатамон, пайваста устувору муттаҳид буда, андеша ва амалҳои Пешвоямонро мисли амалкардҳои падарон – асосгузорони давлатҳои миллии Замони нав, дар масири рўзгори имрўзи худ ва ояндагон азизу муҳтарам дошта, арҷгузорӣ ва пайравӣ намоем.
Аз ин хотир, дар шароити кунунӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ин давлат, ки нисбат ба имрўзу фардои фарзандони худ бетараф нест, ин дастоварду музаффариятҳоро дуруст дарк намуда, аз онҳо арҷгузорӣ кардан, ҷиҳати рушду такмили он қадамҳои устувори фикрӣ ва амалиро дар макон ва мавқеи хеш гузоштан аст. Ин силсила амалҳо бояд аз ҷониби қишри васеи ҷомеа дар заминаи худшиносию худогоҳӣ бидуни таъсиру ҳаракатҳои иҷборӣ табиӣ сурат гиранд. Ба вижа қадршиносӣ ва эҳтиром аз дастоврадҳои бунёдии халқ ба сони Истиқлол, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ, Адолати иҷтимоӣ, Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонунҳои миллӣ ва ғ. ба сони орзуву омол ва одати зиндагии мардум табдил ёбад. Махсусан, қадршиносӣ аз Конститутсия, ки инъикоси ҳастии давлат аст, мояи устуворӣ ва пурқувватии сиёсии ҷомеа хоҳад буд. Зеро давлат устувории худро дар устувории меъёрҳои конститутсия ҳамчун тору пуди васлшавандаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ пайдо хоҳад кард.
Хулоса аввал он аст, ки миёни ҳама дастовардҳои истиқлолият Конститутсия мавқеи хосаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва васлгарии арзишҳои бунёдии давлатро дорад, зеро Конститутсия аз ҳастии ҳуқуқии давлат гувоҳӣ медиҳад.
Конститутсия - муаррифгари шоҳроҳи давлатдорӣ
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи халқии соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шоҳроҳи кишвардорию, сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён мисли ташкили як ҷомеаи сиёсии адолатпаравару давлати намунавии инсондўст ва сулҳхоҳ муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон дар мувозонаи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва ҳамоиши мавзуни онҳо бо арзишҳои башарӣ дар партави Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати созишӣ ва мусолиҳавӣ сурат гирифт.
Конститутсия дар ҳамон даврон на танҳо заминаи бунёдии ҳуқуқии роҳи ягона ва асосии халосии давлат ва миллат аз кашмакашию нооромиҳо гашт, балки ба ҳайси як ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ин ҳуҷҷати таърихӣ дар ояндаи дуру наздик шоҳроҳи муътадили давлатдории моро ба чашми мардуми олам дар худ таҷассум намуд. Дар ҳамон шароит рў овардани Роҳбари давлат ба қабули Конститутсияи халқӣ, алорағми конститутсияҳои классикӣ, ки баъд аз инқилобҳои буржуазӣ қабул шуда буданд, ҳикмати бузургӣ созандагӣ ва таърихофариро дошт. Маҳз механизмҳои конститутсионӣ ҳукумати навро барқарор, ҳокимиятро расмӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро имконпазир гардонд.
Дуруст аст, ки проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои зиёди ҳалталабе, вобаста ба шароиту замону макон пайваста давлати моро дар пешорўи бўҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор дода, масъалаҳои ҳалталаб ҳалли оҷилии худро дар доираи манфиатҳои миллӣ масъалагузорӣ намуда, ба мазмуни давлатдорию ташаккули ҳуқуқи миллии мо бо мурури замон махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуд. Аммо, кордонию таҳаммулпазирӣ, хирадмандию дурандешии Роҳбари мо ба сони Пешвои асили миллӣ тавонист ҳамеша ин мушкилу ноҳамвориҳои иҷтимоию иқтисодиро ҳамчун имконҳои нави рушди мафкураи миллӣ ба майдони ташаккули ҷомеаи навини мо ба маърази муборизаи созандагию ободкориҳои миллӣ кашад.
