ОМӮЗГОР –РАВШАНГАРИ РӮЗГОР ВА САОДАТБАХШИ ИНСОНИЯТ

Паёми табрикии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Устодону омӯзгорони азиз ва кормандони гиромии соҳаи маориф!

Иди касбии аҳли маорифи кишвар - Рӯзи омӯзгор, ки ҳар сол оғози моҳи октябр дар Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, дар даврони Истиқлолият мазмуну моҳияти баланд касб намудааст. Ин рӯзи фархунда ҳамасола дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи ихлосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмату фидокориҳои муаллимону мураббиён, устодон ва тамоми аҳли маориф ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар ин, бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи аҳли мактабу маориф – Рӯзи омӯзгор аз номи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию умри дароз, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи пуршарафи таълиму тарбияи шогирдон комёбию пешравиҳои бузургро таманно дорам.

Рӯзи омӯзгор муборак, устодону омӯзгорони азиз!

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика