ОНҲО, КИ ТАЛАБГОРИ ХУДОЕД, ХУДОЕД!

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!
Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед,
В-андар талаби гумшуда аз баҳри чароед?
Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед,
Ҷибрили аминеду расулон шумоед.
Дар хона нашинед, магардед ба ҳар сӯ,
Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед.
Зотеду сифотеду гаҳе Аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед.
Хоҳед бубинед рӯҳ андар рӯҳи маъшуқ,
Зангор зи ойина ба сайқал бизудоед.
Ҳар разм, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он разм сазоед, сазоед!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика