ОИД БА ПРИНСИПИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Принсипи волоияти конститутсионӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун идомаи принсипи волоияти хуқуқ, баланд будани қудрат ва нуфузи меъёрҳои Конститутсияро аз ҳама меъёрҳои дигар эълон медорад. Дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсия чунин омадааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Ҳамин муқаррарот нуктаи ниҳоиро дар фаҳмиши принсипи волоияти конститутсионӣ гузоштааст. Эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ифодагари он аст, ки дар фазои ҳуқуқии кишвар дигар ҳеҷ як меъёр баландтар ва пурқувваттар аз меъёрҳои он вуҷуд дошта наметавонад. На меъёри қонунҳои бо тариқи раъйпурсӣ қабулшаванда, на меъёри шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ва на талаботҳои қонунҳои конститутсионӣ ва одӣ (оддӣ) аз меъёри Конститутсия боло буда наметавонанд.
Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия ба баланд будани принсипи волоияти конститутсионӣ неруи тоза мебахашад. Яъне, мутобиқ ба ин принсип меъёрҳои Конститутсия танҳо аз назари абстрактӣ неруи баланд надошта, балки онҳо бо механизми татбиқи бевосита мусаллаҳанд. Яъне, дар сурати пайдо шудани зарурат ва ё тазод дар миёни меъёрҳои ҳуқуқ ин принсип тақозо бар он дорад, ки татбиқкунандагони ҳуқуқ ва ё истифодабарандагон дар ҳар шакле (иҷро, риоя, истифода, татбиқ) набошад, ҳуқуқ доранд бевосита ба меъёри Конститутсия такя намоянд ва онро ба ҳамон мазмун мавриди амал қарор диҳанд.
Мутобиқ ба принсипи волоияти конститутсионӣ қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Дар ин талабот принсипи волоияти конститутсионӣ дар муносибат ба ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ афзалият ва бартарии меъёрҳои Конститутсияро муаррифӣ мекунад. Аҷиб он аст, ки дар принсипи волоияти конститутсионӣ мо бартарии талаботи меъёрҳои конститутсияро аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ дарк ва эҳсос мекунем, аммо дар принсипи волоияти ҳуқуқӣ мо афзалияти онро дар паҳнои худи Конститутсия низ мушоҳида менамоем (м. 5-14).
Ҷиҳати риояи принсипи волоияти конститутсионӣ қабул ва эътирофи ҳамагуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъд аз мувофиқаи мазмунии онҳо бо Конститутсия қобили қабул аст. Ин аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар сархати 3 қисми 1 моддаи 8 дар талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ омадааст: «мутобиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътибори ҳуқуқиашон баландтар». Яъне, қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ дар кадом шаклу намуде набошад, бояд қабл аз ҳама ба талаботи Конститутсия мувофиқат намояд. Ҳатто санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ қабл аз қабулашон ба мазмуни Конститутсия қиёс карда мешаванд, дар сурати ихтилоф доштан имкони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба он санади байналмилалӣ номумкин аст. Чунин принсипи волоияти конститутсионӣ аз назари мазмунӣ ваҳдат ва ягонагии фазои ҳуқуқии кишварро таҳти принсипу арзишҳои бунёдии давлати миллӣ имконпазир мегардонад. Риояи ин принсип ба Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ устувор хизмат мекунад.
Як масъалае, ки дар паҳнои принсипи волоияти конститутсионӣ меистад, ин ташкилотҳои байналмилалӣ бо фишори ҳуқуқи фаромиллӣ бар болои ҳуқуқи миллӣ дасту остин барзадаанд, ин эрод дар масъалаи тазоди конститутсионӣ аст. Гоҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва қарорҳои суди байналмилалӣ дар баррасии баҳсҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон бо шарҳ ва назари худашон дар меъёрҳои Конститутсияи давлатҳои миллӣ ихтилофотро пайдо мекунанд. Мисол, дар парвандаи «Анчугов ва Гладков ба муқобили Русия» Суди Аврупо аз 4 июли соли 2013 дар масъалаи баҳси ҳуқуқҳои интихобии маҳкумшудагон яке аз иллатҳо ихтилоф байни меъёрҳои (ин ҷо сухан дар бораи талаботи қисми 3 моддаи 32 меравад) Конститутсияи Русияро матраҳ кардааст. Дуруст аст, ки Суди конститутсионии ФР бо дастрасии қонунгузории миллии худ ҷавоб додааст, ки баррасии мувофиқати як талаботи Конститутсия бо дигараш ба салоҳияти Суди конститутсионии ФР [1, с. 196] шомил нест.
Аммо масъалаи мазкур тибқи талаботи қонунгузории мо аниқ муайян нашудааст. Равшан аст, ки Суди конститутсионӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ чунин салоҳият надорад. Вале шароит ва таҳдиду фишорҳои фазои ҳуқуқи фаромиллӣ, ки ба истиқлоли ҳуқуқӣ низ дар баробари кӯмакаш хатар эҷод мекунад, моро водор ба он дорад, ки дар ин самт салоҳияти ин низоми бузурги судӣ таҷдид гардад. Махсусан, дар самти баҳогузории вазъи ҳуқуқи инсон принсипи волоияти ҳуқуқ ва тазоди он бо принсипи волоияти конститутсионӣ, ки созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва судҳои байналхалқӣ ба тарзи худ матну мавзуоти конститутсиониро шарҳу тавзеҳ дода, адолат ва беадолатии низоми давлатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ менамоянд, бозрасии салоҳияти Суди конститутсионӣ ба маврид аст.
Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки дар чунин ҳолатҳо судҳои конститутсионӣ ва дигар мақомоти масъули давлатҳои пешрафта аз чунин таҳдидҳо принсипҳои волоияти ҳуқуқӣ ва конститутсионии худро тавассути принсипи айнияти конститутсионӣ дифоъ менамоянд. Аммо дар мо мутобиқ ба талаботи моддаи 89 Конститутсия ва моддаи 34 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ» ба салоҳияти Суди конститутсионӣ масъалаҳои «муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия» асосан ворид шудааст. Таваҷҷуҳ шавад, ба ибораи «шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия». Агар ба қувваи қонунӣ даромада бошад чӣ? Зеро фишори асосии фазои ҳуқуқи фаромиллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, постмодернӣ ва постсекулярӣ ба низоми ҳуқуқи миллӣ маҳз, тавассути ҳамон шартномаҳои имзошудаи байналмилалӣ сурат мегиранд. Ва онҳо аллакай ҷузъи низоми хуқуқии миллии Тоҷикистонанд. Пас, Суди конститутсионӣ дар ҳолатҳои рӯх додани ҳолату амалҳои мухталифи татбиқи онҳо, бояд хулосаи амиқу ниҳоии айнияти конститутсиониро нисбат ба онҳо дода тавонад. Зеро ихтилофу тазоди меъёрҳо одатан дар амалия ва таҷриба рӯшан мегардад. Бинобар он, Суди конститутсионӣ бояд ба ин ҳолатҳо дар шароити замону макон мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ ҷавоб дода тавонад, ин заруратро принсипи волоияти конститутсионӣ низ тақозо дорад. Дар акси ҳол истиқлоли сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар тавассути заъфи принсипи волоияти конститутсионӣ осебпазир хоҳад шуд.
Ҳамзамон бояд эътироф кард, ки дар баробари фишори ҳуқуқи фаромиллӣ ба ҳуқуқи миллӣ, ки Конститутсия сипари асосии ҳуқуқи миллӣ ва истиқлоли миллист, ба волоияти конститутсионӣ падидаҳое мисли коллизияи қонунгузорӣ, нигилизми ҳуқуқӣ, дуршавии ҷомеа аз ҳуқуқ [2, с. 101-112] ва буҳрони фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳдид ва хатар мерасонанд. Махсусан, коллизияи қонунгузорӣ, ки дар сурати ихтилофи матну мазмунҳои қонунгузории ҷорӣ ба табиат ва рӯҳи Конститутсия рӯх медиҳад, аз ҳама бештар ба устувории принсипи волоияти конститутсионӣ ва принсипи волоияти ҳуқуқи конститутсионӣ латма ворид мекунад. Ин таҳдид, махсусан дар давраҳои бӯҳрони ҳуқуқӣ бештар эҳсос мегардад [3, с. 252-279]. Коллизия дар шакли номувофиқатӣ ва тазоди талаботи меъёрҳои ҷудгонаи санади меъёрии ҳуқуқӣ имкон дорад дар байни худи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯх диҳад, ҳамчунин метавонад миёни талаботи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои Конститутсия ба миён оянд. Дар ҳар ду холат оқибати манфии он ба принсипи волоияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ сахт эҳсос мегардад. Алабатта, вазифаи асосии принсипи волоияти конститутсионӣ тавассути мақомоти назоратии меъёрҳои Конститутсия дар давлати демократӣ он аст, ки сари вақт ин коллизияҳоро зери сипари принсипи волоияти конститутсионӣ ҳал намояд, дар акси ҳол имкон дорад таҳдид ба иллати принсипи волоияти конститутсионӣ оварда, монеаи татбиқи меъёрҳо ва буҳрони ҳуқуқии фарогир дар ҷомеа гардад.
Адабиёт:
1. Зорькин В.Д. Право против хаоса. 2-е изд. – М.: Норма, ИНФРА-М, 2020. – С. 196.
2. Мачин И.Ф. Правовое отчуждения как индикатор кризиса права: некоторые аспекты // Кризис права: история и современность / Под общей ред. В.В. Денисенко, М.А. Беляева, Е.Н. Тонкова. – СПб.: Алетейя, 2018. – С. 101-112.
3. Страдубцева И.А. Разрешения конституционно-правовых коллизий в кризисный период // Кризис права: история и современность / Под общей ред. В.В. Денисенко, М.А. Беляева, Е.Н. Тонкова. – СПб.: Алетейя, 2018. – С. 252-279.
 
Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Яндекс.Метрика