Омилҳо ва решаҳои ташаккули гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ

Даҳсолаҳои охир дар ҷаҳони муосир ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ ва ташкилотҳои экстремистию терористии зиёде созмон дода шудаанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо дини мубини исломро меҳвари фаъолияти хеш сохта, даст ба корҳое мезананд, ки аз назари шариат ва ақли солим қобили қабул нест. Роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломии дохиливу хориҷӣ, гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ, бо овардани фатвоҳои дурўғин ва таҳрифи оёти қуръонӣ мардумро фирефта, даст ба амалҳои экстремистию террористӣ зада, ҳадафҳои нопоки хешро мехоҳанд роҳандозӣ созанд.

Тавре маълум аст, экстремизм ва терроризм зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси эҷод кардани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ҷисмонию маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.

Тасмим гирифтем дар бораи баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои экстремистию терористӣ, аз қабили «Ал-Қоида», ТТ «Давлати исломӣ», равияи «Салафия», «Давлати исломии Хуросон» («Давлати Хуросон» ва ғайра, ки бо истифода аз парчами исломӣ фаъолият менамоянду аз ислом фарсахҳо дуранд, каме маълумот диҳем. Муайян намоем, ки ҳамин гурўҳу ташкилотҳои ифротиро, кӣ ва бо кадом мақсадҳо ташкил кардаанд ва онҳо аслан манфиати киро ҳимоя мекунанд.  Ҳадаф аз навиштани ин мақола огоҳ намудани хонандагони азиз аз мақсадҳои нопоки ин навъ ташкилотҳои зархарид аст, ки бозичаи дасти ташкилотҳои ҷосусии кишварҳои абарқудратанд. Ба гўшу фаҳми мардуми мусулмон расониданием, ки онҳое  имрўз номи Худову расул ва дини мубини исломро бо овози баланд миёни иддае аз мардуми роҳгумзадаи мусулмони Шарқ  мегиранд, дар асл на мусулмонони комил ва на дилсўзони фарҳанги исломӣ, балки зархаридонў ҷосусони кишвархои бузурги оламанд, ки таҳти ҳадафҳои геостратегии онҳо амал карда, хонаи мардуми мусулмони Шарқро зери нақшаи «Бозии бузург» тайи беш аз 200 сол аст (Ниг.: Питтер Хопкирк «Большая игра» М.: АСТ, 2023.-576 с.), ки ба вайронӣ мекашанд. 
Маводу сарчашмаҳои истифодашуда аз назари илмӣ ва ҳақиқати таърихӣ санҷидашуда ва воқеиянд, то ин ки шаҳрвандон аз асли воқеа хабардор шаванд. 
1.Созмони террористии «Ал-Қоида».
 
Созмони террористии «Ал-Қоида» (аз калимаи арабии القاعدة‎, al-qāʿidah - асос, таҳкурсӣ, зерпоя) – яке аз созмонҳои террористии исломии байналмилалӣ ба шумор рафта, он соли 1988 дар шаҳри Пишовари Покистон, асосан барои мубориза бар зидди Қўшунҳои Шўравӣ ва дастгирии қувваҳои зиддикомунистӣ дар Афғонистон, таъсис дода шудааст. Аз рўзҳои аввали таъсисёбии хеш, «Ал-Қоида» гурўҳи террористӣ буда, пас аз хуруҷи Қўшунҳои Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон ин созмон самти муборизаи хешро ба сўйи давлатҳои «Олами Ғарб» ва ҷонибдорони онҳо дар давлатҳои исломӣ, сарнагун намудани ҳукуматҳои дунявӣ ва таъсиси «Хилофати исломӣ» равона намуд. Як қатор амалҳои террористии солҳои 1990-2000, инчунин, ҳуҷум бо 4 ҳавопаймо 11 сентябри соли 2001 ба Маркази Савдои Байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк ва иморати Пентагон дар шаҳри Вашингтон, ба зиммаи «Ал-Қоида» гузошта шудааст. Пас аз таркондани Сафорати ИМА дар Кения ва Танзания соли 1988 «Ал-Қоида» созмони террористии №1 эълон гардида буд.
 
