Омилҳои зуҳури ифроту террор дар ислом ва роҳҳои муқовимат бо онҳо

Қисми 1:
«Дар шароити кунунӣ, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст.»
 
Эмомалӣ Раҳмон 
 
Таърих гувоҳ аст, ки ислом дар умқи пайдоишаш нахуст сиёсӣ набуд. Нахуст хондан ва сипас имон ба Худовандро таблиғ намуд. Паёмбари гиромӣ аз ибтидо танҳо рисолати даъвати мардум ба роҳи рост ва шинохти Ҳақ намуданд. Кулли оятҳои маккӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Агар дар сурате, ки ҷоҳилони Макка ба муқобили ақида ва даъвати паёмбари ислом намебаромаданд, ба ҳаёти ў хатар намеоварданд, оё зарурати ҷангу ҷидолҳо ва сиёсишавии ислом пайдо мешуд? Оё зарурати муборизаи сиёсӣ ва хунрезиҳо ба миён меомад? Оё агар касе дар замони Паёмбар исломро қабул мекард ё намекард ўро ҷазо медоданд? «Ло икроҳа фи-д-динӣ» ба чи ҳикмат фиристода шуд. Албатта, саволҳо зиёд аст, ки ақл, виҷдон ва имони ҳар ватандўстро ором намегузорад…
Яқин меравад, ки даъвати ибтидоӣ ва асили ислом шинохти соҳиби якка, ибодат ба Ў, адл ва инсофи умум буд, на гирифтани қудрат. Дуруст аст, ки дар тангнои таърихӣ зери фишори заруратҳо ислом сиёсӣ шуд. Замони нав афзалияти намои давлатҳои миллӣ ва ҷудоии дин аз ҳокимияти давлатиро собит кард. Давлат динро таҳти ҳимояи худ қарор дода, онро ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ, шакли зуҳури ҳуқуқ ба озодии виҷдон кафолат дод.  Чун ин замон ин имкониятҳоро давлат ба пуррагӣ кафолат додааст, бо тобиши сиёсӣ додани дин ҳеҷ зарурат нест. Ҳар нафаре, ки таърихи динро медонад, қонунияти рушди таърихии падидаҳоро аз худ кардааст, таъсири замону маконро ба ташаккул ва рушди ҳодисоти иҷтимоӣ дарк кардааст ва диалектикаи табдилу такмили ҳодисоти статикию динамикиро фаҳм намудааст,  барои ў равшан аст, ки сиёсисозони муосири ислом ҷонибдорони эътиқоди асл не, манфиати давлату миллат не, балки хизматгорони хоҷагони чоплусу душманони дину давлатанд. Бадбахтии сангинтар он аст, ки ин тамоюлу равишҳои носолими эътиқодиро зери парчами озодиҳо ва ҳуқуқҳо давлатҳои бузурги олам бо ҳар роҳу воситаҳо дастгирӣ менамоянд. Зеро аз нооромиии кишварҳои олам - манфиат ва фоидаи онҳо бештар мешудааст. Манфиат на танҳо ба «забони гуфтугўи давлатҳо» (ибораи С. Ятимов), балки ба ҳадафи марказии амалкардҳо табдил ёфтааст.  
Албатта, дар навбати худ ҳоки¬мияти давлатӣ ва аҳли илми ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва давлатҳои дунявиро дар чунин шароит зарур аст, ки сари масъа¬лаҳои озодии виҷдон андеша намуда, вазъи мусоиди амалишавии озодии виҷ¬донро таъмин сохта, нагузоранд, ки ба тори имон ва эъти¬қоди мардум гурўҳҳои ғаразнок чанг зананд.  Душманони мо мехоҳанд, ки амалкардҳои моро мухолифи дину мазҳабамон шарҳ дода моро ба муноқишаи дину қудрат кашанд, мо набояд ба ин осиёби онҳо об резем. 
Мазҳаби аҷдодии мо ҳанафия амри подшоҳро фарз дониста ба муқобили ў исён намуданро манъ кардааст. Муҷтаҳиди бузурги замони Сомониён Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ навиштааст: «Тоат доштани султон фариза аст ва тарки вай осӣ шудан ва маъсият аст ва бидъат. Ва ҳар кӣ султонро тоат надорад, он ҳаводор бошад, зеро, ки Ҳақ таоло дар китоби худ мефармояд: «Эй мўъминон! Худои азза ва ҷалларо тоат доред ва Расулро тоат доред! Ва амиронро тоат доред… Ва ба ҳама ваҷҳҳо султонро тоат бояд дошт» . Итоат ба подшоҳ итоат ба низом ва эҳтиром ба тартиботу амнияти ҷоринамудаи Роҳбари давлат аст. Ҳамин барои мо гуё аст, ки мазҳаби бобоии мо бо низоми идораи давлати мо таърихан мушкилӣ надорад. Мушкилиҳои эҷодшудаистода аз таълимоти бегонагон аст. 
Дар баробари ин ҳама дар фазои динии давлати миллии мо саволҳо ва масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Вале ҳоло ҳаминро таъкид бояд кард, ки имон, эътиқод ва озодии динии мо, ки дар партави фарҳанги исломии беш аз ҳазорсола қолаби маънавӣ гирифта, ҳаққи табиии миллати моро ба ислом муаррифӣ мекунад, дар омезиши муборизаҳои сиёсӣ ва сиёсишавии исломи ҳавзаҳои муайян аҳёнан зери фишори неруҳои дохилию хориҷӣ қарор гирифта истодааст. 
Ҳар фишор, ҳар маҳдудияти ноҷо ва ҳар зиёдаравии беҷо дар ин самт ба манфиати мо нахоҳад буд. Чӣ тавре ки Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллати мо борҳо таъкид доштанд, дин ва оини моро касе ҳаққи маънавии ба муқобили ормонҳои мо гузоштанро надорад, давлат ба иттиҳодияҳои динӣ шароит муҳайё мекунад, ҳуқуқ ба озодии виҷдонро таъмин мекунад ва дар як вақт назорати риояи қонунро аз ҷониби онҳо таъмин менамояд.
Дар заминаи сиёсисозии ислом масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалии динӣ аз ибтидои солҳои 90 асри гузашта ба як воситаи муҳимми таҳдид ба давлатҳои миллии дорои мардуми мусулмон гашт. Зарбаи нахустини худро ин зуҳуроти манфӣ дар ҳудуди кишварҳои пасошўравӣ дар шакли ғояҳои тундрави ваҳҳобия зери ниқоби сиёсисозии ислом ба Тоҷикистони сохибистиқлол расонид. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон равшан собит сохт, ки сисёсисозии дин дар таркиби худ зуҳуроти ифротӣ ва террористии либоси динӣ пўшидаро дар ҳолатҳои зарурӣ  омода менамояд. 
Мушкилии ин раванд бинобар авомили мухталифи замони нав ва ҷаҳонишавии манфиатҳо ба маротиб печидатару чолишхўрда гаштааст, ки сароби худро барои осиёби нооромаш ҳам дар паҳнои давлатҳои миллии мусулмоннишин, ҳам дар манфиати кишварҳои бузурги ҷаҳонхоҳ ва ҳам дар шаклҳои зуҳури равандҳои демократии идорашавандаи берунӣ пайдо намудааст. Дуруст аст, ки ҷавҳар ва муҳаррики статикии ин осиёби харобиовар зери таълимотҳои динию ифротии неруҳои дохилии давлатҳои миллӣ, пўшида аст. Мушкилии замони нав дар мубориза бо ин ҷараёни хатарзои ифротишавии эътиқод қабл аз ҳама дар дуруст нашинохтани сарчашма, неруҳои ғоявӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва моддии зуҳури он ифода меёбад. 
Таҷрибаи давлатҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки  бо рў ба рў шавӣ бо ин таҳдидҳои полудаи эътиқод ва сиёсати тундравонаи динӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқон аслан ба се гурўҳи масъалаҳо ҷалб мегардад: якум масъалаҳое, ки сарчашмаи зуҳури ифротгароӣ ва терроризми динӣ мегарданд; дуюм мавзуоте, ки паҳноҳои  сиёсӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии ин равандҳоро дар ҳамоҳангӣ бо таҳдидҳо ба амнияти давлати миллӣ инъикос менамоянд;  ва ниҳоят сеюм ба мабонии маънавии эътиқодии чунин ҷараёнҳои тундрав таваҷҷуҳ мекунанд. 
Илова бар ин се тамоюли шинохти ҳаракатҳои ифротию террористии динӣ дар кишвари мо масъалаҳои зерини кўшиши баррасии ин авомили зишт ва шинохти он дар фазои илмӣ, амалӣ ва иттилоотӣ эҳсос мегардад: чорум дар зовияи тазоди мазҳабӣ ва муқовимат бо арзишҳои анъанавии ислом, агар масъалаи мазкур дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиддӣ ва оштинопазир аз ҷониби пайравони мазҳаб ва зиёиёни меҳангаро баррасӣ мешуд, акнун солҳои охир ин рисолатро мақомоти давлатӣ бар дўш гирифтааст. Зиёиёни мамлакат ба ин масъалаҳо зери таъсири авомили мухталиф таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоранд; панҷум таҳлил ва барарсии ин тамоюли зишт ва фасодовари иҷтимоӣ маҳз аз кунгураи амнияту оромии кишвар ҳамчун ҳодисаи таҳдидкунандаи динӣ ба амнияти миллию сохибихтиёрии давлат мавриди муҳокима ва баррасиҳо қарор мегиранд; ва ниҳоят шашум тибқи нақшаю дастурҳои расмӣ дар семинару конфронсҳо ва мавзуоти қироатии ходимони динӣ аз табиати зишти ин ҳодисаҳои номатлуб иттилоот дода мешавад. Агар дар се омилу асосҳои ибтидоии кўшиши шинохти ифротагароию терроризми динӣ, мо то ҷое унсурҳои ақлонию иродавии ҷомеаро дар шинохти ин беморӣ эҳсос намоем, дар сеи охирӣ мо фаъолнокии мақомоти давлатиро эҳсос карда, нақши иродавию ақлии ҷомеаи зиндаро дар мубориза бо ин таҳдидҳо камранг мебинем.      
  Ба назари муҳаққиқон дар давлатҳои миллӣ дар қаринаи омўзиши илмии равандҳои манфии ифротгароӣ ва терроризми динӣ баъзе аз усулҳои номуносиб низ эҳсос мегардад, ки ба шинохти комил ва ташкили муборизаи дурусти мафкуравӣ ба муқобили ин зуҳуроти таҳдидовар монеаҳо эҷод менамоянд. Мисол, дар Федератсияи Россия, ки бо ин зуҳуроти манфӣ на як бору ду бор рў ба рў шудааст, бештар таваҷҷуҳи аҳли илм ба таҳлил ва омўзиши гурўҳҳои ифротӣ ва табиати ташкилотҳои онҳо бештар равона шудааст (И.П. Добаева, Б.В. Долгова, А.А. Игнатенко, Р.Г. Ланды, Д.В. Макарова, Р.М. Мухаметова). Вале дар баробари ин омили асли зуҳури тундравии динӣ ва табдили ин чараён ба ифротгароию терроризми динӣ диққати аҳли илмро камтар ба худ ҷалб кардааст. Ҳол он ки дар шинохт ва пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб маҳз омўзиши ҳамин омилҳои зоянда муҳим ва тақдирсозанд.
