ОИЛА ВА КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШКИЛИ ОН

Оила – ин иттифоқи озод, ихтиёрона ва баробарҳуқуқи марду зан мебошад, ки дар асоси меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ташкил карда мешавад ва дар он аъзоёни оила зиндагонӣ менамоянд.

Дар моддаи 16-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10.12.1948 с.) чунин оварда шудааст: «1. Мардон ва заноне, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳақ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ издивоҷ кунанд ва оила бунёд намоянд. Онҳо дар мавриди ақди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он баробарҳуқуқанд. 2. Ақди никоҳ метавонад танҳо дар сурати ризоияти озодона ва пурраи ҳарду тарафи ба ақди никоҳ дар оянда баста шавад. 3. Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ дорад» [3, с. 6]. Дар моддаи 33-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6.11.1994 с.) чунин оварда шудааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст» [2, с. 9]. Оила ячейкаи асосии ҷамъият мебошад. Оила як қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷамъият аст.

Ҳуқуқи инсон ба ташкили оила аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст. Ҳар як инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ дорад оила ташкил намояд. Озодии бастани ақди никоҳ ба марду зани никоҳшаванда аз тарафи давлат кафолат дода шудааст. Никоҳ – ин созишномаи марду зани никоҳшаванда аст, ки дар асоси он оила барпо мегардад. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) баста мешавад. Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти САҲШ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.

Бастани ақди никоҳ шартҳои ба худ хосро дорад. Шартҳои бастани ақди никоҳ инҳоянд: 1) розигии тарафҳо, яъне розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда; 2) расидан ба синни никоҳӣ (аз 18 солагӣ, бо қарори суд аз 17 солагӣ); 3) ҷой надоштани монеаҳои ақди никоҳ. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13.11.1998 с.) инчунин шартҳои иловагии бастани ақди никоҳро дар қисми 3 моддаи 12-уми худ пешбинӣ намудааст. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд: 1) истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир; 2) бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ [1].

Мафҳуми аҳдномаи никоҳ дар моддаи 40-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «Аҳдномаи никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношуӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд» [1]. Зану шавҳар, яъне ҳамсарон дар давраи оиладорӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ баробарҳуқуқанд. Баробарҳуқуқии онҳо дар интихоби насаб, ҷои зист, шуғл, таълиму тарбияи фарзандон ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад.

Адабиёт: 1.Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 ноябри соли 1998, № 682) // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – https//www.mmk.tj 2.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забони тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе, 2016. – 64 с. 3.Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (бо забони тоҷикӣ ва русӣ). – бе љой ва соли барориш. – 24 с.

Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣи,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика