Омилҳои сиёсӣ дар низоъҳои ҳанафиёну шофеиёни Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои миёна ва зуҳури он дар ҷомеаи кунунӣ

1.Зикри омилҳои таърихии баҳсҳои мазхабӣ
 
Ҳануз дар асри X дар Бағдод фазои сиёсиву мазҳабӣ начандон суботу муътадил буд. Ин падидаҳои манфӣ на танҳо дар ин мантиқа таъсири назаррас доштанд, балки берун аз он дар  фазои динии Хуросону Мовароуннаҳр низ ба назар мерасиданд. Агар баъзе минтақаҳои Мовароуннаҳр пайрави мазҳаби ханафӣ буданд, аммо аҳолии Марв, Чоч, Хуҷанд ки қабл аз Балх 50 сол пойгоҳи Умавиён буда, бештар ба мазҳаби шофеӣ пайравӣ мекарданд. Яке аз пайравони шофеӣ Қаффоли Шошӣ (ваф. Соли 976) ақидаи шофеиро дар Чочу атрофи он ва шаҳру музофоти Илоку Тароз низ густариш дод.
 
Маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятию сиёсии вазъияти мазҳабии Хуросон бо Мовароуннаҳр тафовут дошт. бештари хонаводаҳои араби маскун дар Хуросон намояндагони қабилаҳои гуногун буданд. Майлу гаравиши қабилаҳои араб ба равия ва фирқаҳои гуногун ба ихтилофу даргириҳои минбаъдаи Хуросон замина гузошт. Шаҳрҳои Хуросон ҳар кадом сарнавишти аҷиби сиёсию мазҳабӣ доранд. Метавон гуфт то охири асри X дар Нишопур бештари аҳолӣ ҳанафӣ буданд, Мақдисӣ низ аз ошкоро амал кардани муътазилиён ҳам гузориш медиҳад. Муҳаммад ибни Наср Марвазӣ мазҳаби шофеиро ба Нишопур овард. Ӯ соли 889 ба Самарқанд меравад ва аз ҳимояти Исмоил ибни Аҳмади сомонӣ бархурдор гашта, то охири умр (с.906) он ҷо зиндагӣ мекунад. Аммо зина ба зина нуфузи мактаби Имом Шофеӣ корро бар уламои ҳанафӣ душвор гардонд ва рақобат миёни онҳо оғоз мешавад. Ҳузури донишмандони шофеӣ дар Самарқанд ва атрофи Бухоро ба он овард, ки ба вазифаҳои муҳими давлатӣ шофеиён низ даст ёбанд.
 
Мувофиқи ахбороте, ки Наршахӣ зикр кардааст, Абӯзар Муҳаммад ибни Юсуф ал- Бухорӣ “аз ҷумлаи асҳоби имом Шофеӣ буда, дорои донишу тақво буд. Ӯро аз рӯи фазлу бузурги нисбати уламои Бухоро муқаддам донистанд” ва бар мансаби қозиюқузоти аморати Сомониён баргузидаанд. Доираи буғзу ҳасад дар миёни уламои ҳанафӣ бештар мегардад, ва “ӯро бисёр биёзмуданд ба ришват пинҳон ва бар ҳар маънӣ, ба ҳеҷ чиз хештанро олуда накард, балки ҳар рӯз адлу инсоф аз вай зоҳиртар мешуд”. Ӯ пас аз канорагирӣ аз қазоват дар Ироқ муддате дарси ҳадис хонд, чун ҳадис назди асҳоби Шофеӣ ҷойгоҳи муътабар дорад. Баъдан ба Бухоро бозгашт ва ҳамон ҷо аз дунё рафт. Ин аввалин ихтилофи донишмандони ду фирқаи аҳли суннат набуда, то ин замон ҳам дар баъзе шаҳрҳо осори ихтилофи раҳбарони ду мазҳаб ба мушоҳида мерасид. Дар Бухоро - пойтахти Сомониён бозии шатранҷ ривоҷ ёфта буд. Абӯтайиби Саҳл ибни Муҳаммади Саълукӣ (ваф. 1014м.) фақеҳ ва муфтии шофеӣ фатвое содир карда, бозии шатранҷро ҷоиз медонад. Аммо ин фатво дар назари дигарон, аз ҷумла ҳанафиён мақбул намеафтад. Аз ҷумла Абулқосими Касравӣ адиб ва шоир, ки ба Бухоро омада буд, “аз шатранҷбозии роиҷ дар Бухоро нороҳат мегардад ва аз касоне, ки ба ин кор машғул буданд, дурӣ мегузинад”.
 
Дар Хоразм бошад бештари мардум бар мазҳаби ҳанафӣ буданд, ба ҷуз Хива, ки пайрви шофеӣ буданд. Ба навиштаи Берунӣ дар асри XI дар атрофи Хоразм зардуштиёну масеҳиён низ мезистанд ва бо мусулмонон ҳеҷ мушкиле надоштанд. Аммо мардумони Хиваро дигар манотиқи Хоразм ба хотири шофеӣ будан ба дидаи ҳақорат менигаристанд. Ҳамин тавр мазҳаби шофеӣ дар нимаи дуюми қарни IX дар шаҳрҳои Исфаҳон, Рай, Шероз ва Гургон ҳам густариш меёбад.
 
Ҷаҳонпаймои араб Мақдисӣ, ки дар охири асри X Хуросону Мовароуннаҳр дидан кардааст, аз мавҷуд будани ошуфтагӣ дар ҳама шаҳрҳо сухан мегӯяд. Ибораи “ҳеҷ шаҳре надидам аз таассуби мазҳабӣ холӣ бошад” ва ё “таассуб шаҳрро вайрон карда” дар бисёр ҷойҳои китоби Мақдисӣ ба чашм мехўрад. Мавриди зикр аст, ки дар охири асри X миёни уламои Самарқанд ва Бухоро бар сари баъзе масоил ихтилофи назар вуҷуд дошт. Бухоро бештар ба мухолифати ақлгароӣ моил буд, ки ба мавқеъгирии ашъариён наздиктар буд. Шофеиён худро аҳли ҳадис мегуфтанд ва уламои шофеии сокини Хуросон бештар ҳамчун муҳаддис машҳур буданд. Ҳамаи аҳли ҳадис дар Хуросон ба тадриҷ пайрави ин мазҳаб шуданд. Шофеия ҷойи мактаби Суфёни Саврӣ, ки дар баробари мактаби Абуҳанифа дар Кӯфа қарор дошт, ҷойи пайравони ин мазҳаб дар Исфаҳону Динавар, мактаби зоҳирӣ дар Шероз, мактаби моликӣ дар Аҳвоз ва ҳанбалӣ дар Гургонро ҳам гирифт. Яке аз сабабҳои густариши мактаби шофеӣ дар Хуросон мавқеи сирф фиқҳӣ доштани он буд.
 
2.Бархурд ва нақши уламои динӣ дар ин низоъҳо
 
Илова ба ин дар баробари ин баҳсҳо ва ихтилофҳо боз бар оташи ин рақобатҳо баҳсҳои каломӣ низ илова гаштанд. Воқеан ҳам шофеиён дар ибтидо ба калом ҳеҷ таваҷҷӯҳе надоштанд, вале дар баробари густариши мотуридия, ки як мазҳаби каломӣ ва бархоста аз домани ҳанафия буд, онҳо дар асри XI тадриҷан ба мактаби каломии ашъарӣ гаравиданд. Ду мутакаллими машҳури ашъарӣ Абӯбакр ибни Фурак ва Абӯисҳоқи Исфаҳонӣ, ки таҳсилкардаи Бағдод буданд, барои тадрис ба Нишопур омаданд. Бештари афроди пайравони шофеии Нишопур таълимоти ашъариро пазируфтанд ва ҷойгоҳи ин донишмандон хеле боло рафт. Аммо бояд хотирнишон кард, ки дар Рай, ки пайравони ҳанафиён ҷамъияти қудратманд доштанд, ҳар гуна мактабҳои каломии гуногуне арзи вуҷуд дошт ва донишмандони ҳанафии ин минтақа ба онҳо пайравӣ мекарданд. Дар даврони Соҳиб ибни Аббод (938-995) вазири маъруфи Бувайҳиён раҳбари муътазилия Абдуҷаббори Ҳамадониро, ки шофеӣ буд, қозиюлқузоти Рай таъин кард. Мақдисӣ чунин ёдовар мешавад, ки ӯ мубаллиғони муътазилиро ба Рай фиристод. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Рай то миёнаи асри X аксари аҳолии он ҳанафӣ буданд. Новобаста бар ин  шофеиён дар муддати кӯтоҳ нуфуз пайдо мекунанд ва ихтилофи ду фирқа ба он меорад, ки барои имоматии намоз як рӯз барои шофеиён ва як рӯз барои ҳанафиён буд. 
 
3.Таҷрибаи эҳёи ин низоъҳои динӣ – мазҳабӣ дар миёни пайравони чаҳор мазҳаб дар ҷаҳони муосири мусулмонӣ.
 
