Он чи ҷамъ созад парешонии моён ваҳдат аст !

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми сарбаланд ва ваҳдатофар дар саросари кишвар ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки нидо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз сулҳу субот дарак медиҳад. Ваҳдати миллӣ дар рӯзгорамон, дар ватани азизамон тантана мекунад.

Миллате, ки ваҳдату истиқлолро бо ҳам дорад, миллати хушбахт аст. Тоҷикон хушбахтанд, ки ҳар дуи ин меваи хушбахтӣ насибашон гаштааст:
Бале, шукрона аз он мекунем, ки Ватани ободу зебо дорем, Ватани озоду соҳибистиқлол, фазояш орому пур аз накҳат осмонаш ситоразору нилгун, маромаш сулҳу ободӣ ва озодӣ. Ватани мо табиате дорад нотакрор, ки оламиёнро мафтун кардааст. Чун накҳати гулҳояш машомро атргин месозад, чун рангорангии табиаташро менигарем, чун садои обҳои мусаффояш хаёлро шодоб месозад ва чун ҳар дам ҳавояшро нафас мекашем, хеле масрур мегардем, мурғи илҳом ба нағма меояд.

Халқҳоро баҳри парвоз беҳ зи ваҳдат бол нест,
Миллатеро давлати беҳтар зи истиқлол нест.

Бояд тазаккур дод, ки таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардум уро дастгирӣ намуданд. Дар ҳақиқат фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа кор ва фаъолият менамоем.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 28 соли Ваҳдати миллӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад.

Бигзор, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки мамлакат гардад!

Бигзор, Ваҳдати миллӣ, ки пайки ҷовидонист то абад устувору поянда бошад!

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика