Омӯзаҳои қурбонӣ дар сабки зиндагӣ, воқеаи таърихии беназир

 

Курбонӣ - василаи наздик шудан - ҳар неъмате ва ҳар ончизе, ки бо пешкаш ва ҳадя кардани он, ба мақоми болоӣ аст. Таърихи Иди қурбон бисёр қадиму аз замони Одам (ъ) вуҷуд дошта, дар чузъ ва муқаррароти динҳои гузашта низ ба шумор мерафт. Қурбонии фарзандони Одам (ъ) ки нахустин қурбони дар олам ба шумор меравад, дар оёти 27-30 сураи моида тасреҳ шудааст. 

Ҳазрати Нуҳ пайёмбар (ъ) пас аз тӯфон мазбаҳае тартиб дод ва ҳайвоноти бисёреро дар онҷо барои худо қурбони кард.

 

Вақте, ки воқеаи беназир ва шигифтангези (барои чи шигифтангез) ҳазрати Иброҳим тамоми зиндаги чашм ба интизори фарзанд буд, дар синни ҳаштоду шашсолаги дар ҳолати биму умед ба дарбори худованд барои фарзанди солеҳ даст ба дуо шуд; бори илоҳо маро фарзанди солиҳе аз бандагони шоиста ато фармо, Худованд низ ин дуоро мустаҷоб кард ва фарзанди солиҳе ҳамчун Исмоил ба ў башорат дод. Бо забони қурон ин достони шигифтангез чунин омадааст. замоне, ки фарзанд ба мақоми саъю кушиш расид, яъне ба марҳилае расид ки метавонист дар масоили мухталифи зиндаги бо талош ва кушиш падарро ёри кунад, бинобар гуфтаи баъзе муфасирон дар он вақт 13- сола буд. Дар он замон Иброҳим (ъ) хоби аҷибе дид ( хоби анбиё дар ҳукми ваҳйи илоҳи аст) ва он хоби ҳайратангез баёнгари шуруъи як озмоиши бузурги таърихӣ буд. Дар хоб мебинад аз суи худованд ба у дастур расидааст то фарзанди баруманд ва ягонаашро бо дасти худаш қурбонӣ кунад. Ва эшон барои забҳ ва қурбонӣ кардани фарзанди барумандаш ҳазрати Исмоил икдом фармуданд, пас аз пирӯз шудан дар он озмоиши сахт, қурбонӣ ҷойгоҳ ва аҳамияти вижаеро дар динҳои осмонӣ касб кард, чаро, ки шахсияти ҳазрати Иброҳим барои тамоми аҳли динҳои осмонӣ; яҳудиён, масеҳиён ва мусулмонон мавриди қабул ва қобили эҳтиром аст. Ва он достони такондиҳанда ва шигифтангез (қурбонии падари арҷманд фарзанди дилбандро) ки дар сураи Софот омадааст ва китоби муқаддас онро собит менамояд. Дар замон ҳазрати Мусо (ъ) ба ақидаи яҳудиён ду навъ қурбонӣ вуҷуд дошт; яке қурбонии дамавй ва ғайри дамавӣ. Қурбонии дамавӣ бар се қисм аст: 

- қурбоние ки онро ба оташ месӯзонданд, ҷуз пусти он чизе боқи намегузоридаанд, 

- қурбоние, ки барои ҷуброни гуноҳ тақдим мекарданд, қимате аз онро месӯзонданд ва қисмати дигарро барои коҳинон боқӣ мегузоштанд, 

- ва қурбоние ки барои тандурустӣ анҷом медоданд ва хурдани гушти он ихтиёр доштанд. Қурбонии ғайри дамавӣ низ иборат аз раҳо кардани ҳайвон дар биёбонҳо буд ва аъроб низ аз бани Исроил тақлид кардан ва ба унвони тақарруб ба бутони худ ҳайвонотро дар биёбон раҳо мекарданд, ки ислом ин одати накӯҳидарро таҳрим кард, ва ин ҳамон қурбоние аст, ки дар ояти 103 сураи моида омадааст. 

 

Дар ойини Масеҳият низ ба акидаи Исавиён курбонӣ мунҳасир ба шахси Масеҳ буда, мегуянд ҳазрати Исо (ъ) хун ва гушти худро фидои мардуми ҷаҳон кард, ва ба ҳамин муносибат яке аз фуруъи дини насоро он аст, ки моҳе як мартаба ва ё ҳадди ақал соле як бор назди кашиш (соҳиби калисо) бираванд ва қадри имкон ваҷҳе ба вай тақдим доранд ва ба тамоми гуноҳони муртакиб шудаанд иқрор кунанд то кашиш, ки ба ақидаи онон ҷанбаи ғаффорият дорад, он гуноҳонро биёмурзад. Ҳатто аъроб дар замони ҷоҳилият, ки сарони қабоил ба макка меомаданд барои бутҳои хеш курбонӣ мекарданд. 

 

Қурбонӣ кардан дар дини ислом ҳамҷун суннати Иброҳим (ъ) омадааст. Ҳамаи мусулмонон медонанд, ки ҳадафи қурбонӣ кардан дасти ёрӣ дароз кардан ба фақирон ва мустамандон аст, ки ин нишон аз буъди иқтисодии ин маросим аст. Ва дар шахсияти инсон эҳёи руҳи фидокорӣ, исору истиқомат ва иҷтиноб аз тафохурро меомӯзад.  

 

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                                   Наботов М.

 

Яндекс.Метрика