ФАКТУ РАҚАМ : 3-уми июли соли 1979 президенти онвақтаи ИМА Ҷимми Картер фармони дастгирии молиявии қувваҳои зиддикомунистии Афғонистонро ба имзо расонид. Тибқи барномаҳои марбут ба ин фармон истифодаи Маркази таҷассусии (разведкаи) покистонӣ (ISI) ҳамчун миёнарав барои тақсимоти маблағ, таъмини яроқ ва таълими мухолифони афғонӣ дар урдугоҳҳои ҳарбӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бар замми таъмини молии хадамоти истихборотии баъзе давлатҳои абарқудрат, аз соли 1978 то 1992 Маркази таҷассусии покистонӣ на танҳо бо таъмини яроқ ва таълими ҳарбии 100000 ҷангҷўйи гуруҳҳои ғайриқонунӣ, балки аз давлатҳои арабӣ даъвати размандагонро ба сафҳои муҷоҳидони афғонӣ барои мубориза бар зидди Қўшунҳои Шўравии мустақар дар Афғонистонро ба роҳ монда буд (Bergen, Peter, Holy War Inc., Free Press, 2001, p. 68).
 
Дар доираи амалиёти «Тўфон» эътиборан аз соли 1980 сар карда, ҳаҷми кумакҳои ҳарбии амрикоӣ ба муҷоҳидони Афғонистон ҳамасола рў ба афзоиш ниҳода буд: Соли 1984 ҳаҷми кумаки ҳарбӣ - $125 млн., соли 1985 -$250 млн., соли $1986 - 470 млн., соли 1987 он $630 миллионро ташкил мекард.
 
Бино ба маълумоти сардори шуъбаи афғонии Маркази таҷассусии (разведкаи) Покистон Муҳаммад Юсуф дар солҳои 1983-1987 ҳаҷми таъминоти молиявии якрўзаи танҳо аз ИМА барои дастгирии муҷоҳидони афғонӣ воридгардида $1млн., муъодили 1.75 млн. маркаи олмониро ташкил карда, маблағи умумии барои муҷоҳидони афғонӣ то соли 1988 аз Амрико ирсолшуда $2,1 миллиард буд. Ҳамин қадар маблағ аз Арабистони Саудӣ ворид гардида, ҳамасола маблағи аз фондҳои шахсии давлатҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ба $400 млн. мерасид.
 
Дар Афғонистон бар зидди аскарони Шўравӣ «ҷиҳод» эълон гардида, зархаридони хело зиёде аз давлатҳои арабӣ дар ин ҷанг ширкат меварзиданд. Ба муҷоҳидони Афғонистон кумакҳои мухталиф ба воситаи ташкилотҳои байналхалқии исломӣ, аз қабили «Мактабу-л-хадамот», ки соли 1984 дар Пишовари Покистон аз ҷониби Абдулло Изом ва Усома бен Ладан таъсис ёфта буд, ворид мешуд (История Афганистана. М., 2019 : Ин-т востоковедения РАН).
 
Тавре мебинем, Ғарб тавассути дастгирии  молиявӣ ҳадафҳои геостратегии худро ҳал мекунад. Баъзе аз мардуми гумроҳи мусулмони Шарқ фарқ намегузорад, ки байни ин бозиҳои сиёсӣ дар дуриҳои дур манфиати кишварҳои бузурги олам истодааст,  ки бидуни раҳму шафқат дини онҳоро суиистифода карда, халқҳоро ба қурбонӣ кашида, вазъияти кишварҳоро ноором сохта, садди роҳи рушду оромӣ шуда, давлатҳоро дар ҳолати дастнигарӣ ва муҳтоҷӣ аз хоҷагони худ нигоҳ медоранд. Ин навъ давлатҳо на танҳо рушд намекунанд, балки манфиатҳои худро дифоъ карда наметавонанд ва сарватҳояшонро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.  Ва аз ҳама бадаш он аст, ки дар дасти давлатҳои бузург чун бозича истифода мегарданд. 
 
Соли 1987 Абдулло Изом ва Усома бин Лоден дар дохили Афғонистон лагерҳои тайёркунии муҷоҳидони афғонро таъсис доданд. Мувофиқи маълумоти Адам Долник Усома бин Лоден дар доираи кумаки муҷоҳидони афғонӣ бо намояндагони ИМА ҳамкорӣ дошта, амрикоиҳо тамоми корҳоро роҳбарӣ мекарданд.
 
ФАКТУ РАҚАМ : Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ дар ҷанги Афғонистон бар зидди Қўшунҳои Шўравӣ 35000 мусулмони хориҷӣ аз 43 давлати мусулмоннишин ширкат варзидаанд, ки аксари онҳо баъдан дар амалҳои террористии «Ал-Қоида» иштирок намудаанд.
 
Ба назар чунин мерасад, ки Бозии бузурге, ки афсарони англис капитан Чарлз Кристи ва лейтинант Генри Потинджер бо супориши генерал  Малколм ба манфиати компанияи Ост Индия соли 1802-1806  дар Нукшӣ, Ҳирот, Балуҷистон ва Синд оғоз  карданд (Ниг.: Питтер Хопкирк. Большая игра. М.: АСТ, 2023. С.62-63) имрўз аз ҷониби меросбарону дастандаркорони англосаксӣ  ба фазаи нави худ расидааст.
 
Ин фаза хеле моҳирона тамоми нерўҳои носолиму тундрав ва  фасодовари кишварҳои шарқиро ҳамчун нерўи нолозими оташзананда оташ зада, бо оташи он худи оромии кишварҳои шарқӣ ва мардуми мусулмонро қурбон менамоянд. Ғарб ягона масрафе, ки дорад масрафи молист, ки думболи ин нооромихо даҳҳо маротиба бештар   боз фоида ба даст меорад. Аммо мардуми мусулмон дину оин ва оромии давлатҳои худро тавассути беақлии иддае аз бародарони худ ба боди нестӣ медиҳанд. Ин сиёсат ду манфиат  барои кишварҳои ғарбиро дорост. Якум, нерўҳои носолими минтақаи Шарқро тарбия карда, ҳамчун афсари арзон дар даст нигоҳ медорад ва чун воситаи қурбонӣ дар ҳар лаҳза истифода менамояд. Дуюм,  кишварҳои минтақаро тавассути онҳо бо мақсадҳои муайян таҳдид карда, дар ҳолати парешонӣ ва ғаримустақилӣ нигоҳ медорад. 
 
Соли 1989 пас аз қатли Абдулло Изом «Мактабу-л-хадамот» аз фаъолият бозмонда, аксари аъзоёнаш ба «Ал-Қоида» шомил шуданд.
 
Тавре сиёсатмадори амрикоӣ Лоуренс Райт қайд менамояд, «Ал-Қоида» 11 августи соли 1988, ҳангоми мулоқоти роҳбарияти олии «Ҷиҳоди исломии Миср», Абдулло Изом ва Усома бин Лоден дар Пешовари Покистон, ки дар он қарори якҷоякунии пулҳои Усома бин Лоден бо таҷрибаи «Ҷиҳоди исломии мисрӣ» барои мубориза дар тамоми олам пас аз хуруҷи қушунҳои шуравӣ аз Афғонистон қабул шуда буд, таъсис ёфтааст (Lawrence Wright. The Looming Tower: Al-Qaeda and the Road to 9/11 — New York: 2006). Инчунин, дар таъсисёбии «Ал-Қоида» Ҳофиз Муҳаммад Саъид - роҳбари «Лашкари тайиба», Айман аз-Завоҳирӣ, Сайид аш-Шарифа (Доктор Фазл) саҳмгузор мебошанд.
 
Рўзноманигор, нависанда ва мутахассис доир ба терроризми исломӣ Ҷейсон Берк дар саҳифаи 5-уми китоби хеш «Ал-Қоида: Таърихи ҳақиқии исломи радикалӣ(тундгаро)» қайд менамояд, ки дар аввал таъмини молӣ аз ҷониби Раёсати Маркази таҷассусии ИМА (ЦРУ) асосан ба қумандон Гулбиддин Ҳикматёр ирсол мегардид, зеро муассис ва роҳбари ояндаи «Ал-Қоида» Усома бин Лоден он замон шахси муҳиме набуд ва гурўҳи ў дар аввал хеле камадад (тақрибан дувоздаҳ нафар) буда, аз «Ҷиҳоди исломии мисрӣ» хеле вобастагӣ дошт (Burke Jason. Al-Qaeda: The True Story of Radical Islam. -I.B.Tauris, 2004. - 355 p.)
 
Соли 1989, пас аз хуруҷи Қўшунҳои Шўравӣ аз хоки Афғонистон, Бин Лоден ба Арабистони Саудӣ бармегардад. Августи соли 1990 Қўшунҳои ҳарбии Ироқ бо баҳонаи пештар Кувайт музофоти 18-уми Ироқ будан (дар заминҳои Кувайт захираи калони нафти босифат ҷойгир аст), онро ғасб менамояд. Ин ғасбкунӣ ба заминҳои нафтдори Саудӣ низ хатари ҷиддӣ эҷод намуда, Малик Фаҳдро ба ташвиш меоварад.
 
Бин Лоден аз фурсат истифода бурда, ба Малик Фаҳд хидмати хеш - овардани муҷоҳидонро аз Афғонистон барои ҳимояи заминҳои нафтдори Саудӣ аз ҳуҷуми эҳтимолии артиши ироқӣ, пешниҳод менамояд. Вале Малик Фаҳд ин пешниҳоди ўро рад намуда, барои ҳимояи заминҳои нафтдори Саудӣ ба ИМА муроҷиат менамояд. (Роҳбарияти Кувайт, ки ба Саудӣ гурехта буд ва тамоми сарваташон дар бонкҳои Амрико ҷойгир буд, ба амрикоиҳо пардохти тамоми хароҷоти ҷангӣ ва бастани шартномаи нави истихроҷи нафти кувайтиро бо муодилаи 30 бар 70-ро пешниҳод менамояд. Қаблан байни Кувайт ва ИМА шартномаи дастёбӣ ба 30 фоизи маблағ аз фурўши нафте, ки амрикоиҳо истихроҷ мекарданд, фаъолият мекард. Вале кувайтиҳо 60 фоизи фоидаро аз фурўши нафт талаб карданд. Дар натиҷа байни онҳо сардие ба вуҷуд омад. Ин вазъиятро истифода бурда, Саддом Ҳусейн амрикоиҳоро хабардор намуд, ки Кувайт ин замин ва музофоти 18-уми Ироқ мебошад, мо онро бармегардонем. Амрикоиҳо эътирозе накарда буданд).
 
Дар натиҷа қувваҳои амрикоӣ дар якҷоягӣ бо шарикони стратегии хеш дар Арабистони Саудӣ ҷойгир мешаванд. Бин Лоден ҷойгиршавии қувваҳои аҷнабиро дар Арабистони Саудӣ «нопоксозии заминҳои муқаддаси Масҷиду-л-ҳарамайн (Макка ва Мадина)» ҳисобида, эътирози расмӣ менамояд. Роҳбарияти Саудӣ Бин Лоденро барои ин кор аз хоки Саудӣ бадарға мекунад ва ў соли 1991, бо даъвати идеологи исломӣ Ҳасан Туробӣ, бо ҷонибдоронаш ба Судон меравад. Дар ин вақт дар Судон, дар натиҷаи таҳаввулоти давлатӣ, исломиҳо бо сардории Умар ал-Башир ба сари ҳокимият омада буданд. Бин Лоден бо ҳокимияти нави Судон ҳамкорӣ намуда, бо тиҷорат машғул шуда, лагерҳои тайёркунии ҷангҷўёнро таъсис медиҳад.
 
Соли 1992 Арабистони Саудӣ Шартномаи Ослоро барои истиқрори сулҳ байни Фаластину Исроил дастгирӣ менамояд ва соли 1994 шаҳрвандии Бин Лоденро бекор ва наздикони ўро аз кумакпулии ҳармоҳа (солона 7 млн. доллари амрикоӣ) маҳрум месозад. Дар натиҷа наздикони Бин Лоден расман аз ў рўй мегардонанд.
 
Соли 1993 дар натиҷаи суиқасди «Ҷиҳоди исломии Миср» ба ҷони сарвазири Миср Отиф Сидқӣ, ки дар натиҷа духтарчаи мактабхоне ҳалок гардид, афкори ҷамъиятии мисриҳо бар зидди исломиҳо равона мегардад. Пулиси Миср 280 аъзои ҷамъияти Аз-Завоҳириро ҳабс намуда, 6 нафари онҳоро ба қатл мерасонад. Дар моҳи июни соли 1995 баъди суиқасд ба ҷони Президенти Миср Ҳусни Муборак, тамоми аъзоёни «Ҷиҳоди исломии мисрӣ» аз Миср ва моҳи майи соли 1996 Усома бин Лоден аз Судон ронда мешаванд. Баъди ин Бин Лоден ба Афғонистон бармегардад.
 
Солҳои 1996-2001 роҳбарияти ояндаи «Ал-Қоида» дар Афғонистон ҷой мегирад ва чуноне сарвазири онвақтаи Бритониё Тони Блэр дар саҳифаи ҳуҷҷатҳои расмии хеш «Далелҳои гуноҳи Бин Лоден» қайд намуда буд: «Фаъолияти созмони «Ал-Қоида» савдои маводи мухаддири дар Афғонистон содиршавандаро фаро мегирад» (Досье премьер-министра Великобритании Тони Блэра на Усаму бен Ладена // Agentura.ru, 2 октября 2013 года).
 
