ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Нимаи дуюми рӯзи 26-уми апрел дар идомаи сафари гурӯҳи корӣ ҷиҳати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав дар мавзӯи "Омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" мулоқот баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, доир шуда, дар он мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, имомхатибон ва занону ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром, Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ, муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наҷотзода Мутеулло, муовини Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон - Ёров Дилшод ва раиси ноҳияи Носири Хусрав - Шарифзода Маҳмадаюб иштирок ва суханронӣ карданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам дар суханронии хеш ҷиҳатҳои муҳим ва роҳҳои муассири мубориза бар муқобили хатарҳорои терроризму экстремизм ва ҷаҳолату таассубро ба ҳозирин шарҳ дода, қайд намуд, ки омӯзиши донишу маърифат, боло бурдани хираду ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бедор беҳтарин роҳи пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар суханрониҳои ҳайати гурӯҳи корӣ мавзӯъҳои мухталифи вобаста ба масъалаи ҷаҳонишавӣ, терроризму ифротгароӣ, кибертерроризм, таассубу хурофот, ҷинояту ҷинояткорӣ, таълиму тарбияи насли нав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, дар рафти он миёни иштирокдорон ва ҳайати гурӯҳи корӣ суҳбати озод сурат гирифт.

Дар хотима аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба Китобхонаи ноҳияи Носири Хусрав китоби "Ваҳдат, Давлат, Президент" тақдим карда шуд.

Манбаъ: Маркази матбуоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Яндекс.Метрика