Дар ин имтиҳонҳои тақдирсоз, озодманиш ва адолатхоҳ будани сифати ҳуқуқии конститутсияи мо ба мо кўмак намуда, бо ислоҳотиҳои конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003 ва 2016) тавонист халқи моро бо сарбаландӣ ба сатҳу сифати нави зиндагӣ ҳидоят намояд. Ҷомеаи мо такмил ёфта, низоми коргузорӣ боз ҳам рушд намуда, фазои ҳуқуқиамон шаклан демократитару мазмунан миллитар гашт. Мо соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатиамонро ҳамчун иттиҳоди мустақили сиёсӣ дар байни халқҳои олам боз ҳам устувортару қавитар гардонидем.
Давлатсозии тайи бештар аз си соли паси сар шуда, ҳамагӣ собит менамоянд, ки роҳ дар бунёди давлати ободу зебо кори саҳл набудааст. Мушкилиҳо дар пасманзари шароити ҷаҳонишавӣ, манфиатхоҳии абрақудратҳо, дастгирии инқилобҳои ранга ҳамчун, бедории сиёсӣ ва авҷгирии рушди ҳуқуқҳои сиёсии инсон (аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ) як маҳаки нооромкунандаи давлатҳои миллист. Ҷанги тамаддунҳо (А. Тойнби, С. Ҳантингтон), бедор кардани захмҳои таърихӣ ва алвонҷ додани ғояи қасосигирии ҷуғрофӣ (Р. Каплан), ҷунбишҳои ифротгароёнаи кишварҳои шарқи исломӣ (Афғонистон, Сурия, Давлати исломии Ироқу Шом ва ғ.) ва ҷанги бародарони славянҳои шарқӣ (Русия ва Украина) дар ин олами ноором қисмате аз нақшаҳои амалишудаистодаи мақомоти ҷосусии кишварҳои хориҷист, ки хонаи давлатҳоро ноором менамояд. Ҳанўз кам нестанд қонуниятҳою унсурҳои нонавиштаи сиёсию ҳуқуқие, ки ҳар як метавонад ба тақдири миллат ва давлатҳои ҷавони миллӣ ба осонӣ бозии тақдирсозона намуда, ҳама кўшишу ормонҳои наслҳои давлатсозро дар як замон барбод диҳад. Яъне вазъият тавре Пешвои миллат мегўянд, аз мо пайваста ҳушёрии сиёсӣ ва ҳуқуқиро тақозо дорад.
Мо роҳро муайян кардаем, вале усули ҳаракати мошинаи давлатиро, ки қудрати пеш бурдани бори вазнини миллат ва халқияти Тоҷикистонро дар фазои ваҳдат ва рушди имконпазири пайваста бар дўш дорад, бо суръати ҳаракати тағйирёбандаю унсури мувозана ва боздорандаи он дар ҳолатҳои болоравию фурўравии роҳ ва тағйирпазирии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайдоиши шамолҳои вазнини сиёсӣ ва бодҳои даҳшатовари иҷтимоӣ бояд пайваста таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол мушкилию монеаҳо имкон дорад моро боз ба печидагиҳои дигар ва тангноҳои ҳайратовари ҷадиди рақибон гирифтор намояд.
Таҷрибаи истиқлолият собит сохт, ки ҳар як аз равандҳои давлатсозӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои ҷамъиятию дақиқро дар сатҳи донишгоҳҳою сохторҳои илмии кишвар хостор аст. Тарбияи насли нави донишманд, хирадманд, мусаллаҳ бо улуми техникӣ, мафкурасози давлатмеҳвар барои рушди давлати миллӣ ногузир шудааст. Дар баробари ин барои насли нав зарур аст, ки ба чанд масъалаҳои меҳварии рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳи хос дода, вазифаҳои аввалиндараҷаи давлатдориро бо рисолати таърихӣ бояд дарк ва ҳазм намоянд.
Дуюм аломати муҳимми Конститутсияи мо он аст, ки вай шоҳроҳи давлатдории моро қонунӣ муайян кард, мақсад ва мароми халқро ба ҷаҳониён фаҳмонд. Ин Роҳ - роҳи саодати халқ ба самти таҷрибаи пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯйи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буд.
Маводро омода карданд:
Холиқзода А.Ғ. - директори Маркази исломшиносӣ
Маҳрамбеков М. - котиби илмии Маркази исломшиносӣ
Қурбоншоев И. - мутахасисси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