ФАКТУ РАҚАМ : Тибқи маълумоти Раёсати Марказии таҷассусии ИМА (ЦРУ) «…урдугоҳҳои машқии калонтарини ташкилоти террористии «Ал-Қоида» ин «Ал-Форуқ», «Холидон», «Дурунта» маҳсуб ёфта, тайи солҳои 1989-2001 дар урдугоҳҳои машқии «Ал-Қоида» аз 25000 то 100000 нафар ҷангҷў тайёрии ҳарбӣ гирифтаанд. Аъзоёни ташкилоти террористии «Ал-Қоида» соли 2001 тақрибан 5 ҳазор нафарро аз намояндагони тамоми давлатҳои мусулмоннишин ва давлатҳои дигари олам ташкил дода, он дар зиёда аз 34 давлати ҷаҳон намояндагии хешро созмон дода буд» (Charlotte Weaver, Connie Delaney, Patrick Weber, Robyn Carr. Afghanistan-A New History. - Routledge, 2002-11-14. - 280 р.) 
 
Моҳи феврали соли 1998 Усома бин Лоден фатвои даъват ба қатли амрикоиҳо ва 12 марти ҳамон сол 40 рўҳонии динии Афғонистон фатвои даъват ба ҷиҳоди зидди амрикоиҳоро содир менамоянд. Мисли ҳамин фатворо рўҳониёни динии Покистон содир намуда буданд.
 
Роҳбарони «Ал-Қоида» Усома бин Лоден ва муовини аввали ў Айман аз-Завоҳирӣ буданд. Дар раъси ин ташкилот Шўро ва 8 кумита (дин, ҳарбӣ, алоқа бо ҷомеа, молия ва ғайра) меистод.
 
Бино ба тадқиқоти анҷомдодаи Академияи ҳарбии Вест Пойнти ИМА 88 фоизи қурбониёни амалҳои террористии «Ал-Қоида» солҳои 2004-2008 мусулмонони Ироқ буданд. Муаллифони тадқиқот ба хулосае омадаанд, ки қурбониёни амалҳои террористии «Ал-Қоида» на шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ, балки мусулмононе мебошанд, ки онҳоро «Ал-Қоида» гўё «муҳофизат мекунад».
 
Ҳуҷум ба сафоратхонаҳои ИМА дар Найроби ва Дору-с-салом соли 1993, қатли қумандони шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд 10 сентябри соли 2001 дар вилояти Тахори Афғонистон, таркиши қатораҳо соли 2004 дар Мадрид, амалҳои террористӣ дар метрои Лондон соли 2005, ҳуҷум бо 4 ҳавопаймои маданӣ ба Маркази савдои байналмилалӣ 11 сентябри 2011 дар Ню Йорк ("Bin Laden claims responsibility for 9/11". CBC News. 2004-10-29) ва ғайра ин амали ташкилоти террористии мазкур мебошад.
 
Баъди эълони мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва террористи №1, Усома бин Лоден 2 майи соли 2011 дар Покистон аз ҷониби қувваҳои махсуси амрикоӣ ба қатл расонида шуд. 
 
Моҷарои байни дастандаркорони ташкилкунандаи гурўҳҳои терррористӣ ва лашкариёнашон мисли он аст: «Гург оқибат пойи соҳибашро мегирад». Вале аслан масъалаи баҳснок он аст, ки дар лаҳзаҳои муайян чун манфиатҳои молии онҳо ба ҳам намеоянд, онҳо ба ҳамдигар муросо карда наметавонанд. Ё шояд он зархаридони ватанфурўшу динфурўш дар зинаи муайян дарк мекунанд, ки онҳо лашкари шайтон будаанд ва акнун мехоҳанд гуноҳи худро харанд, бо хоҷагонашон ҷанг эълон мекунанд. Албатта, инҳо гумон аст, вале яқин он аст, ки ин зархаридон бо хоҷагони худ дар ҳолати бисёр мураккаб қарор доранд, ки фаҳми онҳо мушкилиҳои худро дорад. Яқин он аст, ки тавассути пул онҳо доимо забони ҳамдигарро меёбанд ва хоҷагон дар сруати зарурат пайдо шудан саркашонашонро нест мекунанд. Ҳамин тавр, Ғарб Шарқи бесаводро ба таври осон қурбонӣ мекунад. 
 