Дигар аз мушкилӣ он аст, ки онҳое, ки ба ҳамин мабонии зуҳури ҳаракатҳои ифротию террористӣ таваҷҷуҳ менамоянд, аслан дар усули кашфи масъала мушкилӣ  доранд. Онҳо дар силсилаи омилҳо бештар ба яке аз онҳо банд шуда, тамоми дигар аз омилҳои ғизодиҳандаи ин раванди номатлубро аз мадди назар дур мемонанд. Мисол, муҳаққиқ А.М. Василев ифротгароии диниро хамчун аломати буҳрони тамаддуни исломӣ шарҳ медиҳад . Ва ё А.Ю. Юмнов терроризмро бо либоси динӣ аксуламали ҷаҳонишавӣ медонад.  Муҳаққиқ А.Ю. Другов бошад ифротгароии диниро ҷанбаи дигари ҷаҳонишавии манфиатҳо мешуморад.  Албатта, дар навиштаҳои ин олимон нуктаҳои ҷудогонаи  ҳақиқат вуҷуд дорад, вале ҳақиқати комил ва фарогири зуҳури ин ҷараёнҳои номатлуб не.  Аз ин хотир, муҳаққиқон солҳои охир ба дигар авомилу решаҳои ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ намуда, решаҳои зуҳур ва рушди онро дар дигар ҷараёнҳо, равандҳо ва амалкардҳою ғояҳои мафкуравӣ кашф карда, барои ақли солим маслиҳату равишҳои муносибро пешниҳод карда истодаанд.  
Мисол, муҳаққиқи шинохта Л.Р. Сюкияйнен андеша дорад, ки барои дурст омўхтани решаҳои ифротгароӣ ва терроризми мусулмонӣ моро зарур аст, ки ба бисёр омилҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ дуруст назар намоем. Аз ҷумла, зарур аст, ки ба ҷойгоҳи ин зуҳурот дар олами ислом ва таърихи он, ҳолати муосири ислом, нақши ислом дар ҷаҳони муосир диққат диҳем. Ҳамчунин аз хотир набарорем, ки дар муддати асрҳо Шарқи наздику Миёна ва Шимоли Африқо ва умуман кулли олами исломӣ майдони муборизаҳои сиёсӣ буданд, ки дар худ ҳам ифротгароии динӣ ва ҳам терроризми диниро доро буданд. Имрўз бошад вазъияти нобасомони сиёсӣ – иҷтимоӣ бо мушкилиҳои иқтисодӣ фаъолшавии ташкилотҳои тундрави исломиро рўи кор оварда, ба ифротагроию терроризми динӣ шаклҳои нав ва фарогиртар мебахшанд .  
Ҳарчанд, ки ҳукми қатъии муаллиф дар масъалаи он, ки садсолаҳо дар кулли олами исломӣ аломатҳои ифротгароӣ ва терроризми динӣ мушоҳида мешуд, аз назари таърихнигорӣ сахт ва аламовар аст ва мо онро комилан ҷонибдор нестам, вале ҳақиқат зуҳури амалҳои ҷудогонаи ифротию террористиро дар ин давраҳо комилан инкор кардан намемонад. Ва ин омилро мо ба сифати омили марказии вуҷуд ва ирсияти ифроту террор дар ислом қабулдор ҳам нестем, балки онҳо аз амалҳои зиштеанд, ки дар шарту шароити муайяни таърихӣ нодуруст бо тундравии хосаи инсонӣ рў задаанд. Дигар ин, ки ин навъ тундравию ифротагроӣ дар таърихи Аврупои асрҳои Миёна дар шакли ордендорону муборизони мазҳабӣ низ кам набуданд ва мо наметавонем, ки бо ҷурми чанд тан аз тундравону террористони динии насрония кулли фарҳанги насронияро маҳкум намоем. Аммо дар масъалаҳои дигари дар иртиботи таърихӣ омўхтани зуҳуроти ислом ва амалҳои номатлуби ифроту террор, таҳлил ва таснифи авомили зуҳури онҳо бо гурўҳҳо ба далоили овардаи муаллиф мо комилан ҳамфикр ҳастем.
Л.Р. Сюкияйнен омилҳои зуҳўри ифротгароиро дар шароити муосир дуруст тасниф намуда, ба чунин навъҳои ҳудудӣ онҳоро тақсим менамояд: омилҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.  Сипас ҳар як гурўҳи омилҳоро аз назари илмӣ таҳлил намуда, хулосаи худро пешниҳод менамояд.  Ба омили дохилӣ-миллии зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар натиҷаи таҳлили кишварҳои мусулмоннишини олам (Тунис, Судон, Ливия, Миср, Ироқ, Сурия, Афғонистон ва ғ.)  муаллиф вуҷуди чунин ҳолатҳоро асос медонад: якум, қафомонии иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои минтақаи муайяни  исломӣ бо пасманзари афзоиши бекорӣ, камбағалӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, ноодилона тақсим намудани сарватҳои табиӣ ва иҷтимоӣ;  дуюм, омили сиёсӣ. Аксари кишварҳое, ки дар онҳо ифротгароӣ ва терроризми динӣ рушд менамояд режими сиёсии онҳо аслан демократӣ нестанд, ислоҳотҳои маҳдуди  сиёсии дар ибтидои ҳазораи се баргузор намудаи онҳо, низоми марказонидашудаи идориро дигар накарда,  режимҳои худкомаи сиёсиро маҳдуд нанамудааст, мегўяд муаллиф. 
Гузашта аз он дар ин кишварҳо ба андешаи муаллиф, чунин падидаҳои фаҳм ва дарки набзи ҷомеа: плюрализми сиёсӣ, табдилёбии қудрат ва рақобати сиёсӣ рушд накарда, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи паст қарор гирифтааст. Дар баробари ин лоиҳаҳои дунявии идораи ҷомеа дар ин кишварҳо, ки дар шакли моделҳои ба идеологияи марксизм, сотсиализм ва миллатгароии арабӣ такякунанда рўи кор омад, натиҷае надод. Ин ҳама ҳолатҳо вазъи ҷомеаҳоро муташанниҷ намуда ба эътирозҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ либоси динӣ пўшонд.  
Муаллиф дар ҳамин сарҳад авомили зуҳури ифротгароии исломиро бо далоили шароити воқеӣ маҳдуд накарда, яке аз шоҳроҳҳои асли ҳуввият ва рушди онро дар ду раванди дар як шоҳроҳи сиёсӣ ҳаракаткунандаи мафкураи сиёсии мусулмонон ишора менамояд: «Ба ин раванди ифротгароӣ ва терроризми динӣ дар олами исломӣ - менависад ў, «исломикунонии сиёсат» ва «сиёсисозии ислом», ки бештар дар шакли исломи сиёсӣ ва радикализми динӣ зуҳур менамоянд, мусоидат мекунанд. Мақсади ин тандем ҳамагуна амалҳои сиёсиро ба таълимоти исломӣ тобеъ кардан аст. Исломро мутобиқ ба шароитҳои муосир шарҳу тавзеҳ дода, тундравони динӣ, аз таълимоти исломӣ дармонҳои ҷомеаи муосирро ҷустуҷў менамоянд. Бо ин ҳадаф онҳо мақсади ташкили Хилофатро бо меъёрҳои шариатӣ пеш гузошта, ҷиҳодро ҳамчун шакли ягонаи мубориза дар ин роҳ қабул мекунанд» . 
Дар баробари ин Л.Р. Сюкияйнен омили тундравии исломиро танҳо ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳдуд накарда, вайро ҳамчун як раванди гузариш аз буҳрони худшиносии динӣ низ номидааст. Яъне ҷомеаи исломӣ дар ҷустуҷўи роҳҳои рушд ва худмуайянкунии мақоми хеш дар замони муосир дар баробари амалҳои солим, амалҳои носолимро низ, бинобар камҳавсалагии иддае аз тундравони мазҳабӣ  истифода мебарад. 
Ҳамин тавр, муаллиф ба тадриҷ омилҳои минтақавӣ (ҳодисаҳои ноороми кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолиро), ки баъзе ноуҳдабароии ҳокимони миллӣ ва сиёсати нодурусти кишварҳои абарқудрати ғарбӣ ба чунин варта гирифтор шудаанд; ва байналмилалии (ҷаҳонишавӣ, вестернизатсияи қонунгузорӣ, интиқоли иҷбории арзишҳои демократӣ) зуҳур ва тавсеаи амалҳои зишти ифротагароӣ ва терроризми диниро дар асосҳои таҳлилҳои шахсӣ пешниҳод менамояд , ки аксарашон бо далелҳои баҳснопазир вуҷуд доранд. 
Як нуктаи муҳими таҳлили муаллиф дар омилҳои дохилии зуҳури ифротгароӣ дар он аст, ки вай вуҷуди нуктаҳои иллатманди зуҳури тундгароӣ ва ифротгароиро дар таълимоти динӣ инкор наменамояд. Ў вуҷуди ғояи тарғибгари ифротгароиро дар сарчашмаҳои ҷудогонаи динӣ эътироф менамояд.  Ифротгароён ба ин сарчашмаҳо такя карда, амалҳои ифротии худро иҷро менамоянд. Ҳарчанд масъалаи мазкур аз назари сирф ғоявӣ ва рисолати эътиқодӣ баҳснок аст, вале масъалагузории муаллиф аз назари усулӣ ва воқеияти зуҳури амалҳои зишт, ки ба сарчшамаҳои динӣ дар асосҳои гуногунфаҳмӣ такя мекунанд, то ҷое воқеият дорад. Вале муаллиф, таваҷҷуҳ намекунад, ки ин ҷо ду масъаларо бояд ба инобат гирифт: Мушкилии аввал он аст, ки ифротагроёну террористон ба фаҳми худ ба навиштаҷоти аҳкоми динӣ муносибат карда, дар доираи фаҳми худ аз онҳо маънӣ мебардоранд. Дуюм, мушкилӣ он аст, ки сарчшамаҳои тақлидии ифротагроёну террористон якзайл ба ҳама ҷараёну мазҳабҳо, яъне дигар мусулмонони олам хусусияти меъёрӣ надорад. Ҳарчанд, ки ў тезиси «терроризм миллат ва дин надорад»-ро зери савол мекашад, вале худаш таъкид мекунад, ки шартан гуфтан мумкин аст, ки «дини ислом бевосита бо терроризм рабте надорад, агар албатта, мо исломро ҳамчун дин ва эътиқод қабул намоем.»    
Ҳамин тавр Л.Р. Сюкияйнен асосҳои ғоявии зуҳури ифротгароиро дар шакли мафкураи тундрави дар таълимоти динӣ воридгашта инкор накарда, воситаи муқовимат бо онро ҳамчун навъи ғоявии мубориза бо он дар паҳнои таълимоти динӣ меҷўяд . Ин навъ масъалагузорӣ зери принсипҳои илмии он ки «бо душман бо усули ў мубориза бояд бурд» ва ба «муқобили андешаи носолим бояд андешаи солимро гузошт, на танку тўпро», комилан қобили қабул аст. 
Воқеан мо чи қадаре даъво накунем, ки дини мубини ислом тоза аз ифроту террор аст, воқеият мухолифи ин аст. Зеро ҳамон амалҳои зишт, ки дар олам зоҳир мегарданд бо ин ё он тарз худро бо номи ислом васл менамоянд.  Онҳо бидуни такягоҳи маънавӣ ва рўҳонӣ имкон надоранд, ки субъектро то зинаи худкўшӣ бароранд. Муҳаққиқон дуруст андеша доранд, ки агар алоқаи ғоявии тундарвони динӣ бо идеологияи исломӣ гуногун васл гарданд, ҷое ба осонӣ ҷое ба мушкилӣ ва гоҳо инкор шаванд ҳам, вале онҳо ҳамеша бо асосноккуниҳои вижаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ тобеанд. Пас, моро зарур аст, ки ё ҳамин ғояҳоро васлияташро аз ислом ҷудо намоем, бепоягии ҳамин асосноккуниро равшан созем ва ё андешаҳои солими исломро, ки ин навъ амалҳои номатлубро бо далелу рақамҳо қатъиян инкор менамоянд, ба маърази мафкураи миллат пешниҳод созем. 