Ин баҳсҳои динӣ – мазҳабӣ дар даврони муосир дар шаклҳои нав, вале мазмун ва моҳияти пешин,  аз нав зуҳур карда истодаанд. Намунаи он таъсиси ҳизбу ҳаркатҳо ва ҷараёнҳое, ки пайравони на танҳо мазҳабҳои гуногун, балки пайравони як мазҳабро метавонанд тафриқа кунад ва бо ҳам ба ҷанг кашанд. Мутаассифона, таъсиси Ҳизби наҳазат бар пояи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ як тафриқаандозӣ миёни пайравони мазҳаби ханафӣ буд. Бояд қайд намуд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар манотиқи мухталифи он, аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ пинҳонкорона ба мақсади аз дохил вайрон кардани низоми шӯравӣ таъсис ёфта буд ва чуноне, ки худи сарварони ҲНИТ низ қоиланд, он соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст. Ҳизби мазкур дар дасти давлатҳои қудратманди хориҷӣ ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае хизмат карданд, имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии ин давлатҳо дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ҲНИТ бо созмону ташкилотҳои давлатҳои қудратманд ва дорои имкониятҳои молиявии калон будани он шаҳодат медиҳад. Намунаи чунин ҳамкорӣ дар Европарламент вуҷуд доштани бахши ҳуқуқ доир ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсӣ мебошад, ки аз ҷониби ин созмон ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии исломӣ дар Осиёи Миёна шинохта шудааст ва таҷрибаю нақши он дар Тоҷикистон омӯхта мешавад. Бинобар ин, ҲНИТ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин ислом ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтааст.   
 
Намунаи дигари ин пайравони салафия, ки тафриқаи миёни мусулмононро ба роҳ монда истодааст. Мубаллиғони асосии салафияи ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад мекунанд, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро заҳролуд ва мағзшӯӣ намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд. Бад-ин васила онҳо ҷавононро ба вартаи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона ҷалб менамоянд. Ба андешаи коршиносони масоили динӣ ва сиёсӣ салафияи ифротӣ вабои аср ва бемории сирояткунандаест, ки табобати он мисли табобати нашъамандӣ ниҳоят мушкил аст.
Яке аз роҳҳои муфиди пешгирикунандаи падидаи ифротгароии динӣ - таблиғи ғояҳои неку таҳаммулпазири ахлоқию иҷтимоии мазҳабҳои суннатии динии Тоҷикистон дар байни пайравони ин мазҳабҳо аз тарафи рӯҳониёну намояндагони равшанфикр мебошад.
 
Дииш ин ба қатлу куштор кашидани пайравони ҳамаи мазоҳиби исломӣ буд. Тавре маълум аст, ДИИШ кӯшиш кард, дар Ховари Миёна, ки аз он ҷо пайдо шуд, давлати худро таъсис диҳад. Ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқу Сурия ба “комёбиҳо” ноил гардид ва “давлат” ҳам бунёд кард. Аммо дар натиҷаи тақвияти мубориза бо ДИИШ соли 2019 минтақаҳои тасарруфкардаашро аз даст дод ва ҷангҷӯёни ин созмон аз Ироқу Сурия фирор карда, ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне Афғонистон омада, шохаи нави ин созмони террористиро бо номи ДИИШ-Хуросон таъсис доданд. 
 
Равандҳои ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки бо вуҷуди тадбирҳои байналмилалӣ зидди терроризму ифротгароӣ, гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ҳоли фаъолнокии ҷиддӣ қарор доранд. Ин воқеият бозгӯи он аст, ки дигар ҳеҷ як давлат, созмону иттиҳодияҳои бонуфӯз бидуни ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳон наметавонанд дар мубориза бо терроризм пирӯз шаванд. Аз ин рӣ, бояд муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризми байналхалқӣ ба суръат ва тамоми ҷиддият бурда шавад.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд иштирокчии фаъоли ин мубориза аст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш низ муфассал ибрози назар карда буд. Маҳз сарвари давлати Тоҷикон терроризми байналмилалиро «вабои аср» унвон кард, ки ин бесабаб нест. Пешвои миллат қотеъона иброз намуд, ки Тоҷикистон бо терроризм мавқеи оштинопазир дорад ва омода аст дар ин ҷода ҳамкориҳои нафъоварро бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор суръат бахшад. Сарвари кишвари тоҷикон  бори дигар хотирнишон сохт, ки тундгароӣ ва ифротгаройи динӣ на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари байналмилалию умумисайёравист ва муборизаи муташаккилона бо ин гуна қувваҳои ифротӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра ба шумор меравад.
 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ                             Исоев Н. 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика