Омилҳои асосии ҳувияти миллӣ ва динӣ дар шароити муосири Тоҷикистон

Ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таърихӣ қарор дорад. Эҳёи давлатдорӣ ва расидан ба истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор соли мураккабтарини инкишоф вайроншавию ободшавӣ, ноустуворию фоҷиявӣ, ноумедию умедворӣ ин ҳама масоиле буданд, ки ба ҳувияти миллии миллат ва ҷаҳонбини динӣ  таъсир расониданд. Яке аз мушкилоти асосии ҳуввияти миллӣ ва динӣ ҳамчун шуури ҷаъмиятӣ дар он аст, ки таъғйиротҳои муҳими пешомадаро аз лиҳози манфиятҳо дарк намудан, ва ноилшавӣ ба арзишҳои умумибашариро пайванд менамояд. Масъалаи дину мазҳаб ва хусусияти миллӣ ё ҳувияти фарҳангӣ, имрӯз аз мавзӯъҳои муҳим маҳсуб шуда, чи дар адабиёти илмӣ ва чи дар матбуот мавриди баҳсҳои ҷудогона қарор гирифтааст.

Ҳувияти миллӣ дар пояи омилҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ амалӣ мегардад. Бисёриҳо шиква доранд, ки ин намодҳо ба ҳувият ва асолати фарҳанги миллӣ зарба мезананд ва тарҳҳои аз ҷаҳонишавӣ эминмондани фарҳанги миллиро ҷустуҷӯ менамоянд. Бархе онро дар пояи диниву мазҳабӣ ҷустуҷӯ доранд. Ҳувияти миллиро бо ҳувияти мазҳабӣ айният медиҳанд. Ҳатто дар саҳифаи бархе аз нашрияҳо баҳсе ба роҳ андохта шудааст, ки муҳтавои он чунин аст: «тоҷики мусулмонем ё мусулмони тоҷикем? Мо метавонем аввал аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ё аввал аз мусулмон будани худ. Кадомашро дар аввал гузорем: ҳувияти миллӣ, нажоди ориёӣ, миллати   тоҷик ё мансубияти динию мазҳабии худ?» Тарафдорони ақидаи дуюм бар онанд, ки рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҷик маҳз дар давраи ислом имконпазир гардидааст. Маҳз ислом тавонист дар фарҳанги миллати тоҷик  тағйироти сифатиеро ба вуҷуд орад.

Ба қавле, дину мазҳабҳои қадима муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳатто маишию оилавиро танзим карда натавонистанд.  Иддае аз уламои ислом адёну оинҳои пеш аз исломиро таҳти танқиди шадид гирифта, иддао доранд, халқи тоҷик танҳо дар давраи ислом ба дараҷаи баланди рушди фарҳангӣ расида, зуҳури давлати Сомониён самараи давраи исломист ва маҳз  шароитро барои рушди забон ва адабиёти форсию тоҷикӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Ирон муҳайё сохт. Лозим ба ёдоварист, ки раванди инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳои дигареро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва хуб мешуд, масоили зикршуда аз назари васеътар пешниҳод мегардид. Таҳти мафҳуми ҳувияти миллӣ- ҳувияти шаҳрвандӣ, бо дарназардошти эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллии халқи тоҷик ба эътибор гирифта мешавад.

Ба ин тариқ, ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро метавон ба сифати яке аз ҷузъҳои ғояи миллии тоҷикӣ қарор дод. Идеали миллии тоҷикӣ- ин идеали мардуми Тоҷикистон аст, ҳувияти миллӣ- ин ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистон, ки тамоми сокинони кишвари мо аз он ифтихор доранд. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста ба нажод, забон, дину мазҳаб ва ғайра, ки қисматашонро ба Тоҷикистон пайвастаанд, дар ин ҷо таваллуд шудаанд ё кору зиндагӣ мекунанд, ҳаққи шинохти ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва набояд аз доираи фаҳмиши ҳувияти миллии тоҷикӣ хориҷ гарданд. Ҳувияти миллӣ ва ғояи миллии тоҷикӣ гуфта мо бояд идеали мардуми Тоҷикистонро дар назар дошта бошем. Ифтихор аз гузаштаи таърихӣ барои тақвият ва тарбият ва манзур намудани  фарзияҳои  таърихӣ дар қиболи Ҳувият ва фарҳанги миллӣ аҳамияти калон дошта, бояд барои кору пайкори оянда мавриди истифода  қарор гирад. Ҳувияти миллиро имрӯз аз бойгонии таърихии салтанати пешиниён ҷустуҷӯ намудан низ моро ба натиҷаи дилхоҳ оварда мерасонад. Зеро тоҷики асри ХХI аз тоҷики даврони Сомониён ба куллӣ фарқ дорад ва мо ҳаргиз наметавонем  барои пешрафти халқу ватан ба қафо баргардем. Зеро имрӯз Тоҷикистон ба проблемаҳои муосир рӯ ба рӯ гардидааст. Ба назари мо, имрӯз худи усул ва шеваи баҳс дар атрофи ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ ба маҷрои дуруст надаромадааст.

Ҳувияти миллии худро аз давраи ориёиҳою каёниён, пеш додиёну Ҳахоманишиниён,Сосониёну Сомониён ҷустуҷӯ намудан низ аз назари ҷанбаи методологӣ дар шароити имрӯза дархури ҳаллу фасли  масъала шуда метавонад. Чунин иқдом  танҳо ба мақсади муаррифии тоҷикон дар арсаи  байналмилалӣ ва бомаърифат намудани шаҳрвандони Тоҷикистон  арзёбӣ мешаванд. Маълум аст, ки  ҳар як давлатдороӣ аз муќаддасоте назири парчам, суруди милллӣ, нишони давлатӣ, забони миллӣ, тамомияти арзӣ таркиб ёфта, маҳз ин рукнҳо ҳувияти миллиро ифода мекунанд. Маҳз ба масъалаи ҳувияти миллӣ, ба назари мо, аз ин ҷиҳат бояд наздик шуд, зеро имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки танҳо аз як нажод, аз як мазҳаб ва ё як халқияти боробар иборат бошад.

Дар зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз чандин фарҳангҳо нақши хоси худро гузоштаанд. Масалан, андешаи исломӣ, таъсири ҷаҳонбинии коммунистӣ ва таъсири ҷаҳони Ғарб. Пас, ҳангоми сухан гуфтан аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ мо набояд таъсири ин фарҳангро нодида бигирем. Агар якеро бар дигаре муқобил гузорем, якеро  яктарафа сиёҳ кунем ва дигареро яктарафа тарғибу ташвиқ ва тавсифу таъриф кунем, якеро худию дигареро бегона шуморем, он гоҳ аз назари  илмию иҷтимоӣ ва аз назари методологӣ бо иштибоҳоте мувољеҳ мегардем. Чунки ҳар яке аз ин фарҳангҳо арзишҳои қобили қабул дошта, хилофи андешаи миллӣ нестанд. 

 

Қурбоншоев Илҳом Ҷумъахонович. Номзади илмҳои фалсафа 

Яндекс.Метрика