Айман аз-Завоҳирӣ, ки баъди Бин Лоден роҳбари «Ал-Қоида» гардида буд, соли 2022 дар Афғонистон ба қатл расид. Дар натиҷаи зарбаҳои пай дар пайи солҳои 2000-2010 ба «Ал-Қоида» ин ташкилоти террористӣ заиф гардида, соли 2020 он имкониёти зиёди худро аз даст дод. Вале, он ҳанўз фаъол буда, пинҳонӣ фаъолият менамояд ва дар давлатҳои мухталифи олам шуъбаҳои пинҳонии хешро дорад.
 
Фаъолияти шуъбаи «Ал-Қоида» дар Ироқ
 
Абу Мусъаб Аз-Зарқовӣ асосгузори шуъбаи ташкилоти террористии «Ал-Қоида» дар Ироқ мебошад. Ў 14-уми сентябри соли 2005 аҳли ташайюъро кофир эълон намуда буд. Вале моҳи январи соли 2006 «Ал-Қоида» ба суннимазҳабони довталаб ба шуъбаи пулиси шаҳри Рамодии музофоти Ал-Анбори Ироқ ҳуҷум намуда, 80 нафарро ба қатл расонид. Ин амали манфур тазоҳуроти мусулмонони суннимазҳаби Рамодиро ба вуҷуд овард (музофоти Ал-Анбор дар қисмати шимолӣ-ғарбии Ироқ ҷой гирифта, аҳолии онро мусулмонони суннимазҳаб ташкил медиҳанд). Дар ҷавоби ин амали манфур 15-уми январи соли 2006 барои ҳимояи аҳолии мусулмон аз террористони «Ал-Қоида» «Бригадаи интиқомии Ал-Анбор» таъсис дода шуд.
Моҳи апрели соли 2006 Аз-Зарқовӣ тактикаи ҷангии хешро тағйир дод. Тавре намояндаи ҳамонвақтаи роҳбарияти артиши ИМА дар Ироқ генерал-майор Рик Линч қайд намуда буд: «Аз-Зарқовӣ маргталабони хешро на бар зидди қувваҳои амрикоӣ, балки шаҳрвандони ироқӣ равона кард».
 
7-ими июни соли 2006 Аз-Зарқовӣ аз ҷониби қувваҳои Амрико ба қатл мерасад ва 12 июни ҳамон сол ба ҷои ў Абуаюб ал-Масрӣ (Абуҳамза ал-Муҳоҷир), ки аз арабҳои Миср буд, роҳбари шуъбаи «Ал-Қоида»-и Ироқ таъин гардид. Вале,  ў низ 18 апрели соли 2010, ҳангоми задухурд бо қувваҳои амрикоӣ, ба қатл расид.
 
Агарчанде «Ал-Қоида» заиф шуда бошад ва «Толибон» даъво кунанд, ки «бар зидди гурўҳҳои экстремистиву террористӣ мубориза мебаранд», вале конгрессмени ҷумҳурихоҳ Майкл Маккол чунин меҳисобад, ки Афғонистон метавонад ба ҳолати то соли 2001 - «манбаъ ва парваришхонаи терроризм», боз аз сари нав баргардад. Тибқи ахбори агентиҳои хориҷӣ сардори Кумитаи муттаҳидаи сардорони штабҳо генерал Марк Милли чунин изҳори ташвиш намудааст, ки созмонҳои террористии мисли «Ал-Қоида» ва «Давлати исломӣ» метавонанд зуд шабакаҳои хешро дар Афғонистон аз нав барқарор созанд. Ин эҳтимолиятро мутахассиси амрикоӣ оид ба масоили Шарқи Миёна ва терроризм Дэниел Байман дар мақолаи хеш зери унвони «Оё Афғонистон метавонад боз ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад?», ки дар маҷаллаи «Foreign Affairs» ба нашр расида буд, зикр намудааст. Сардори намояндагии СММ оид ба назорати гурўҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида» ва «Толибон» Эдмунд Фиттон-Браун ҳанўз моҳи октябри соли 2020 зимни мусоҳибаи хеш дар телевизиони NBC огоҳ намуда буд: «Мо ба он назарем, ки роҳбарияти «Ал-Қоида» дар оянда низ зери ҳимояи толибон қарор хоҳад гирифт».
 
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир
Яндекс.Метрика