Бино бар таҳлили вазъи мафкураи ифротиёну террористон равшан мегардад, ки барои онҳо зоҳиран шакли идораи демократӣ, табиати низоми идора муҳим набуда, табиати исломӣ надоштани давлат ва созиши он бо андешаҳои атеистӣ меистад, вале ботинан ҷустани роҳҳои мусоиди амалӣ намудани ғаразҳои сиёсӣ бо истифода аз дин масъалаи марказӣ дар ин раванд аст. Ҳатто вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки обрезанда ба осиёби тундравиҳои ҷомеа аст, барои онҳо он қадар муҳим нест. Аз ин хотир, роҳбарони ифротиён бештар ба асосҳои ғоявии амалҳои ифротӣ  ва сарчашмаҳои динӣ (муҳим нест, ки онҳо дуруст маънӣ мебардоранд ва ё не, муҳим он аст, ки онҳо дуруст ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ диҳанд) такя мекунанд. 
Ин аст, ки ба қавли муҳаққиқон ифротгароии муосири исломӣ аслан – зуҳуроти ғоявӣ аст. Чунки нуктаи аслӣ ва омили марказии асоскноккунандаи он ғоя ва консепсияи исломӣ баромад мекунад.  Маҳз ба ҳамин хотир яке аз самтҳои асосии мубориза бо ин зуҳурот ҷанбаи ғоявӣ ва мафкуравӣ мебошад. Бояд ҷанбаҳои солиму таҳаммулгарои исломӣ ҳамчун ғояи марказӣ ба майдони мубориза кашида шавад. Ин корро бояд ходимони динӣ ва муҳаққиқони исломшинос роҳандозӣ намоянд. Мутаасифона, эҳсос мешавад, чун рисолати худро ин қишри ҷомеа иҷро наменамояд, гурўҳи дигари ғайрикасбиён дар раванди мубориза бо ифроти динӣ ба асосноккунии ғояҳои ифротии террористон бештар машғул шуда, «мўйро аз хамир ҷудо накарда», динро дар умум ҳамчун рақибу душмани ҷомеаи солим муаррифӣ менамоянд.  Ҳатто дар фазои илмӣ низ бештар ба кашфи асрори ифротию терроризми динӣ таваҷчўҳ мешавад, аз он ки ҷанбаҳо ва ғояҳои муқобили онро таҳлил ва ба муқобили ин андешаҳои носолим гузоранд. 
Эҳсос мегардад, ки онҳое ки майли бештар ба кашфи асрори вуҷуди террору ифрот дар заминаи арзишҳои динӣ менамоянд, тарс аз тарғиби мафкураи тундрави динӣ ва афзоиши нақши он дар ҷомеа доранд. Алабтта, ин эҳсосот воқеан дар ҷомеаи анъанавӣ ҷо дорад, вале воқеияти аз ин вазнинтар он аст, ки агар мо неруи солиму алтернативии диниро ба муқобили ин неруи бади тавлидкардаи душманони дину миллат нагузорем, ғалаба бар ин фасоди ботинӣ ва рўҳӣ мушкил мегардад. Гузашта аз ин, ин ҳолат муносибати мардуми фикркунандаро нисбат ба дин ё ба сифати сарчашмаи ифроту террор табдил медиҳад ва ё ҷонибдорони ғояи равиши муборизаи муътадилро бо ифрот аз дидгоҳи динӣ аз бунёдаш инкор менамояд. Аз назари қоидаҳои объективияти илмӣ ҳар ду ҳолати негативӣ дар муносибат бо дин ҳолати муқаррарӣ ва қобили қабул нест. 
Ин аст, ки ба андешаи муҳаққиқони шинохтаи фарҳанги исломӣ иллати рушди ифроти динӣ дар он аст, ки давлату ҷомеаҳо усулҳои ҳарбӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва ҳатто иттилотии мубориза бо террору ифроти диниро дар даст гирифтаанд, аммо муборизаи маънавӣ ва мафкуравиро, ки ҷавҳари ин зуҳуротро ташкил медиҳад, то ҳанўз дуруст роҳандозӣ накардаанд. Ин ҳолат неруи андешаю ғояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии исломро дар дасти давлат не, ҳатто ходимони иттиҳодияҳои динӣ не, балки дар ихтиёри ифротиёну террористони динӣ вогузор кардааст. 
Корпуси ходимони динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд. Динро аз ифротиён дифоъ намоянд, ҳамон тавре, ки М. Лютер, Калвин ва дигарон дар Аврупо динро аз сиёсат ва бозиҳои сиёсии қудратхоҳона наҷот доданд ва муҳаққиқони ватанӣ ба он дуруст ҳамчун ҷузъи  худшиносии  миллӣ дар эҳёи Аврупо назар намуданд (С. Ятимов). Дар ин самт на бо таърифҳои хушку холии подарҳаво, балки бо далелу рақамҳои мушаххас парда аз асрори асосҳои ғоявии ифротгаро, ки ба дин такя мекунанд, бояд бардошт. Бо ин мақсад мутобиқи матлаб аст, ки ҳамон ояту ҳадисҳоеро, ки онҳо ба сифати асосҳои идеявӣ ба роҳбарӣ мегиранд, дар асосҳои илмӣ мутобиқ ба принсипҳои инсондўстии исломӣ, неруи оёти аҳкомӣ дар шакли меъёрҳои хос ва ом (Абўҳанифа. Абўзаҳра с. 291) шарҳ ва тавзеҳи дуруст дода шавад. Яъне, яроқи маънавии онҳоро бояд хунсо сохт. Принсипҳои таҳаммулгароёнаи мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти ақлгароёнаи исмоилия дар ин самт метавонанд барои мо хизмат намоянд.  
Таҳлили маводи ба ифроту низоъ даъваткунанда ва ба террор хидоятшавандаи ифротагароёну террористон ва назари олимони соҳаи исломшиносӣ гувоҳи он аст, ки заминаҳои ғоявии такягоҳи онҳо ба мабонии исломӣ якранг нест. Як гурўҳ ояту ҳадисҳое ҳастанд (онҳо зиёд нестанд), ки онҳо аксаран дар давраҳои аввали густариши ислом дар аснои муқовимати ҳарбии ҷонибдорони ислом ва мухолифини онҳо дар шароитҳои таърихии ҷанг дар шакли хос нозил ва ташккул ёфтаанд. Ин муқарраротҳо дар айёми ҷангу ҷидолҳо, тартиби пешбурди ҷанг, муносибат бо мухолифин, бо душманони майдони ҷанг, муносибат бо амволи душманон ва ғ. дар бар мегирад. Ба ин оятҳо мисол шуда метавонад  сураҳои  «Тавба» -   оятҳои: 5, 14, 29,73;  «Бақара» - оятҳои 190-191, 217; «Нисо» - ояти 141;  «Анкабут» – ояти 6; «Таҳрим» –ояти 9; «Оли Имрон» -  ояти 142 ва «Ҳуҷурот» - ояти 15. Бо кадом тартибе, ки ифротиён ин теъдодро афзоиш надиҳанд, ҳамагӣ шумораи онҳо ҳатто  1% оятҳои қуръониро ташкил намекунанд. 
Сазовор ба қайд аст, ки мазмуни на ҳамаи оятҳои ишорашуда бевосита тарғиб ба ҷанг дошта, дар онҳо шарту шароити ҷанг, ҳолатҳои имконпазирӣ, зарурияти он ва дигар асосноккуниҳо атрофи муноқишаҳои имконпазир омадааст, ки вобаста ба шароити таърихӣ ва тағйирёбии шароит, сатҳ ва фаҳми субъекти мулоҳизакунанда табдили фаҳми мазмуни онҳо имконпазир аст. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки ба замми маҳдудияти таърихӣ ва ҳукми ом надоштани иддае аз онҳо чанде аз ин такягоҳҳои ғоявии ифротгароён қатъӣ ва усутвор манфӣ набуда, фаҳмҳои дигаргунаи муқаррароти онҳо дар назария ва амалия вуҷуд дорад. 
Гурўҳи дигар ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки онҳо комилан маънои ифроту терррорро надоранд, вале аз роҳи тафсири шикаста ва маънидодкунии ғаразнок ифротиён онҳоро ба такягоҳи маънавии худ табдил додаанд. Мисол, ояти 3 сураи Оли Имрон, ояти 59 сураи Нисо ва ё ҳадиси машҳури паёмбари ислом, ки «касе амали ғайришаръиеро дид, бигузор бо дасташ, агар натавонист бо забонаш, агар натавонист бо қалбаш ба дигаршавии он мусоидат намояд». Ҳол он ки айнан ҳамин ояту ҳадисҳоро пайравони мазоҳиби таҳаммулгаро ҳамчун манбаи рафтори шоиста тарғиб ва ташвиқ менамоянд. Зеро ба сифати амали ғайришаръӣ ҷонибдорони исломи муътадил ҳар амали бад ва номатлубро аз назари ахлоқ фаҳм менамоянд. 
Дар баробари ин ҳолатҳо чанд мавзуоте ҳаст, ки баҳс атрофи онҳо бидуни риояти ҳадди эътидол ҷаҳонбинии тундравона ва ифротиро дар адабиётҳои динӣ ва муҳокимаҳои мазҳабӣ тавлид сохтанаш имконпазир аст. Ба андешаи муҳаққиқон ин баҳсҳоеанд, ки атрофи мавзуоти тавҳид, имон, такфир, ҷиҳод, ҳалолу ҳаром, ба расмият шинохтани ҳокимияти давлатӣ, муносибат бо ғайримусулмонон ва роҷеъ ба мақоми шаҳид  ба миён меоянд. Дар ҳамин ҳолатҳо низ ахлоқи исломӣ дорои меъёрҳои зиёди инсондўстӣ, таҳаммулгароӣ, некўкорӣ, адлварзӣ, раҳму шафқат, амалҳои солеҳ, эҳтироми низом, ҳукумат   ва муҳаббат ба ватанро доро аст, ки дар сурати дуруст истифода шудан такягоҳи шикастаи  ифротиёнро хунсо менамояд. 
Ин аст, ки хатти марказии роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми диниро аксари муҳаққиқони олам дар хазинаи арзишҳои маънавии сарчашмаҳои исломӣ мебинанд. Дар воқеъ беш аз 99% Қуръон аз ояту муқаррароти иҷтимоие иборатанд, ки онҳо хосияти ташкилӣ, танзимӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ, иттилоотӣ, таърихӣ ва дигар аз масъалаҳое иборатанд, ки онҳо ба ифроту террори ҷоҳилон на танҳо васлнашавандаанд, балки мухолифи онҳо баромад мекунанд. Гузашта аз он, дар қатори 500 аҳкоми ҳуқуқии Қуръон ҳазорҳо муқаррароти инсондўстӣ, ватанмеҳварӣ, тарғиби адлу инсоф, баробарӣ ва некўкирдориро доро аст. Истифода ва муқобилгузории онҳо ба андешаҳои ифротӣ ва такягоҳи ғоявии динии ифротиёну террористон   беҳтарин тариқати муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризми динӣ аст. Дар ин роҳ шарҳу тавзеҳи оятҳое, ки  нодуруст ва ғаразнок ифротиён истифода мебаранд, оқилона ва хирадмандона бо риояти принсипҳои илмӣ ва таърихият дар доираи талаботи қонунгузории муосир ва манфиати амнияти ҷомеаҳо шарҳу тавзеҳ гарданд,   ба мақсад мувофиқ аст. 
 Дар ин равиш донишмандони динӣ ба се нукта бояд таваҷҷуҳ кард: якум замони нозил шудани оёти аҳкомӣ ва маҳдудияти татбиқи он ба замони муайян; дуюм маънои аҳком дар муқоиса бо таъкиду меъёрҳои дигари инсондўстонаи аҳкоми шаръӣ, ки мавҷудияти ҳар гуна ифроту тундравиро маҳкум менамоянд, ба инобат гирифта шаванд; ва сеюм принсипи тағйирпазирии меъёрро бо тағийри ҳолат ва вақтро ба роҳбарӣ гиранд.  
Дар ин самт истифода аз раҳмату шафоати Худованд, меҳру муҳаббати Ў нисбат ба бандагонаш, ғамхорию адолаташ нисбат ба башарият, ки дар аҳкоми раббонӣ оварда шудааст, истифода намудан ба мақсад мувофиқ аст. Як худи маънии пораи ояти 7 сураи Ғофир чи ҳикмати фарогир дошта, пўшандаи дарвозаи асли ифроту террор дар ислом буда метавонад: «Эй. Парвардигори мо, бо бахшоишу дониш ҳама чизро фаро гирифтаӣ…».  Ва ё талаботи ояти 54 сураи Анъом: «Парвардигоратон меҳрубониро бар Худ навиштааст, ки ҳар кас аз шумо ба нодонӣ кори бад кунад ва баъд аз он тавба кунад ва некўкорӣ намояд, албатта, Худо омурзандаи Меҳрубон аст.»  Пас хулосаи каломи ин оят он аст, ки Худованд ба амали бад моро ҳидоят намекунад, куштору фитнаву таркондан аз амалҳои ҳидояткардаи Аллоҳ буда наметавонанд. Ин ҳама амалҳои ифоротиён таҳти мақсаду ғаразҳои молию сиёсии эшон сурат мегирад, ки донишмандони улуми динӣ бояд инро ба мардум фаҳмонанд. 
Омўзиши вазъи мушкили давлатҳои миллӣ дар муносибат бо ҷаҳонбинии динӣ касро ба хулоса меорад, ки таносуби давлату дин дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ дар мисоли ислом дар шароити норҳамвори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, зери таъсири неруҳои мухталифи дохилию башарӣ бо тамоюли афзоиши манфиатҳо, бо олудаи ғаразу ҳадафҳои муайян сурат мегирад. Омили зояндаю нерубахши мушкилот дар чунин лаҳзаҳои буҳронӣ  гуногунрангу гуногунмаъност. Он аз дуруст нашинохтани мушкилӣ то фаҳми нодурусти неруҳои ҳаракатдиҳандаи зуҳурот доман густурда, дар табиати ҳар халқу миллат бо вижагиҳои худ, вобаста аз равиши мафкураи иҷтимоӣ, хотираи фарҳангӣ ва коди генетикии миллат зуҳур менамояд. Таҳлил, омўзиш ва муқовимат бо он кори як рисола ва ё як муассисаи илмӣ набуда, заҳмати дастаҷамъонаи неруҳои зеҳнӣ ва кори содиқонаи ходимони диниро   дар роҳи рушди дурусти маънавии ҷомеа талаб менамояд. 
Муҳимтарин нуктаи фаҳми амиқи ин рисолат дар он аст, ки дин хамчун неруи таъсиррасон ба мафкураи инсон ва яке аз неруҳои алтернативию ботинии инсонсозӣ аз ҷониби ҷомеаҳои муосир дарк гардад, ҷудоии одилонаи дин аз ҳокимияти давлатӣ ҳамчун амали мусбати таносуби давлат бо дин эътироф гардад, олудагии он дар шароитҳои таърихӣ бо ғаразу мақсадҳои нопок фаҳм шавад, сиёсисозии дин ва эътиқод ҳамчун хатари воқеӣ ба дин ва давлати миллӣ пешгирӣ гардад  ва роҳҳои ақлонии мубориза бо ин иллату бемориҳо, на бо дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, балки бо ҳамин бемории муфтхури хосияти эндогенӣ касбкардаи ифроти динӣ масъалагузорӣ шавад. 
Дар ибтидо ҳама манфиатдорон аз ходимони ислом сар карда, то неруҳои давлатӣ, аз шаҳрванди одӣ то имомхатибони рўз, аз мақомоти давлатӣ то иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  бояд дуруст фаҳманд, ки то агар дин ҳамчун таълимоти эътиқодӣ аз олудашавӣ бо сиёсат, аз такягоҳи андешаҳои носолиму тундрав, ифротию террористӣ, ки мисли бемории ирсии хуруҷгирифтаи эндогенӣ мушкилзо шудааст, бо қонуниятҳои илмӣ, таърихӣ, хирадмандона бо риояи одоби таҳаммул ва ахлоқи башарӣ ҷудо карда нашавад, на танҳо кори истиқлоли фикрии миллат, инчунин кори эътиқодӣ ва диндории насли имрўзу фардои мо ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳад буд.   
Ҳамин тавр таҳлили вазъи ифротгароӣ ва терроризми динӣ, ки бо авомили дохилӣ-динӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар рў ба рўи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равандҳои демократикунонии давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ба мушкилии фарогири ҷомеаи муосир табдил ёфтааст, воқеан таҳдиди ҷиддӣ ба соҳибхтиёрии давлатҳои миллӣ ва ҷавон аст. 
Дар баробари ин омўзиши таркиб ва мазмуни зуҳури ифротагроии динӣ ва такягоҳҳои ғоявии онҳо дар паҳнои дини ислом ва сарчашмаҳои он ба мо имкон медиҳанд, ки муборизаи беамони маънавӣ ва ғоявиро бо усули муқобил гузоштани арзишҳои ахлоқӣ ва башарии ислом ба такягоҳҳои маънавию эътиқодии ифротиёни исломӣ роҳандозӣ намоем. 
Ислом ва таҷрибаи назарию амалии он ба мо имкон медиҳад, ки бо дастрасии андешаҳои солими динӣ ифротагроӣ ва терроризми диниро маҳкум намуда, онро аз майдони тафаккури динӣ берун созем. Моро зарур аст, ки дар баробари усулҳои нави коркарди муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм усулҳои таърихӣ ва мазҳабии муқовимат бо ифротгароии диниро аз қабили эҳёи оинҳои футувватмандӣ, имломўзӣ, озодипарастии риндӣ, инсонгароии сўфиёна, меҳангароии ҳакимона ва амсоли инҳоро ҳамчун ҷузъи фарҳанги судманд аз нав бо шароитҳои мусоид дар доираи манфиатхои миллӣ ва сарҳади қонунгузориамон эҳё намоем. 
Мо бояд хуб дарк намоем, ки фактори ифротагароии динӣ ва терроризми сиёсӣ бо тобиш додани эътиқоди шаҳрвандон зери шиори озодиҳои шахсӣ, дар ҳар лаҳзаи вуҷуди мушкилиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ имкон дорад, амният ва истиқлоли давлатҳои ҷавони миллиро ба муҳлати дуру дарози таърихӣ халалдор созад. Ҷиҳати истодагарӣ намудан ва муқовимати оқилона доштан бо ин зуҳуроти манфӣ зарур аст ба чунин нуктаҳо диққат диҳем.
Якум, ҳодисаи мазкур, яъне ифротгароӣ ва террроризми динӣ бояд аз назари илмӣ пайваста дар иртибот бо вазъи ислом дар шароити муосири олам аз ҷониби аҳли илм мавриди омўзиш қарор гирифта, шаклҳои зуҳури он ва решаҳои нерудиҳандаи он доимо таҳлил гардида, усул ва тариқати мубориза бо он бо асосҳои илмӣ коркард ва тақвият гардад. 
Дуюм, факторҳои миллии зуҳури ифротгароӣ бо роҳи ислоҳотҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар партави Конститутсияи кишвар ва манфиатҳои давлати миллӣ бо арҷгузории эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсию сиёсӣ пайваста пешгирӣ шаванд.
Сеюм, масъалаи робитаи андешаи ифротгароӣ ва терроризм бо дин дар заминаҳои илмӣ ва ахлоқӣ тавассути неруи мафкуравии зиёиён ва диндорони анъанавӣ пешгирӣ гардида, андешаҳои солими динӣ ба муқобили он дар фазои иттилоотӣ ва илмӣ дастгирӣ, тарғиб ва ташвиқ шаванд.
Чорум, неруи динии муқовимат бо ифротгароии динӣ аз ҳисоби ходимони динӣ пурқувват гардад. Дин ҳамчун эътиқод майдони зуҳури эътиқоди шахсӣ буда, ба корҳои давлатдорӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ва  мазҳаби ҳанафӣ дахолат нанамояд. Дин ҳамчун ҷаҳонбинии динӣ паҳнои тарбияи инсони комил гардад. Дин ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба муносибатҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ дар фазои ҳаёти шахсӣ фаъол бошад. Дин ҳамчун омили зояндаи эҳсоси адлу инсоф ва некию некукорӣ таҷрибаи тафаккури инсониро аз назари ахлоқӣ дар самти ғояи муборизаи хайр бар шарр ва ғалабаи некӣ ҳидоят созад. Дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба рушди илму маърифат арҷ гузорад, илму донишро ба мисли роҳи марказии ташаккули мафкура дар шинохти олами атроф ва табдили он эътироф, дастовардҳои илмиро ҳамчун неъмат қадршиносӣ ва истифода намояд. Дин бояд нуктаи созишии ахлоқи инсонӣ, фарҳанги башарӣ, ҳуқуқи шахсӣ, одоби сиёсӣ баромад намуда, рисолати худро ҳамчун  воситаи тарбияю ислоҳи инсон дар паҳнои давлати демократӣ ва дунявӣ ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. 
Ин корҳоро дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ дар сурате иҷро менамояд, ки тафаккури субъектони он, яъне ходимони динӣ дар ин самт ботинан ва зоҳиран дар доираи талаботи мазҳаби бобоии Имоми Аъзам ташаккул ва тарбия ёфта бошанд, мазҳабе, ки амри ҳоким ва риояи талаботи низомро барои аъзои он воҷиб гардонидааст.  Ходимони динӣ нисбат ба тақдири дин ва эътиқоди шахсӣ ҳамчун воситаи муассири тарбияи инсони солеҳ бетараф набошанд, ҷаҳонбинии диниро ҳамаҷониба ва қатъӣ аз авомили зояндаи неруи бадӣ - аз ифрот ва террор, аз тундравӣ, зиёдаравии пиндорию гуфторию амалӣ дар ҳама маҷро дифоъ намоянд.   
Панҷум, мо бояд ҳамкории равияҳои динии миллиамонро дар ин самт муттаҳид карда, мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилияро  ҳамчун такягоҳи маънавию динӣ дар мубориза бо ифрот ва терроризми динӣ истифода намоем. Аз назари илмӣ муассисаҳои илмӣ, воқеият ва дурнамои рушди мазҳабҳои анъанавиро дар доираи талаботи қонунгузории давлати дунявӣ ҳамчун объекти нақдшавандаи илмӣ мавриди омўзиш ва таҳлили илмӣ  қарор диҳанд. Эҳтиёт бояд кард, ки дар раванди инъкиоси ходисаҳои таърихӣ ба фоидаи ҷаҳонбинии динӣ таърихсозӣ нашавад, ҳақиқати таърихӣ бояд инъикос гардад, зеро шикасти миллат аз инҳирофи таърихи ў оғоз мегардад.  
Шашум, аҳли илм бо дарки масъулияти афзалияти илм дар дин, бо қадршиносӣ аз заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар рушди илму дин, дар ҳамкорӣ бо ходимони динӣ манбаъҳои солими эътиқодӣ ва динии таълимоти ислом ва ҷараёну шохаҳои онро, ки дар масири таърих бо тундравӣ, ифрот ва терроризм муборизаи қотеонаи назарӣ ва амалӣ бурдаанд, дар шаклҳои асл ва вобаста ба замону макони табиати давлати дунявӣ эҳё ва тарғиб намоянд.
Ҳафтум, мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ таълим, тадрис ва тарғиби арзишҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва маънавии шохаи мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафиро, ки арҷгузорӣ ба низом ва тартиби давлатдориро баландтарин неъмат ва аз рукнҳои имондорӣ меҳисобад, дар доираи талаботи иттиҳодияҳои динии кишвар, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам роҳандозӣ гардад.  
 
Холиқзода А.Ғ. 
Ваҳобзода А.В.                                                   
Мирзозода А.Ф.  
Яндекс.Метрика